Бахшҳо

Ҷамолиддин Амонуллозода дар бораи шиа ва Қаззофию Ҷаноби Олӣ

Ҷамолиддин Амонуллозода, сархатиби ноҳияи Рӯдакӣ ва писари марҳум Амонуллоҳ Неъматзода -- муфтии пешини Тоҷикистон аз зуҳури мазҳаби шиа дар кишвар шадидан нигаронӣ карда, аз сокинон хост, ба гуфтаи пайравони ин равия гӯш надиҳанд.

Амонуллозода дар намози ҷумъаи 31 январ дар маҳаллаи Оқтоқи ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, “ҳоло шиаҳо баромада, мардумро аз мазҳаб бемазҳаб мекунанд ва мо набояд ба гуфтаҳои онҳо гӯш кунем.” Ӯ аз суханони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон иқтибос оварда таъкид кард, ки сокинони кишвар ҳамагӣ бояд аз мазҳаби Ҳанафия пайравӣ кунанд: “Ҷаноби Олӣ мегӯяд, мо пир дорем, мо имоми Аъзам дорем!”

Инчунин, сархатиби ноҳияи Рудакӣ аз сокинони Тоҷикистон даъват кард, аз доштани чунин раҳбари сулҳовару сабти номшуда дар гуруҳи 500-нафараи мусулмонони бонуфузи ҷаҳон шукрона карда, танҳо ба гуфтаҳои ӯ гӯш диҳанд: “Ҳоло мо набояд, ба гуфтаи бархе аз муллову эшоне, ки як бор мардумро гумроҳ карда буданд, гӯш диҳем. Ба мо касе сулҳ овардааст, бояд танҳо ба гуфтаи ӯ амал кард.”

Писари муфтии пешини Тоҷикистон аз нооромиҳои солҳои 90-уми кишвар ёдовар шуда, гуфт, аз доштани сулҳу суботи кунунӣ дар кишвар бояд шукрона кард, то дубора гирифтори он рӯзҳое, ки ба қавли ӯ гӯиё занони тоҷик ба хотири нон танфурӯшӣ кардаанд, гирифтор нашуд: “Як бор ношукрӣ кардем, дар чӣ балоҳо задем, ҳама аз ин мардум безор шуданду гурехтанду рафтанд. Ин рӯзҳое буд, ки занҳои мо барои як нон занакии худро медоданд. Ин ҳама дар пайи як фитна ба миён омада буд.”

Сархатиби ноҳияи Рӯдакӣ дар шарҳи ин суханронии худ вазъи бархе аз кишварҳои арабиро мисол оварда, аз Муаммар Қаззофӣ, раисиҷумҳури пешини Либия, ки бар асари норозиигии сокинони ин кишвар аз ҳукумати ӯ даст ба муборизаи мусаллаҳона зада, кушта шуда буд, қадрдонӣ кард. Ӯ гуфт, Муаммар Қаззофӣ дар ҳаққи дини Ислом хидматҳое зиёде кардааст. Вале ба қавли ӯ, бо ворид шудани равияи Салафия ба ин кишвар ҳукумати ӯ сарнагун гашт: “Бо даъвати ин марди хирадманд, мо ҳамроҳи падарам ҳар сол ду бор ба Либия сафар карда, дар нишасти уламои тамоми ҷаҳони Ислом иштирок мекардем. Ин мард дар ҳоле аз курсии раёсат барканор ва кушта шудааст, ки дар ҳаққи Ислом хидматҳои зиёде кардааст. Аммо бо ворид шудани мазҳаби салафӣ ин давлат пош хӯрда чӣ қадар клет шуд!”

Номи Ҷамолиддин Амонуллозода тайи ҳафтаи охир мешавад, ки дар сархати расонаҳои хабарии кишвар қарор дорад. Як ҳафта пеш дар Ютуб (YouTube) наворе бо номи “Ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ” гузошта шуда буд, ки мавриди баҳси зиёди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтааст. Асли баҳс сари ин аст, ки наздикони Ҳоҷӣ Қурбоналӣ аз рӯи васияти падарашон барои гузоштани намози ҷаноза Эшони Нуриддинҷон, яке аз рӯҳониёни шинохтаи кишварро, даъват кардаанд. Вале Ҷамолиддин Амонуллозода, писари муфтии собиқи Тоҷикистон, монеи пеш гузаштани ӯ мегардад ва мегӯяд, “Ҳазрати Эшон, ин ноҳия соҳиб дорад. Дар куҷое аз ноҳияи Рӯдакӣ намози ҷаноза аст, касеро намемонам, худам мехонам.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Дилошуб
"Вале Ҷамолиддин Амонуллозода, писари муфтии собиқи Тоҷикистон, монеи пеш гузаштани ӯ мегардад". Яъне чи? Бехтар нест, ки бигуем, "монеи имоматии у дар намози чаноза мегардад"?!!!

abdullon
domulo amonulozoda shumo agar az asli shariat xabar medoshted insuxanhoro namegufted in suxanhoi shumo suxani yak mardi avomast zero shumo shaxse hastedki xojahoton ji guyad hamuna mekuned na gufti allohro

сокини рудаки
Кумита бо ин муллои реклама кардагиаш шарманда мешавад. кариб аст ки у ба чои Мукаррам раиси шуро шавад Мукаррам корашро анчом дод ва дигар Хликов уро чашми дидан надорад ва ин мардкро акун сари забонхо ва рузе ба мансаби раиси шурои уламо мешинонанд.

хаким
хамин сухбатхои чамол худуш мардумро гумрох мекуна наход масчитда гапи Худора нею хукумат гапзани кори ту чи мардум гапи кира гуш мекуна мардум худуш медона гапи кадом мулора гушкуна кадома не ту мардумда кадрам надори

хамин сухбатхои чамол худуш мардумро гумрох мекуна наход масчитда гапи Худора нею хукумат гапзани кори ту чи мардум гапи кира гуш мекуна мардум худуш медона гапи кадом мулора гушкуна кадома не ту мардумда кадрам надори

Абдуллоҳ
модарону хоҳарони муқаддаси миллати ТОҶИК ҳеҷ гоҳ ин корро накарданд
агар аз шариат ва мазҳаби эмом Абу Ҳанифа буе мебурдӣ ин гапҳои аҳмақонаро аз минбари муқаддаси масҷид намегуфтӣ.
марг бар он намозхонҳое ки ба ту иқтидо карда намоз мехонанд. Ягон намозат қабул нест ҳамаи мардуми Оқтоқ намозашонро дубора хонанд!

Точик
инам ранги раиси шурои уламо гапхои бемаъни зада обруи худашро резонида истодааст. Бехабар аз он, ки:
Хар ки бо душмании халк равон аст чу бахр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад...
ва ба кавли дигар бузургвор:
Бетамизихои мардум аз сухан пайдо шавад,
Пистаи бемагз агар лаб во кунад, расво шавад.
Акнун мардуми моро тамоман ахмак хаёл кардааст ин: Каззофи дар охири умраш аз акл бегона шуда худро дар радифи паёмбар ва хазрати Исо (наузанбиллох) гузошта буд. Авлодакаш бошанд Либияро ба ООО Либия табдил дода буданд ва хуни мардумро мемакиданд. Ба хар хол он чо маводи озука ва манзил арзон буду ба ин хам нигох накарда сарнагунаш карданд.
Дарси Либия барои сарварони мост на барои мо.

Ин Амонулоххххххх зода чаро дуруг мегуяд аз 500 Мусулмонони бонвфузи дуне чаноби олиро хат заданд

Чои таачуб нест, ки тафаккури сархатиб чунин аст. У мутобики зехнаш ибрози назар мекунад, ки созгор бо зехни омма хаст. Агар мизони зехнии ин мардум аз зехни ин сархатиб боло буд, у хеч гох ба ин маком намерасид. Мо он сахатибонеро дорем, ки сазовораш хастем.

МУХЛИС
ТОЧИДАРАЧА ИН ЧАМОЛИДДИН БЕСАВОДУ БЕНОМУС БУДАНША БА ТАМОМИ МАРДУМИ ТОЧИК НИШОН ДОД.АЗ СУХАНХОИ У МАЪЛУМ АСТ КИ ЯК ШАХСИ ЛАГАНДБАРДОРУ ХОИНИ ДИН МЕБОШАД.ЧИХЕЛЕ ИН БЕНОМУС КАЙД КАРДААСТ ,КИ ЗАНХО ДАР БАРОИ НОН ШУДА НОМУСИ ХУДРО ФУРУХТАНД.ХУДИ ИН БЕНОМУС БАРОИ МАНСАБУ ПУЛИ ХАРОМ ИМОНУ,ДИНУ,МИЛАТУ ,НОМУСАШРОХАМ МЕФУРУШАД.ВОЙ БА ХОЛАТ ШАРМАНДАИ БЕНОМУС.


ТОЧИДАРАЧА ИН ЧАМОЛИДДИН БЕСАВОДУ БЕНОМУС БУДАНША БА ТАМОМИ МАРДУМИ ТОЧИК НИШОН ДОД.АЗ СУХАНХОИ У МАЪЛУМ АСТ КИ ЯК ШАХСИ ЛАГАНДБАРДОРУ ХОИНИ ДИН МЕБОШАД.ЧИХЕЛЕ ИН БЕНОМУС КАЙД КАРДААСТ ,КИ ЗАНХО ДАР БАРОИ НОН ШУДА НОМУСИ ХУДРО ФУРУХТАНД.ХУДИ ИН БЕНОМУС БАРОИ МАНСАБУ ПУЛИ ХАРОМ ИМОНУ,ДИНУ,МИЛАТУ ,НОМУСАШРОХАМ МЕФУРУШАД.ВОЙ БА ХОЛАТ ШАРМАНДАИ БЕНОМУС.

Дурусттар мешуд агар аз фармудахои ОЛЛОХ иктибос меовардед.((((((((((((((((((

Эрач
Муллои бесавод . Сиёсатро намефахми ва сарфахм намерави аз сиёсат харф мазан. Мардуми Ливия барои он мукобили Муаммар Каззофи баромаданд,ки у сиёсати худкомагиро пиёда кард. Яъне диктатор шуд.
Холо боз савол медихи,ки диктатораш худаш чи ё ки?

дар хакикат бесавод будааст ту кучову сиесат кучо аз гуфтахои у маро шарм омаду дар наздам хеч кас нест

хайфи ту барин мусалмон, ки садхо нафра аз кафои ту иктидо мекунанд.

муин
шумо дигар кор надоред ки мавъизахои амонулозодаро пайгири мекунед мард бошед бахси мулозода ва эшни нуридинро ки дар ютуб аст чоп кунед

точикбача
Ин чалолак як косалесе мебошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)