Бахшҳо

Фейк ё номҳои дурӯғин дар Фейсбук. Кӣ дар хидмати кӣ?

Маҳастии ДӮСТМУРОД

Дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ шумори фейкҳо (fake – қалбакӣ, дурӯғин), ба мисли Насиба Қосимоваю Ватандӯсту дигаро, зиёд гардидаанд. Баъзан, ин “муштариёни номаълум” дар платформаҳои гуногуни шабакаи иҷтимоии Facebook маълумоти таҳқиромез дар бораи сиёсатмадорон, рӯзноманигорони мустақил ва роҳбарони мухолифин пахш мекунанд.

Ин ашхоси ба истилоҳ “фейк” ба манфиати кӣ фаъолият доранд? Оё кори онҳо маблағузорӣ мешавад? Агар маблағгузорӣ шавад, аз кадом ҳисоб? Ҳадафи онҳо чист? Хабарнигори “Озодагон” посухи ин суолҳоро аз чанд хабарнигору коршинос пурсид, ки хулосаи он пешкаши Шумо мешавад.

Олга ТУТУБАЛИНА, муҳаррири нашрияи “Азия-Плюс”:
“Зиёд шудани теъдоди фейкҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ матавонад бар пояи сабабҳои гуногун ба вуҷуд биёяд. Албатта, ин пӯшида нест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, паси чеҳраи фейкҳо, намояндагони мақомот фаъолият мекунанд. Инчунин аз номи сиёсатмадорон, рӯзноманигорони мустақил ва занҳои хонашин саҳифа кушода, маълумоти гуногун дар платформаҳо ва тариқи почтаи электронӣ пахш мекунанд. Ба фикрам ин табиист, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар кас мувофиқи хости худ истифода мебарад”.

Адҳам МИРСАИДОВ, роҳбари “Созандагони Ватан”-и ҲХДТ:
“Шабакаҳои иҷтимоии интеретӣ майдони боз барои баёни фикр аст. Дар майдонҳои кушод бошад, ҳар кас фикри шахсии худро баён мекунад – ин фейк аст ё шахси воқеӣ.”

Раҷаби МИРЗО, раҳбари Маркази назарсанҷии “Бозтоб”:
“Фейкҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоии интернет маълумоти гуногун пахш мекунанд, трайлерҳо ном доранд. Трайлерҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: 1) шахсони алоҳида тайёркардаи амният; 2) трайлерҳои корозмуда. Трайлерҳои касбӣ беист кор мекунанд ва барои фаъолияти худ пули зиёд мегиранд. Дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ трайлерҳое барои поймол кардани шаъну шарафи сиёсатмадорони мухолиф ва симоҳои машҳури ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолият мебаранд, ки профессионал нестанд ва чи тавре, ки Бег Зуҳуров гуфта буд, танҳо “ватандӯст” мебошанд. Постҳо ва ҷавобияҳову маълумоти шахсии симоҳои машҳури ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки трайлерҳо дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ пахш мекунанд, ҳуҷуми психологӣ мебошанд, ки ба манфиати шахсҳои паси экрани компютерӣ анҷом мешавад”.

Ойниҳол БОБОНАЗАРОВА, роҳбари созмони “Перспектива +”:
“Се-чор сол пеш, аз сабабе ки муштариёни шабакаҳои иҷтимоӣ на он қадар хуб фарқ мекарданд, ки кӣ чи аст, одамоне ки сабти ном шудаанд фиреб мехӯрданд аз дӯсти бо ин гуна муштариёни фейсбук. Имрӯз бошад, дар давоми солҳо, аз таҳлилҳои гузаронида ҳама медонанд, ки он фейкҳои дар дӯстӣ будаашон, бо ному насаби сохта бо онҳо муошират мекунанд. Бархе аз фейкҳо аз органҳои махсус низ мебошанд, аммо аз фаъолияти онҳо ба касе манфиат намерасад. Ба наздикӣ аз номи худи ман, дар Фейсбук навиштаанд, ки: “Як ваҷаб хоки Тоҷикистонро ман ба ҳеҷ кас намедиҳам, агар лозим бошад мо занҳо яроқ мегирем ва меҷангем.” Аммо ман ҳеч гоҳ аз яроқ сӯҳбат накардаам ва намекунам. Ин амали фейкҳо монанди як мушт ба ҳаво мебошад. Таъсире ва фоидае надорад. Беҳтарин чиз ин аҳамият надодан ба он навиштаҳои фейкҳо аст.”

Абдуқаюми ҚАЮМЗОД, дабири нашрияи “Ҳафта”:
“Он фейкҳое, ки барои як нафарро назди мардум паст задан, таҳқир мекунанд ва дашном медиҳанд, кори хубе нест. Мо ҳаргиз наметавонем, гӯем, ки аз тарафи кӣ ва чӣ маблағгузорӣ мешаванд ва далеле низ надорем, то гӯем, ки ин фейкҳо коргарони амниятӣ мебошанд. Ҳар он чизе ки дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз номи шахси номаълум паҳн мешавад, ба номаҳои беимзои замони Шӯравӣ монанданд. Ҳадафи ин ҳама паст задани шаъну шарафи як шахс дар ҷамъият асту бас.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Бахудо рост мегуед, якта Мерочидини касофат хай бисёр асаби мекунад мардумро. Ва тарзи навишташ намедонам бо кадом забон бошад "Лакайский- ё Уйгурский ё намедонам кадом забон бошад.
мисол: "Ман чекооо оллпакмоо рпаппоо орпаппр Файзинисооооооооо мемарррооорррллоооооо."
Хичи фахмидед????

Чура
“Шабакаҳои иҷтимоии интеретӣ майдони боз барои баёни фикр аст. Дар майдонҳои кушод бошад, ҳар кас фикри шахсии худро баён мекунад – ин фейк аст ё шахси воқеӣ.” Гуяндаи ана хмин гап худаш яке аз онхо аст. сад дар сад.

Барои чи дар ин маколаат расми сарвари давлатро оаврдаи максад аз оварданат ба касе маьлум нест. Махасти ном дорию ба мазмуну мундарича ва мухтавои сухан сарфахм намерави. Вакте ки расми як шахс барчастаро дар навиштачодат нишон медихи хатман дар борааш бояд чизе гуи вале ту боши хамту расмро гузоштаи дар бораи ким кадом мардуми бе ному нишон сухан мерони.... АЗ МАЬМУРИЯТИ ИН РУЗНОМАИ БОНУЗФУЗ ХАМЧУН ЯК ШАХРВАНДИ ОДДИИ ШАХРИ КУЛОБ ЭХТИРОМНОНА ХОХИШ МЕНАМОЯМ КИ БА НАВИШТАХОИ ЗЕРДАСТОНАТОН ЧИДДИ ДИККАТ НАМУДА БАЬД АЗ ТАХЛИЛХОИ БОШУУРОНА БА ЧОП ДИХЕД. Обруи ба мушкили касб намудаатонро ба осони аз даст надихед.
АГАР ЧОП КУНЕД ХЕЛЕ МИННАТДОР МЕГАШТАМ ВА АГАР НЕ БА МАХАСТИ ФАХМОНЕД КИ БО ....МАСТИ.... СУХАН НАКУНАД ЗЕРО МАСТИ БА ПАСТИ МЕБАРАД.

"Шабакаи ичтимои" ин чи гуфтани гап аст наход як точики асил пайдо нашуд ки хамон "социальные сети"-и русиро дуруст тарчума кунад социальность- ин факат бо хамин ичтимои дигар махдуд аст гуфта намешавад барои мисол "Шабакаи чамъияти" гуфтан бехтар аст аз шабакаи ичтимои гуфтан

Бародар Каёнуш оё "чамъияти" -"общественный" тарчума намешавад? Барои хавай тарчумаи шабакахои ичтимои сад дар сад дуруст аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)