Бахшҳо
02 фев 2014 19:38Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Эътирофи Эҳсонулло ва хабари таҷовузи навҷавонон аз сӯи Толибон

Идораи амнияти миллии Афғонистон бо нашри эъломияе гуфтааст, навҷавонон дар гуруҳи Толибон аз сӯи қумондонҳо мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор мегиранд.

Дафтари матбуоти ин ниҳод рӯзи якшанбеи 2 феврал эълон кардааст, ахиран фармондеҳони Толибон дар вилояти Майдон Вардак ба ҷалби иҷбории навҷавонон иқдом кардаанд. Ба қавли манбаъ, гуруҳи Толибон ин навҷавононро мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор дода ва сипас аз онҳо дар минагузории канори роҳ истифода менамудаанд.

Дафтари матбуоти Идораи амнияти миллии Афғонистон гуфтааст, Эҳсонулло -- писари ҳабдаҳсола, як узви гуруҳ, ки ахиран боздошт шуд, дар ҷараёни таҳқиқоти пешакӣ эътироф кардааст, ки чандин бор аз сӯи Нур Оғо ва Фарид -- қумондонҳои Толибон дар вилояти Майдон Вардак мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтааст.

То ҳол Толибон дар ин бора изҳорот надодаанд, вале пеш аз ин чандин иддао аз сӯи Идораи амнияти миллии Афғонистонро танҳо як овоза хонда буданд.
Мӯҳр
Саидзода
Хама медонанд ки ин рафтор чи кадр касофат ва гайри инсони аст, вале чолибаш ин аст ки душманони ислом бо як тир ду фохтак мезананд. як ин ки ислом ро бад мекунанд дуввум ин ки мусалмонон дар бадкунии ислом ва таблиги онхо шарик мешаванд.
дустони Озодагон ба хотири Аллох ин мавзуъро дур партоед ва дар таблиги бадбини ба дини ислом шарик нашавед.

Аз руи хамин бачабози дар Авгонистон факат чанг аст зиёдашон хамин корро мекунанд

Яъкуб.
Ба суханони бародар Саидзода мувофикам.Чихеле,ки дар Точикистон хам ин коро карданд.Максади ин Хукумат бо чунин рох бад кардани Ислом хаст.

акаи Саидзода ташакур ба шумо ман афсус мехурам ки хукуматдорони мо то хол ба ин мавзуь сарфа намераванд

АРДАШЕР
Ин толибон исломро хеч гох намефахманд-максади онхо на ислом балки панпаштунизм хаст-на чизи дигар.

Солим
Бо акидахои бародар Саидзода розиям. Набояд ин кори шум таблиг шавад. Оё ин хакикат дорад ё на-тахкики бевосита мехохад.

Хакгуй
Бародарон Саидзода ва Яъкуб!Аенро хочат ба баен нест!Ин маводе,ки нашр шуд,таблиг не,хушдор аст,ба маънои дигар "адаб аз кй омухтй,аз беадабон"!"Озодагон" касеро ба чунин амал даст задан мачбур накардааст,нашри ин хабар ва бахусус нашр ба забони точикй,ки барои бештари бегонагон нофахмо аст,нафъовар аст,на зиеновар(он тарафашро худатон мефахмед)!
Он чизе,ки баъзехо навиштаанд,ки Хукумат исломро бадном месозад,розй нестам!Бачабозй магар кори хуб аст,ки бархе аз хамзабонони мо мекунанд?!Е шояд шумо ба он ишора доред,ки солхои охир пайравони мазхабхои барои гузаштагони мо бегона зиед шудаву ошкоршудагон паси панчара рафтаанд?
Агар чилави ин амали онхо гирифта нашавад,окибати бади ташвикотхои бемаънии ин домуллобачахоро бо чашми худ хохед дид!Худованд моро аз ин рузхо нигах дораду аз таълимоти мазхаби Имоми Аъзам рахматуллох алайх бенасиб нагардонад,омин!

вали
инхо ифлос набошанд бар зидди якдигар мечанганд дар урфмят гуфтаанд муллоро гуфтаашро бикуну кардаашро накун тафсри дигар зарур нест чанобон арабзодахо.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)