Бахшҳо

Баландтарин бинои 15-ошёна дар шаҳри Қӯрғонтеппа бунёд мегардад

Бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10-уми август дар шаҳри Қӯрғонтеппа чанд иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ ёфта, ба сохтмони якчандтои дигар оғоз бахшида шуд.


Тавре ба «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд,
Эмомалӣ Раҳмон нахуст осорхонаи вилоятиро кушода, бо намунаҳои осори таърихию фарҳангии ҳудуди вилояти Хатлон аз наздик шинос шуд. Дар паҳлўи осорхона, ҳамчунин китобхонаи вилояти Хатлон ифтитоҳ ёфт, ки дар он 30 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Ин китобхона бо дастуру   ҷаноби Раҳмон бунёд ёфта, дорои толорҳои нигаҳдории китобҳо, толори китобхонӣ бо 250 ҷойи нишаст ва бахши китобхонаи электронӣ мебошад.Дар маҳаллаи «Дўстии халқҳо»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки президент   як кўдакистони хусусӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои таълиму тарбияи  330 нафар кўдакон пешбинӣ шудааст.

Манбаъ афзуд, дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон як меҳмонхонаи 5 – ошёнаи замонавӣ бо шароити сатҳи байналмилалӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки бо харҷи 5,2 миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои қабули 100 меҳмон пешбинӣ шудааст. Дар кўчаи Садриддин Айнӣ бошад, президенти Тоҷикистон ба сохтмони як бинои 15 –  ошёнаи истиқоматӣ оғоз бахшид, ки он баландтарин бино дар вилояти Хатлон хоҳад буд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар ҷараёни сафарҳояш ба вилояти Хатлон раисиҷумҳури Тоҷикистон аз навоҳии Бохтар, Ховалинг, Мӯъминобод, Балҷувон дидан кард.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)