Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 апрел 2019, 11:06

Вакилони Зайд: "Фаттоҳ Саидовро ба додгоҳ мекашем"

4 феврал 2014, 15:52

Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав, иддао доранд, ки Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ, дар нишасти хабарияш дар ҳаққи онҳо ҳарфҳои беасос гуфтааст. Вакилон дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳоло қасд доранд, аз болои Фаттоҳ Саидов ба додгоҳ шикоят бубаранд, то мӯй аз хамир ҷудо гардад.

Фаттоҳ Саидов (Абдуфаттоҳи Ғоиб) рӯзи 4 феврал дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ташхиси ДНК-и Зайд Саидовро, ки муфаттишон ба додгоҳ пешниҳод кардаанд, 99,9 дарсад дуруст аст. Дар мавриди он ки вакилони мудофеъ навори масъулини “Био Папа”, масъули ташхиси ДНК-и Зайд Саидовро, пешниҳод карда, нишон доданд, ки хулосаи ироакардаи муфаттишон тақаллубӣ аст, Фаттоҳ Саидов изҳор дошт: “Ин кори дасти вакилон аст, ки бо ин роҳ мехоҳанд, ба наздикони Зайд нишон диҳанд, ки кор карда истодаанд. Зеро мо медонем, ки 9 моҳ боз адвокатҳо ҳатто субҳонаро дар хонаи Зайд Саидов мехӯранд.”

Аммо Исҳоқ Табаров, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов дар шарҳи ин гуфтаҳои раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ гуфт, “шахсан ба ”Био Папа” муроҷиат кардам ва онҳо он нусхаеро, ки ба муфаттишон додаанд, ба ман низ нишон доданд. Дар он падари фарзанди гӯиё ҷабрдида будани зерҳимояи мо куллан рад шудааст.”

Зайд Саидов баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони Нав” боздошт шуд. Додгоҳ моҳи декабри соли гузашта, баъд аз ҳафт моҳи боздошташ, ӯро дар қаллобӣ, сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус муҷрим шинохта, барои 26 сол равонаи зиндон кард. Вакилони мудофеи Зайд Саидов мегӯянд, то ҳол нусхаи ҳукми додгоҳро дарёфт накарда, додрас Шавкат Абдулхайров ба онҳо шарт гузоштааст, ки танҳо дар сурати ифшо накардани ҷузъиёташ ҳукмро ба онҳо хоҳад дод.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • довар

  • 4 феврал 2014 16:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ранге, ки Фаттох Саид рост мега, бурутои ин адвокатхо ранги руган кардагияй!!!!!!!!!!!!!
Посух додан
  • ба довар

  • 4 феврал 2014 20:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
довар,
мисли Шумо доварон ки хастанд Точикистон аз ин ботлок хечвакт рахо намешавад. то кай хасуд ва харис мемонед, доварбой?!
шарм хам хуб чизе аст
Посух додан
  • ДАЛЕР.

  • 4 феврал 2014 20:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ИН БЕЧОРАРО БЕИМОНХО ИНКАДАР ЧАБР КАРДАД.
Посух додан
  • banda

  • 4 феврал 2014 21:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар вокеан хамин корро кунед саидро ба суд дода тонед. Вокеан адолат дар точикистонро нишон хохад дод
Посух додан
  • odam

  • 5 феврал 2014 02:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
IMRUZ DAR JOMEAI TOJIK MARD BUDAN NA FAKAT PUSHIDANI SHIMU DOSHTANI BURUT, BALKI DILU JIGAR DOSHTAN NAMUNAI MARDIST. OFARIN BA IN MARDOI ADVOKAT KI IMRUZ NA HAR KAS ZIDDI FATTOX SAID GAP ZADA METONAD.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ха-ха-ха-ха. Ба кадом додгох мурочиат мекунед? Ба додгохе, ки давлати асту дар итоати худи агенти аст?
Дар Точикистон додгох нест, додгох барои мо точикон танхо дар он дунё хаст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бовар кунед хамин бози адвокатхою корупция тамоми мардума дилтанг кад
Наход барои як комиссияи муштарак иборат аз ду нафар акалан намояндаи корупцияву адвокати саидов барои аники хамин ташхис икадар мушкил бошад ки якбора нукта гузори када дар байни мардум ки хаку ки нохака нишон дод то кая сруди да ипара ту шиштай да ипара ма ере ра мехоне
Посух додан
  • инсоф

  • 5 феврал 2014 17:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аз хамин сурати заид саид дар интернет безор шудем хохиш расмоша гиред

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!