Бахшҳо

Барзу Абдураззоқов дар театри “Чингиз Айтматов” ба кор оғоз кард

Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи театри тоҷик, ки ахиран Тоҷикистонро ба қасди зиндагӣ дар Қирғизистон тарк карда буд, дар яке аз театрҳои ин кишвар ба кор қабул шудааст.

Бар асоси иттилои расонаҳои қирғизӣ, Абдурразоқов расман рӯзи 27 январи соли ҷорӣ фаъолияташро дар театри ба номи “Чингиз Айтматов”-и шаҳри Бишкек оғоз кардааст. Александр Кулинский, раҳбари театри “Чингиз Айтматов”, дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, “бахти мо баландӣ кард, ки чунин коргардони шинохта ба монанди Барзу ба театри мо ба кор омад.”

Кулинский мегӯяд, омадани Барзу ба театри онҳо гоми нахустине барои рушди ин соҳа дар Қирғизистон хоҳад буд: “Бисёре аз театрҳо майли ба кор гирифтани ӯро доштанд, чун Барзу собиқаи бой дар театрро дорад.” Раҳбари театри “Чингиз Айтматов” таъкид кардааст, ки Барзу Абдурразоқов ба ҳайси коргари расмӣ дар ин театр фаъолият карда бо манзили зист низ таъмин хоҳад шуд. Худи Барзу Абдураззоқов ҳам гуфта, ки намоишномаи нахустини ӯ дар театри "Чингиз Айтматов" моҳи марти соли ҷорӣ пешкаш хоҳад шуд.

Ин коргардони шинохтаи театри тоҷик баъд аз зуҳри 26 январи соли ҷорӣ Тоҷикистонро ба қасди Қирғизистон тарк кард ва наздикони ӯ гуфтанд, Барзу барои кор ва зиндагӣ ба шаҳри Бишкек рафтааст. Далели тарки Тоҷикистон кардани коргардони маъруфро ба он рабт доданд, ки дар театрҳои кишвар ӯро ба кор нагирифтаанд. Абдураззоқов яке аз коргардонҳои шинохтаи Тоҷикистон аст, ки дар гузашта раҳбарии Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Театри ҷавонон ба номи Маҳмуди Воҳид дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Шамсиддин Орумбеков, вазири нави фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи 27 январ тайи як нишасти хабарӣ дар мавриди тарки Ватан кардани Барзу Абдураззоқов изҳори назар кард ва гуфт, “ин ҳаққи шаҳрвандӣ ва хоҳишу интихоби худи Барзу аст.” Орумбеков афзуд, Абдураззоқов боре ҳам барои кор ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон муроҷиат накарда ва дар мавриди кор бо вазир мулоқоте ҳам надоштааст. Ин дар ҳолест, ки Маҳмадсаид Пиров, муовини аввали вазири фарҳанг, илова кард, ӯ бо Барзу сӯҳбати тӯлонӣ дошта ва аз нияти барои кор ба хориҷа рафтанаш огоҳ будааст: “Ин таҷрибаи ҷаҳонӣ аст, ки мутахассисони хуб барои кор ба хориҷа мераванд. Мо ҳам барои ҷалби коргардонҳои маъруфи хориҷӣ маблағи кофӣ дорем. Барзу ҳам дар асоси шартнома кор мекард ва рафтан ба Бишкек ин интихоби ӯст. Барзу агар аз мост, ӯ бармегардад."

Пиров бо зикри он ки Барзу Абдураззоқов ба Қирғизистон рафтааст, таъкид намуд, "ӯ ба ягон дунёи дигар нарафтааст". Муовини аввали вазири фарҳанг афзуд, “аз рафтани Барзу мо чизеро аз даст надодаем. Ин ҷо ягон тараф гунаҳкор нест. Рафтани Барзу Абдураззоқов ба нафъи мост, чун ӯ ҳамчун намояндаи Тоҷикистон фаъолият мекунад.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Sobir Dushanbe
Teatr gufta gashtem. Barzu yagon chizi nav ihtiro kunad ba misli IPHENE yo in ki yagon chizi hozirazamoni baroi hama zarur. Avval zindagi hub shavad bad ki yagon problema nabosha bad teatrtam mefora hamai chizam. Ozi ai teatram bezorum ai sheru surudam. Ba raftani iyam ziq namesham. Jahon dar holi taraqi ast Mo gashtem salavu kala guftavu sher hondavu maymubozi kada. Tovba Tojik ba i darajara qafo monda shudast ki az Mulloho mepursand ki Boboi Mulo agar salat bgalta bhora i chi mano dora?)) Manoi ira dora ki da kalat hok nest.

Охир устоди азиз мебахшеду чи мо аз рафтани хамин гуна шахси ботачриба ягон чизро аз даст намедихем. Шояд хамон инсон дар шахр хона надошт ё шояд мушкили моли дошт. Як маротиба аз хамон шахс ягон коркуни вазорати фарханг пурсон шудед. Ин гуна шахсон бисёранд дар Точикистон. Дар Киргизистон бо хона таъмин намудаанд. Баъдан ин ки дар Точикистон ба назди вазирон даромадан кори сахл нест.

Ватандуст
Мӯҳтарам кормандони шабакаи дӯстдоштаамон! Наход, ки дар Тоҷикистони азизи мо ба ғайр аз рафтани Б.Абдуразоқов мо ягон мушкилоти дигар надорем. Ман шахсан ин касро намешиносам, лекин ҳунарашро ҳурмат мекунам, аммо ашхоси ҳунарманди асил набояд ватанашро тарк намояд, бо ҳамаи каму косаш ин Ватани азизи мо аст, мо бояд баҳри ободии Ватанамон кӯшиш ба харҷ диҳем, набояд аз Ватанамон биранҷем. Ҳунарманди асил шуда аз Ватан-Модараш меранҷад ва каси дигарро ҳамчун Модар қабул мекунад. Эҳтимолияти ҳунарманд будани ин ашхос аз манфиатҷӯ ва ҳангомасоз будани онҳо зиёд аст, боқӣ таваккали ин гуна ашхос ба ОЛЛОҲ !

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)