Бахшҳо

Боздошту раҳоии Шарофиддин, ҳамкори собиқи Умаралӣ Қувватов, дар Испания (ВИДЕО)

Шарофиддин Гадоев, шаҳрванди Тоҷикистон ва аз ҳамкорони собиқи Умаралӣ Қувватов, ки мегӯяд, ҳоло дар Мадрид қарор дорад, рӯзи 2 феврали соли ҷорӣ аз сӯи Интерпол ё пулиси байналмилалӣ боздошт шуда, баъдан бо ҳукми додгоҳи Испания раҳо гардидааст. Ҷаноби Гадоев гуфт, далели раҳоии ӯ аризааш дар бораи дарёфти паноҳандагии сиёсӣ аз Испания будааст.

“Ҳангоми тафтиши ҳуҷҷат Интерпол маро боздошт кард. Баъдан, додгоҳи Испания қарор баровард, ки бояд дар озодӣ бошам. Чунки аз ин пеш ба ҳукумати Испания барои гирифтани паноҳандаи сиёсӣ ариза навиштам ва ҳоло ин муроҷиати ман аз тарафи мақомоти Испания баррасӣ мешавад”,-гуфт ӯ.

Боздошту раҳоии Шарофиддин, ҳамкори собиқи Умаралӣ Қувватов, дар Испания (ВИДЕО)Гадоев дар сӯҳбати кӯтоҳи худ тавассути Skype ба “Озодагон” далели талошҳояш барои дарёфти паноҳандагӣ дар яке аз кишварҳои Аврупоро фишору таҳдид ба ҷону молаш аз тарафи мақомоти Тоҷикистон арзёбӣ кард. Шарофиддин Гадоев, ки худро яке аз сармоягузорон ва раҳбари кулли ширкати “Голд Тур Транс” муаррифӣ кард, гуфт, мақомоти тоҷик ӯро бар асоси моддаи 282, қисми 1 ва 340-и Кодекси ҷиноӣ муттаҳам дониста, бар муқобилаш парванда боз кардаанд. “Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки гӯиё ман ба кишвар ҳудуди 30 автомошинаи боркаш ворид карда, дар гумрук нархи аслии онҳоро поёнтар нишон додаам. Дар муроҷиати ҳукумати Тоҷикистон навишта шудааст, ки гӯиё бо ин роҳ ман ба буҷаи давлат ба маблағи 200 ҳазор доллар хисорот ворид кардаам”,-илова намуд Шарофиддин Гадоев.



Ин шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, дар ширкати “Голд Тур Транс” ӯ бо Умаралӣ Қувватов, раҳбари Гурӯҳи 24, ҳамкорӣ дошт: “Дар ин ширкат 107 мошин буд, ки 80-тоаш аз Қувватов, боқимондааш аз ман буд. Мо асосан ба боркашонӣ аз Хитой ба Қирғизистону Тоҷикистону Афғонистон машғул будем. Вале, ба далели он ки мехостем баъзе корҳои сиёсӣ кунем, тағйирот кунем, ин ҳама тасарруф карда шуд.” Мусоҳиби мо мегӯяд, тибқи иттилои Боздошту раҳоии Шарофиддин, ҳамкори собиқи Умаралӣ Қувватов, дар Испания (ВИДЕО)доштааш, намояндагони мақомоти Тоҷикистон ҳоло ба наздикони ӯ, бахусус падару модараш, фишор оварда, талаб кардаанд, то фарзанди худро ба Ватан бихонанд. Оқои Шарофиддин гуфт, дар назар аст, дар рӯзҳои наздик мақомоти Испания ба ӯ паноҳандагии сиёсӣ бидиҳанд ва ӯ дар он ҷо боқӣ хоҳад монд.

Шарофиддин Гадоев худро хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муаррифӣ кард. Вай гуфт, ҳамагӣ ду соли пеш ба далели пеш омадани мушкил дар тиҷораташ, ки, ба қавли ӯ, ба наздикони раисиҷумҳур рабт мегирад, кишварро тарк карда буд. Вале то замони нашри хабар ягон ниҳоди расмӣ дар бораи қазияи Шарофиддин Гадоев изҳори назар накарда ва ҳам шарҳ надод, ки то куҷо гуфтаҳои ӯ ҳақиқатанд. Дар сурати пайдо шудани ҳаргуна хабари расмӣ онро интишор хоҳем дод.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ин одама ман якум доф аст, ки мебинам. Бовар кунед хамаи матбуоти Точикистонро дар ин 20-25 соли охир мехонам. Мегуяд, ки касди сиёси доштем Инаш дуруги соф аст. Мумкин ягон шиноси журналист бошад, чанд касро пурсидам, хеч кас дар бораи у ва нияти сиёсии у чизе намедонист. Дар бораи бизнесу тичораташ медонам

АССалому Алайкум Брат Шарофиддин. В принципе я нахожусь в Стокгольме. И я готов Вам помочь чем могу. В моей фирме есть сотрудник который работает переводчиком испанского языка. Если требуется помощь, то обращайтесь, не стесняйтесь -ПОМОГУ БЕЗВОЗМЕЗДНО ! Раками телефонта дар фейсбукм равон кун, ман худум зангут мезанум.Ё ки аккаунти худро равон кун, ман раками телефонма равон кунум.Бо камоли эхтиром Саиди Хасанзод. Панохут бар Худои Ч,аббор!
said_saidzade@mail.ru

тч
Шарофиддин аз нохияи Фархор мебошад. Рости бачаи бад нест. Лекин намедонам чи проблема шидай.

Хочи
Рахматулло ба маълумоти Шумо! Шарофиддин зодаи нохияи Фархор мебошад. Чияни Умарали Кувватов буда, якчоя бо номбурда ба сохибкори машгул буд. Аз фаъолияти сиёсии у ягон маълумот надорам. Якчоя бо Умарали Кувватов тахминан ду сол пеш аз Чумхурии Точикистон берун баромада, дар кофтукови байналмиллали карор доранд.....

yagon siyosatro in odam bu namebarad.durug meguyad.inho hukumata kidat kardand.

Jon
salom Sharofijun,

Megum bo yake zadavu adresta Said Saidzaderoo nadihii ki in odam ba fikram mashenik hast. Mekhohad joi zistii turoo yobad mazata gurezonad...

kasdi siyosi ne kasdi mutila va jangdozi bugu.kapaton duuuuud kardagiyai shumora.

tr
Халки мо хама вхмак шидагияй як одама намегиносвн хар гап меган. Оянла хамат медонен ки чихелай. Аму бачарам мефора дцр ай ватан. Модар зану фарзанл бошад. Хама ай пушти бизнесай.

komil
in bachaya man nagz meshinosam padarsh bo lakabi mirzoi nosfurush malum ast va az suhanonash malum ast ki az siyosat bu namebarad gapro bin mehostem baze korhoi siyosi kunem naho politik hamihel gap zanad xaxaxaxax az nohiyai farhor ast nosfursh politik shudast bad megan mo peshraft nemekunem o membra harkas kori hudsha kunad amu domullo sirojiddin rost gufta bud

перси принцесс
Держитесь ребята. Аллах вам в помощь.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)