Бахшҳо

Ҳимояти Назарбоев аз лағви пасванди тоҷикии “истон” аз номи Қазоқистон

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, зимни боздид аз мактаби Атирау пешниҳод кардааст, ки пасванди “истон” аз номи Қазоқистон лағв шавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қазоқистон Назарбоев дар мулоқот бо намояндагони омма изҳор доштааст, ки “дар номи кишвари мо пасванди “истон” чун дар номи дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад. Ин дар ҳолест, ки хориҷиён бештар ба Монголия таваҷҷуҳ доранд, ки ҳамагӣ 2 миллион аҳолӣ дораду дар номаш пасванди “истон” нест. Шояд вақти он расидааст, ки мо сари тағйири номи кишварамон ба “Қазоқ елӣ” (кишвари қазоқҳо) фикр кунем. Аммо пеш аз ҳама зарур аст, ки ин масъаларо бо мардум дар миён гузорем.”

Ин пешниҳоди Назарбоев дар ҳолест, ки қаблан Диас Азимҷонов, блогнавис ва ҳунарманди маъруфи Қазоқистон пешниҳод намудааст, ки номи ин кишварро иваз кунанд.

Ин блогнависи қазоқ дар сомонаи «onlinepetition.kz» сабаби қафомонии Қазоқистонро дар пасванди «истон»-и он арзёбӣ намуда, навиштааст, ”ман аз таҷрибаи худ дарк намудаам, ки дар бештар маврид моро бо кишварҳои ҷануби Осиё, аз ҷумла Покистон ва Афғонистон иштибоҳ мегиранд.”

Ба гуфтаи Азимҷонов ағлаби шаҳрвандони хориҷӣ миёни фазои сиёсии Қазоқистон ва кишварҳои зикршуда фарқ намегузоранд: «Мо ҳар чанд дар саҳнаи ҷаҳонӣ пирӯзиҳо ба даст оварда, ватани худро дар олам муаррифӣ кардан хоҳем, вале боз ҳам аз номи он кишварҳо меравад. Аз ин рӯ, бояд пасванди «истон»-ро аз номи кишвари худ дур кард.»

Блогнависи қазоқ дар идома номи наверо барои кишвараш бо чанд тарз пешниҳод намудааст. Аз ҷумла Kazakh Republic (забони англисӣ), Қазақ Елі (қазоқӣ) Казахская Республика (русӣ). Дар охир Азимҷонов зикр намуда буд, ки номи нав пеш аз ҳама боиси беҳтар гардидани имиҷи Қазоқистон ва ба даст овардани манофеи дигар, аз ҷумла афзоиши теъдоди сайёҳон ва бунёди ҷойҳои нави корӣ хоҳад шуд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Рустам
Хайр Нурсултон бояд номи худро хам иваз кунад, зеро ки Нур хам калимаи точикист...

Анакун бо ин кор давлати шумо пешмеравад не бояд боз хам андеша кард токи ..... давоммаш дар хабархои оянда

Аз як тараф дуруст. Барои чахони Гарб, махсус англосаксхо, минтакаи "Станхо" вучуд дорад, яъне кишвархое, ки анчомаи истон доранд. Дар тасаввури мардуми он тараф байни Покистону Казокистон чандон фарк нест. Вале хазор накунанд, барои мардуми ом Казокистон кишвари БОРАТ мемонад) Ин бечорахоро хам хачвгарон боб кардаанд )))
Ва вакте казокхо гумон мекунанд, ки бо як истонро лагв кардан мухтарам мешаванд, хато мекунанд. Онхоро баъди ин умуман Гарб фаромуш мекунад. Барои мисол: Австрия таърихи бузург дорад, ватани композиторхои сатхи чахони аст, аммо дар хама сувенирхояш махз барои амрикоихо менависад: "Австрия ватани кенгуру нест" )))

said
Рустам,
Barodar Rustam xato mekuni nur zaboni arabist man ham az janobi oli xohish mekunam ki ismi kishvaramonro
ba Tojiyon ivaz namoyad

Сафо.
Рустам,
Нур калимаи араби аст дустам.

фактоки андешахои хамаро хондам. сухани марди Бадахшони. ёдам омад. дар тв вакте номхои нохияхои худамон ро иваз кардан. нохияи гозималик ро тагир бо Хуросон кардан. мард як ханда кара. мегуяд какая разнитса. гозималик или зогималик оба адна птитца.

мехмон
Оличаноб !! Охиста охиста ин турко мугулхо бе калима мемонанд. Мисли гунгхо бо ишора якдигарро мефахмонанд. Чунки кариб 50% и калимахои форси ва 20% калимахои славяни забони онхоро ташкил медихад. Ачоиб нав фахмиданд , ки пасоянди ,, Истон " форсист !!!! Мегуянд ку худшиноси хуб хаст , аммо на барои узбаку казок. Чунки онхо худашонро мешиносанду забону лугаташон ва алифбояшонро гум мекунанд.

Чи Казокистон бо пойтахташ Остона, чи Киргизистону Туркманистону Узбакстон бо шахрхои бузургаш хама аз тамаддуни мо об мехуранду аз дасти мо-точикхо мусулмон шудаанд. То ба имруз имому пешвои ин миллатхо точиконанд. Наводир-ул-вакоеъи Донишро хонед, хама чиз равшан мешавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)