Бахшҳо

Саидмукаррам Абдулқодирзода зидди ҳамҷинсгароӣ фатво дод

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ҳамҷинсгароӣ ё муносибати мард бо мард ва ё зан бо занро, маҳкум карда, офат ва мусибат донист. Ӯ, ки 7 феврал дар намози ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе сӯҳбат мекард, аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон бархе аз ҷавонон ба ин амал даст мезананд. “Шарм медорам, ки аз болои минбари масҷид дар ин мавзӯъ сӯҳбат кунам, вале вазъият инро тақозо мекунад”,-гуфт Абдулқодирзода.

"Мутаассифона, баъзан мешунавем, шахсиятҳои илмноку бофарҳанг ба ин роҳҳо мераванд. Занҳои ҳалоли худро монда, роҳ сӯи мардони ҳаром мегиранд",-таъкид дошт ӯ. Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар идома афзуд, “ҳар миллат ва қавм дар ҳар замоне ки ба ин амал даст задааст, ба азоби сахт гирифтор шудааст.” Ӯ баъдан қиссаи қавми лутро ҳам мисол оварда, аз қонунӣ шудани ҳамҷинсгароӣ дар бархе аз кишварҳои ғарбӣ ва баъзе пешниҳодҳо дар бораи қонунӣ кардани ин амал дар Тоҷикистонро шадидан интиқод кард.

Агарчӣ дар Тоҷикистони суннатӣ касе рӯшод дар бораи ҳамҷинсгароияш сӯҳбат намекунад, вале солҳои охир арфоде пайдо шудаанд, ки бо махфӣ нигоҳ доштани номи худ бо масъулони созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва хабарнигорон сӯҳбат мекунанд. Ин мавзӯи замоне пӯшида, баҳори соли 2011, замоне ки созмони “Имконоти баробар” барои бозтоби мунсифонаи масъалаи ақаллиятҳои ҷинсӣ дар расонаҳои Тоҷикистон хабарнигоронро даъват кард, ошкору расонаӣ шуд. Аксари кулли сокинони Тоҷикистон, ки пайрави Исломанд, ин амалро маҳкум намуда, зидди он сӯҳбат мекунанд. Вале дар ислоҳи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар соли 1998, банди марбут ба муҷозоти ақаллиятҳои ҷинсӣ, ки аз даврони Шӯравӣ боқӣ монда буд, бекор карда шудааст.

Бо ин ҳол, ин шумора, ки дар Тоҷикистон феълан чӣ теъдод аз ҳамҷинсгароён ба сар мебаранд, дақиқ нест.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
а
Ана акнун дигар ба мамлакатхои гарб сафар карда наметонад. Виза намедихандаш.

СССР
Зинба бод СССР! Дар даврони шурави барои кавми лут мучозот буд, вале бо сиёсати хирадмандонаи хукубунёду дунявии ХХДТ ин мучозот бардошта шуд дар холе ки 99 дар сад хама мусалмон аст. ин танокуз ба ХХДТ муборак аз ин ба баъд даъво накунед ки ягон конуни зиди ислом набаровардаед.

Ориф
Ин амалест, ки мардро бо вучуди зинда буданаш дар катори мурдахо чилва медихад. Лаънат ба оне, ки ба ин амал даст мезанад.

Адл Москва
Офарин ба Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки ҳамҷинсгароӣ ё муносибати мард бо мард ва ё зан бо занро дар Точикистон маҳкум карда, гайриимкон донистааст. Дар Точикистон дар ин масъала гап заданро хам манъ кунанд мешавад. Пештар шунида будам, ки ҳамҷинсгароӣ касал аст. Акнун дидем, ки ин бомориро шифо бахшида намешудааст ва сафи чунин беморон дар олам зиёд шудааст. Ба хеч вачх дар Точикистон ба ҳамҷинсгароён ичозат дода нашавад. Ин барои Точикистони мо, ки кариб хамаи мардуми он мусулмонанд, нораво ва гайри макбул мебошад. Дар ин масъала дудилаги набояд бошад. а,

Аз соли 1998 то 2014 бисёр пешрави барои давлати дуняви-(дахри)

Точикистон хамин хел чи коре, ки шаваду бошад хеч кас намедонад, ба монанди салафихои равияву мазхабфуруш хамаро аз рох зада карибе буд, ки намози суннат хониро ман мекарданд. Анна бо инно пайдо шудаанд

ahmad
Qand zaned ofarin ,, rahmat bar shumo. Alloh nigahbonaton bod ustod

халки мо то чи дарача гум рох, ки фикри шазсии худро надорад. Хамчинсгари буд, заст ва мемоманд. Хар як шахсият офаридоти Оллох мебошад, ва хар кас бояд даст ба гиребони худ гирад ва зиндагии худро пеш барад.

ислом.70mail.ru
Бародарон фаромуш накунед ки окибати фохишаги ба хамин дарача оварда мерасонад инсонро имруз ки дар чомеъаи мо фохишахо дасташон боло хаст
руз то руз ин бадбахти авч хохад гирифт.Ба муфти мегуям ки мешудаст ку.о кай барои вазифаю моли дуне дахонро мухр мезанед бобои Мукаррам.Аллакай каме нисбати шумо этикодам пайдо шуд то ба Эшонхо бадбини кардан анахаминтавр вазифаи чонии худро адо намоед.Худованд миллати моро аз ин бадбахтихо нигах дорад ОМИН

лутфия
фикр намекардам ин мавзуъ ба мо хам омада мерасад.

шахрванд
Чаноби Мукаррам!Модоме,ки чавонони мусалмонро манъ кардед ба масчид рафтанро албата инхел фассодхо зиёд мешаванд.Агар сари вакт пеши рохи ин бадбахтхоро нагиред ягон руз мебинед,ки дар назди Сомони "гейпарад" мегузаронанд.Ана баъд дер мешавад.

Пешниҳод
Чӣ мешавад, и як гурӯҳи ташаббускор барои баргардонидани моддаи ҷавобгарии ҷиноӣ ба кодекси ҷиноии Тоҷикистон ташкил гардад?

Mufti
Meshudayku Eshoni Saidmukarram baroi manfiati jomea gap zaned, fakat razbor nakarda .

Чи хел чавонхо, руйирост муллохо гуфтан гиред, домулло.
баъдан сарлавхаро дуруст монед, як чиз як маротиба фатво мешавад, ин сарлавхаи шумо ба мисли ин аст, ки гуй то имруз ин чиз ичозат буд, акнун С.мукаррам инро манъ карда бошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)