Бахшҳо

Кабирӣ: "Агар хоҳем, ки моро ба ҳайси миллати сарбаланд шиносанд..." (АКСУ ВИДЕО)

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки рӯзи 8 феврал дар ҳамоише дар қароргоҳи ҳизбаш сӯҳбат мекард, гуфт, роҳҳали ягонаи аз байн бурдани шиканҷа танҳо ҳамкорӣ ва якдигарфаҳмии мақомоту ҷомеаи шаҳрвандист. Ӯ афзуд, “масъалаи шиканҷаро дар сурате метавон бартараф кард, ки аз якдигар нагурезему даст аз туҳмат бардорем”.

“Агар хоҳем, ки моро ба ҳайси миллати сарбаланду пешрафта шиносанд, бояд шиканҷаро бартараф кунем. Шиканҷае, ки он ҳам аз сӯи сохторҳои интизомӣ сурат мегирад”,-илова кард кард Кабирӣ.

Раиси ҲНИТ аз масъул будани ҳизбаш дар мубориза алайҳи шиканҷа дар кишвар низ хабар дода, гуфт, “ҲНИТ аз ин ба баъд масъул ва вазифадор аст, ки аз мубориза бо шиканҷа ҳимоят кунад ва ин корро мо идома хоҳем дод.” Кабирӣ аз афзоиши ҳолатҳои шиканҷа дар Тоҷикистон низ нигаронӣ карда, гуфт, шумораи парвандаҳои марбут ба шиканҷа дар давоми се соли охир аз марзи даҳҳо убур кардааст.



Муҳиддин Кабирӣ аз он изҳори ташвиш кард, ки як рӯз қабл аз баргузории ин ҳамоиш телевизионҳои давлатии кишвар дар бораи боздошти як узви ҲНИТ хабар додаанд. Ӯ намоши қазияи Маҳмадулло Холов, узви ҲНИТ ба иттиҳоми таҷовузкорӣ дар телевизиони кишварро мисол оварда гуфт, “дар ҳоле баргузории як мизи гирди ҲНИТ оид ба шиканҷа барои мақомот ин қадар сангин аст, агар мо икдоми қавитаре гирем, онҳо чӣ кор мекарда бошанд?!” “Ҳар вақт мо тасмим мегирем, алайҳи шиканҷа садо баланд кунем ё ҳимоят кунем, барномаҳои “антинаҳзатӣ” дар телевизионҳои давлатии кишвар намоиш дода мешавад”,-афзуд ӯ.

Кабирӣ: "Агар хоҳем, ки моро ба ҳайси миллати сарбаланд шиносанд..." (АКСУ ВИДЕО)Дар ҳамин ҳол, Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик, гуфт, кушта шудани шахсе аз сӯи нафари рутбадор ё мақомот дар ҷомеае, ки қисми зиёди онро мардуми мусулмон ташкил медиҳад, хеле нангин мебошад.

Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари созмони “Перспектива +” дар ҳамоиши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, хостори ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории кишвар дар марвиди шиканҷа шуд. Бобоназарова гуфт, онҳое, ки даст ба шиканҷа мезананд, бояд мавриди авф қарор нагиранд. Ба гуфтаи роҳбари созмони “Перспектива +”, ҳоло дар Тоҷикистон маҳбусоне мавриди авф қарор гирифта ба озодӣ мебароянд, ки ба иттиҳоми зӯроварӣ ва шиканҷа маҳкум шудаанд: “Ҳоло мебинем бархе, ки бо ҷурми шиканҷа зиндонӣ шудаанд, озод мешаванд.”



Ин ҳамоиши Ҳизби наҳзати исломӣ дар пайи марги Умедҷон Тоҷиев, узви зиндонии ин ҳизб, баргузор шуд, ки ба қавли вакилони мудофеаш дар пайи шиканҷа фавтидааст. Вакилони ӯ мегӯянд, мақомот ба далели он ки изи шиканҷа боқӣ намонад, дар бадани ӯ латтаи тар монда, сипас бо нерӯи барқ азият додаанд. Тоҷиев 30 октябри соли гузашта дар Исфара боздошт ва моҳи январи соли ҷорӣ дар бемористони муассисаи ислоҳӣ ҷон бохт. То ҳол таҳқиқи марги ӯ анҷом нашуда, хулосаи коршиносону табибон низ ироа нагардидааст.


Кабирӣ: "Агар хоҳем, ки моро ба ҳайси миллати сарбаланд шиносанд..." (АКСУ ВИДЕО)

Кабирӣ: "Агар хоҳем, ки моро ба ҳайси миллати сарбаланд шиносанд..." (АКСУ ВИДЕО)

Кабирӣ: "Агар хоҳем, ки моро ба ҳайси миллати сарбаланд шиносанд..." (АКСУ ВИДЕО)

Кабирӣ: "Агар хоҳем, ки моро ба ҳайси миллати сарбаланд шиносанд..." (АКСУ ВИДЕО)

Кабирӣ: "Агар хоҳем, ки моро ба ҳайси миллати сарбаланд шиносанд..." (АКСУ ВИДЕО)


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
шамил
режиме,ки дар он ноадолати,фасоди, шиканча ва нобовари ба фардо вучуд дорад,газаби мардумро нисбати худаш зиед карда, ба тези аз байн меравад.

Мардуми МО, яъне Точикистониё бесаводем ё дар дил тарс дорем. Агар ёдатон бошад, дар Гурчистон чи хел тазохурот карданд мардум бар зидди шиканча дар зиндонхо. Дар мо бошад, мекушанд баъд харф заданхам намегузоранд. Дур намеравем хафтаи гузашта, оилаи шодравон Хамза Икромзода. Кормандони Амният нагузоштан аз хона берун раван,ахли оиларо.
Боз мегуяд: -Шукрона гуед!!!

Khurshed
Voy bar holi in zolimon! Wallohi wa ruze inshoAlloh jazoi khudro dar hamin dunyo khohand did, holo ki onhoror dar okhirat azobi duzakh muntazir ast. bo didani in navori modari dilkhun ashki odam jori meshavad albatta dar tan khuni insoni doshta boshad. Mo yagona shikoyatkunanda joe dorem in ham dargohi Khudovand ast, ey Alloh mo mardumi azizi tojikro khalos gardon, beshak tu ba in qodiri, amin!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)