Бахшҳо

3 рӯз мӯҳлати раиси ноҳияи Спитамен ба масъулони ҲНИТ

Ҳукумати Спитамени вилояти Суғд бо имзои раиси ноҳия М.Маҷитов ба масъулини дафтари Ҳизби наҳзати исломӣ дар ин минтақа 3 рӯз муҳлат додааст, то утоқи ба иҷорагирифтаи худ дар бинои кинотеатри “Пахтакор”-ро холӣ кунанд.

Маҷитов дар номаи худ гуфта, ки кинотеатр макони фарҳангист ва бар асоси қонунҳои кишвар созмону аҳзоби сиёсӣ ҳаққи фаъолият дар чунин ҷойҳоро надоранд. “Тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар муассисаҳои фарҳангӣ манъ карда шудааст”,-таъкид шудааст дар номаи раиси ноҳияи Спитамен ба масъулони ҲНИТ.

Илҳомҷон Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд, мегӯяд, ин нома рӯзи 10 феврали соли ҷорӣ дастраси онҳо шудааст. Вай афзуд, онҳо қаблан бо раёсати кинотеатри “Пахтакор” барои фаъолияти дафтари ҲНИТ дар ин макон то соли 2019 қарордоди дуҷониба дошта, ҳудуди 11 ҳазор сомонӣ пешпардохт низ кардаанд. Вале дар номаи раиси ноҳияи Спитамен гуфта шудааст, ки “раҳбарияти корхонаи воҳиди фаръии Кино ва Видео тибқи қонунгузории Тоҷикистон ҳуқуқи ба иҷора додани моликияти дар мувозинаташ қарордоштаро надорад ва шартномаи иҷора, ки аз 10 январи соли 2011 миёни шуъбаи ҲНИТ ва ин идора баста шудааст, бе эътибор аст.”

Дар идома мехонем, “ҳангоми таҳлил муайян карда шуд, ки маъмурини шуъбаи ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен бидуни ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои танзими иҷораи моликияти давлатӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар бинои кинотеатр ҷой гирифта фаъолияти худро ба роҳ мондааст”.

Ин зарбулаҷали раҳбарияти ноҳияи Спитамен барои холӣ кардани утоқи кинотеатри “Пахтакор” дар ҳолест, ки ба қавли масъулони ҲНИТ, Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар аксар муассисаҳои фарҳангию таълимӣ ва ҳатто бемористонҳо ташкилоти ибтидоии худро дорад. Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолиф дар Тоҷикистон аст, ки ба қавли масъулонаш дар ҳоли ҳозир беш аз 40 ҳазор узв дорад ва ин ҳизб дар остонаи интихоботи президентии соли гузашта мавриди ҳамлаи сахти расонаҳои давлатӣ қарор гирифта буд.
Мӯҳр
Агар раиси нохияи Спитамен чунин карор карда бошад магар ин фишорбиёри ба ин хизб мебошад чунин чойхои чаъмиятиро фурухтаю кнест карда шудан лек хамашро нодида мегиранд. о давлати чоне....точикистони сохибистиклолллллллллллллллллл

Яъкуб.
Факат бояд ХХДТ бояд дар кучое,ки хохад дафтари кори кушояду барои дигар хизбхо не...ачаб шармандаги

Давлати ДЕМОКРАТИИ ХУКУКБУНЁД. Офарин. Офарин. Шумоед асосгузорони ДЕМОКРАТИЯ. ГИТЛЕРУ СТАЛИНРО аъзоёни ХНИТ кушта буданд.

Хур хур
Бо ин корхояшон сари худашонро мехуранд. аблахи дар Точикистон аст!!!

Тоҷик
Намедонам ба ин монеаҳои ҳизби ҳоким нисбат ба мухолифони сиёсии худ чи бояд гуфт. дар ҳоле ки воҷеан, аксари қароргоҳҳои худи ҳизби ҳоким дар муассисаҳои фарҳанги ҷой дорад. барои мисол, идораи бахши шаҳри ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар биное, ки дар пештоқаш бо ҳарфҳои калон "Қасри фарҳанг" навишта шудааст, қарор дорад. илова бар ин ин бино асосан, дар гузашта бинои факултаи санъати ДДХ будааст, ки баъди таъмир он ба гӯё мувозинати мақомоти давлатӣ гузаштааст. умуман, дар ин бино зери як бом се муассиса ҳам маориф ҳам фарҳанг ва сиёсат гирд омадааст, ки тамоман, бархилофи даъвои ин рафиқон аст...........

руми
чойи ин хизб дар масчид аст на театру клубу цирк. ё инхо рахгум задаанд?????

Ман ба ин номардакони олам КИНА дорам,Кинадор,,,ачабо воачаб,,,

8
ХНИТро дар хама чо пачакашро бароварда истодаанд. Кабири бошад то хол ба тахаммул даъват карда истодааст.

rust kuned in hizbro.inho xatarnokand.

метарсам ,ки Худованд болои ин мунофикони зиди дини мубини Ислом балои сахте наорад, вой бар холи шумо ,,,,,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)