Бахшҳо
11 фев 2014 11:18Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Саҳмдорони Роғун 13 узви нави Шӯрои нозиронро интихоб карданд

Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун», ки охири ҳафтаи гузашта дар Душанбе баргузор шуд, бо қатъи пеш аз муҳлати нозирони қаблӣ ва интихоби аъзои нави Шӯрои нозирони Роғун анҷом ёфт.

Тибқи иттилои Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ тариқи овоздиҳии кушода шумораи аъзои Шӯро 13 нафарро ташкил дод. Манбаъ дар қатори аъзои тозаинтихоби Шӯрои нозирони Роғун - Қоҳир Расулзода, Саидов Давлаталӣ Шомаҳмадович, Азим Иброҳим, Қурбонов Абдусалом Каримович, Шариф Раҳимзода, Менглиев Рустам Шомуродович, Усмонов Усмоналӣ Юнусалиевич, Қодири Қосим, Комилов Абдувалӣ Ҳакимович, Сафаров Хайрулло Амиралиевич, Ахмедов Ҷамшед Ҷалолович, Юсупов Қурбоналӣ Қувватович ва Неъматов Муқим Мамадҷоновичро ном бурд.

Кумитаи сармоягузорӣ мегӯяд, зимни ин ҷаласа ваколатҳои аъзои Шӯрои нозирони Роғун таҳти роҳбарии собиқ сарвазир, Оқил Оқилов, ки 15 июни соли 2013 интихоб гардида буданд, пеш аз муҳлат қатъ карда шуд.

Фурӯши саҳмияҳои Роғун моҳи январи соли 2010-ум оғоз гардида, дар маҷмуъ ба маблағи беш аз 800 миллион сомонӣ саҳмия фурӯхта шуда буд. Масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон теъдоди саҳҳомони оддии ҶСК «НБО Роғун»-ро ҳудуди 2 миллион гуфта буданд. Теъдоди соҳибони саҳмияҳои номӣ- саҳмдороне, ки бо маблағи зиёда аз 5 ҳазор сомонӣ саҳмия харидаанд, 22 ҳазор нафар арзёбӣ мешуд.
Мӯҳр
Амр
Хулоса чи чаласа мекунед.Оё сахмияхое ки дар даст дорем ягоннафарда даркор мешава ё не. Ё инки ягоннафар хаст ки хамин сахмияхои мора харидори кунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)