Бахшҳо

Фаттоҳ Саидов: “Ҷудоии Шоҳруху Шаҳрзода масъулияти онҳост”

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон, ахиран ба қазияи келину писараш дахл карда, ҷудоии Шоҳрух Саидов аз Шаҳрзода Абдуллоеваро тасдиқ намудааст. Ҷаноби Саидов, ки дар ин бора бо хабаргузории “Тоҷнюз” сӯҳбат кардааст, гуфтааст, “ин масъулияти ҳардуи онҳост”.

Вай, ба ин тартиб, хабарҳои паҳншуда дар Фейсбук дар бораи ранҷу машаққати Шаҳрзода Абдуллоева, ҳамсари собиқи Шоҳрух Саидовро, ки гӯиё бо як фарзанд аз дарёфти мерос ва ҳаққи бештар аз хонаводаи раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ маҳрум мондааст, рад кардааст. Фаттоҳ Садиов гуфтааст, бо келини собиқаш дар бораи манзил ё нақзи ҳуқуқи ӯву тифли хурдсолаш баҳс надоранд. “Ин иддао асоси воқеӣ надорад ва ҳар рӯз келини собиқ ва набераамро хабар мегирам”,-гуфтааст ӯ дар сӯҳбат бо “Тоҷнюз”.

Ҳафтаи гузашта дар Фейсбук хабаре паҳн шуд, ки бар асоси он Шаҳрзода Абдуллоева, ҳамсари собиқи Шоҳрух Саидов -- писари Фаттоҳ Саидов аз нақзи ҳуқуқаш шикоят кардаву гуфтааст, тамоми муроҷиаташ ба мақомоти давлатӣ бе натиҷа буданд. Аз ҷумла, хабарнигори тоҷик Сафват Бурҳонов низ навишта буд, “фарзанди роҳбари Оҷонсии зидди фасод Фаттоҳ Саидов - Шоҳрух баъд аз як соли издивоҷ ҳамсараш Шарҳрзода Абдуллоеваро бо як фарзанди хурдсол бе ҳеч ҳуқуқе ҷиҳати тақсими мерос аз хона ронд.”

Издивоҷи Шоҳрух Саидов бо Шаҳрзода Абдуллоева охири соли 2009 сурат гирифтаву соли 2011 Шоҳрух гӯиё никоҳи пешинаашро бекор накарда, бо дигар духтар расман издивоҷ кардааст. Дар хабарҳои паҳншуда дар Фейсбук омадааст, “Абдуллоева бо як тифли хурдсол дар ба дар асту аз таҳдиди хонаводаи Саидов ҷуръати талаби ҳуқуқашро надорад.”

Шоҳрух Саидов, писари раиси Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ, дар ҳоли ҳозир раиси бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбест. Ӯро яке аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ, раиси Хадамоти гумрук ва фарзанди раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ медонанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Асил
Ин кори шахсии ва зиндагии шахсии ин нафарон аст. Барои чи ин матлабро дар сахфаатон чо намудед? Мо хукук надорем бахо дихем, ки хак асту ки нохак, зеро мо намедонам иллати аслии хонавайрони дар чи аст.

ozod
muhtaram fattoh saidov kani yak deloi serzani kushoed chi? !

Хар руз даххо нафар оила аз хам чудо мешаванду даххо нафари дигар аз нав оила барпо мекунанд. Ин хукуки харяк шахс аст ва ман фикр мекунам, ки новобаста ба вазифа дахолат ба хаёти оилавии ин ё он шахс кори хуб нест. Фаттох Сайидов мисли мову шумо одам аст ва хатман дар зиндагии у хам нуксонхо вучуд доранд

посух
Шодибек ва Асил як нафар аст бо ду ном комент гузоштааст!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!! мехоҳанд нишон диҳанд ки тарафдоронашон зиёд аст!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Jamilya
Albatta dar har yak hona taku tuki hud hast.Lekin man fikr mekunam,ki Fatoh Saidov muhtaram hozir ayni zamon bisyor honavayroni bisyor hast.oilai avalinaro mardho ba tavri fohishabozi vayron namuda,zanu farzandi halol ro az dar berun karda hamun zanshaytonro fohisharo ba hona ovarda zani 2 yum mekunan.Va voy bar holi zani avvalu kudakoi bechora ki dar ba dari heshu tabor sarsonu sargardonand.Agar haminro dida mebaromaded,judoham nagz meshud.Hozir har yak oilai 2yum hamin holatho hast,afsus

инсоф
шохрух рахмат,ки аз ин заниганда чудо шуди агане ба касали фишори хун ва сактаи дил мешуди фарзанд рускашро меобад дар оиянд ба шумо хонаи обод тамано орзу дорем

Мегуянд, ки барои ба агентии мубориза бо фасод кор даромадан 200000 доллар пул даркор будааст, бовар надорам ки хамин чаноби Фаттох ду се зан надошта бошад ва ё бо истифодаи мансаб чанд чойхоро шахси накарда бошад ва ё аз истифодаи мансаб андози чанд магозаву манбахои даромадашро насупоридаву сохтакори накарда бошад! Инхо фикр мекунанд, ки барои мардум ва миллат хизматкарда истоаанд аммо намедонанд ки ояндаи ин миллатро торик карда истодаанд. Барои писарат парванда кушо мо бовар кунем ки ту аз руиа адолат кор бурда истодаи? Дониста бошед, ки сабри мардумам дигар намондааст адолатро чори кунед ва ислох шавед........

зиди фасод
Ба пустини фил мурча дамромад. Агар ин корро ягон домулоо ё писараш мекард хатман барои ду занаги турма мешукд ва тв хои точикистон бо сад доду фарёд мулову исломро боз гунахкор мекарданд кучост конун? писари раиси очонсии зиди фасод дар холе ки дар никохаш як зан аст боз зани дигар гирифтааст магар бар асоси конун дузанаги манъ нест? чаро конун бояд факат бар зиди мулову мардуми бечора бошад. Вакте дусти писари раиси чумхур аст баъд чи? магар онхо аз конун болотаранд? баракс ба ингуна одамон бояд чазои сахттар ва бештар таъёин кард то падаронашон аз мансаб суистифода накунанд. агар ин бача узви ягон хизби дигар мебуд барвакт тв 1 тв сафина ва чахоннамо ба хама реклама карда хазор дуруги дигар мебофтанд, барои чи аъзохои ХХДТ ошкоро ва дагалона ва бо кибру гурур конунро помол мекунанд касе гап намезанад. шарм доред бояд хукумат ба ин кормандаш посух гуяд агар парламенти мо сирк намебуду парламенти хакики мебуд ин корманди давлатро барои конуншикани ва суистифода аз мансаб ки чоняти писарашро пинхон кардааст чор медид. кучост адолат?

Сухроб
Путин аз занаш чудо шуд, аммо чудошавии онхо то ин андоза ангезиш наёфта буд. Подумаеш, бачаи Фаттох аз занаш чудо шудааст. Зани хушбахт будааст, ки аз писари Фаттох чудо шуд, вагарна хуни точик дар гардани у низ чун хамчавобгар овезон буд.

Мачаи из Ходжаи АЪЛО
Озодагон бехтараш,ки номатро КИРГИЗИ кун.Шарму хаё намедоред,точикеду сиёсати киргизро инчо агитация доред.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)