Бахшҳо

Вокуниши қирғизҳо ба "ваъда"-и Алимардонов ба ворухиён

Ваъдаи Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири Тоҷикистон, ба сокинони Ворух эътирози бархе аз вакилони қирғизро ба бор овардааст. Қаблан расонаҳо навиштанд, ки муовини сарвазири тоҷик дар суҳбати охири худ бо сокинони ин минтақаи кишвар гуфтааст, ҷониби Тоҷикистон барои аз ҳолати анклав берун кардани Ворух тамоми талоши худро хоҳад кард.

Омурбек Абдураҳмонов, вакили парлумони Қирғизистон, мегӯяд, аз он дар тааҷҷуб аст, ки Алимардонов бо ин изҳороти худ чӣ гуфтан мехосту ва чӣ гуна ин минтақаро аз анклав берун мекунад. Ӯ дар суҳбат бо расонаи “Вести.kg” гуфтааст, ин изҳороти муовини сарвазири тоҷик дар ҳолест, ки гӯиё кишвараш ҳаргиз қасди азхудкунии ин қаламрави Тоҷикистонро надорад.

Ба гуфтаи ӯ, дар низоъҳои марзии Қирғизистону Тоҷикистон муовинони сарвазири ду кишвар гунаҳкори аслӣ дониста мешаванд: “Агар аз як тараф ингуна изҳороти Алимардонов сабаб шуда бошад, аз сӯи дигар маҳз ҳамин дастури Тоқон Мамитов, муовини сарвазири Қирғизистон барои идомаи сохтмони роҳи алтернативӣ дар қаламрави марзи аломатгузорӣ нашуда вазъиятро то ба ин ҳад расонидааст.”

Дар ҳамин ҳол, Тоқтогул Какчекеев, собиқ корманди аршади Вазорати дифои Қирғизистон, гуфтааст, “моро бародари хурдии тоҷикон мегӯянд, вале ба фикри ман баъд аз мулоқоти Алмосбек Атамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон бо ҳамтои русаш – Владимир Путин дар Сочӣ мо низ гуфта метавонем, ки бародарҳои дигар ҳам дорем.” “Аз ин рӯ, агар Тоҷикистон низ воқеан мехоҳад, ба баҳсҳои марзии худ бо ҳамсояҳояш нуқта гузорад, бояд аз роҳи мусолиматомез кор гирад”,-афзудааст собиқ корманди аршади Вазорати дифои Қирғизистон.

Қаблан, як манбаи огоҳ ба “Озодагон” гуфта буд, дар мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзҳои 28 ва 29 январи соли ҷорӣ дар Исфара сурат гирифт, ҷониби Душанбе аз Бишкек хостааст, аз маҳалли Хоҷаи Аълои Исфара то Ворухи ин ноҳия роҳи мустақим бидиҳад. Дар сурати ризоияти Бишкек, гуфта буд мусоҳиби мо, Ворух аз ҳолати ҷазирақаламравӣ раҳо шуда, вобастагии Исфара аз Қирғизистон коҳиш хоҳад ёфт.

Аммо Тоқон Мамитов, ноиби нахуствазири Қирғизистон, дар сӯҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, "ҷониби Тоҷикистон ягон 15 сол боз масъалаи ба боқӣ қаламрави ин кишвар пайвастани ҷазирақаламрави Ворухро дар миён мегузорад, вале дар ин авохир кадом пешниҳоде дар ин бора аз тарафи Душанбе нашудааст."


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Худованд ин ду миллатро ба хам дусттар бигардонад ва нифокро аз байн бардорад. МАЪЛУМ АСТ, КИ ИН ХАМА кори ДАСТИ БАРОДАРИ КАЛОНИ - РОССИЯ МЕБОШАД. Россия ин нифокро андохта чангро хам меандозад. Ба Киргизистон 2 млрд доллар ёрии низоми мерасонаду ба Точикистон кариб 350 млн доллар. Мукоиса кунед. миёни точиу киргиз ки чанг шуд, албатта ба фоидаи Россия мешавад.

Мамитов игвогари ухдабаро, доимо сафедро сиях мегуяд. Вакти он аст, ки ЧТ аз ЧК баргардонидани хамаи 145000га худудро талаб намояд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)