Бахшҳо

Ислом Каримов дар Сочи аз тими кишвараш истиқбол накард?

Наворҳои видеоӣ аз ҷараёни ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи, ки шоми 7 феврал баргузор шуд, ин суолро халқ кардааст, ки оё Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон ҳангоми аз майдон гузаштани тими кишвараш бархоста онҳоро истиқбол кард ё на?

Торнамои uznews.net ба ҳамин мавзӯъ пардохтаву дар матлабе навиштааст, ки бештари шарҳнависон дар интернет аз он ки Ислом Каримов ҷониби варзишгарон дастафшонӣ накард, дар тааҷуб афтодаанд.

“Коргардонҳо дар чунин чорабиниҳо вақте ягон ҳолати аҷиб мешавад, маъмулан дурбинҳои телевизионро ба он тараф мегардонанд, аммо шояд вақте тими Узбакистон аз майдон мегузашт, дар минтақае, ки Каримов менишаст ҳеч амале ба вуқуъ напайваст ва кадри кирои сабте набуд”
,-навиштааст манбаъ.

Аммо менависад, -uznews.net- тамошобинон диданд, ки президентҳои Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тимҳои кишвари худро истиқбол мекунанд: “Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бошад, бо ифтихори зиёд варзишгаронашро истиқбол намуду райисҷумҳури Украина Виктор Янукович байрақи кишварашро меафшонд”.

“Бо вуҷуд камераҳои телевизион дар чорабиниҳои бахшида ба ифтитоҳи олимпиада Каримовро нишон доданд. Ҳар вақт, ки ӯ дар дурбин меафтид, дида мешуд, ки бо марди бо айнакҳои калон дар паҳлуяш нишаста гарм суҳбат дорад. Uznews.net натавонист ин нафарро шиносоӣ кунад”,-навиштааст торнамо.

Ташпулод Юлдошев, сиёсатшиноси узбаки муқими Амрико ба торнамо гуфтааст, “дар гумон аст, ки Каримов бо кадом як мансабдори узбак чунин гуфтугуи дурудороз намояд”.

“Бори дигар Каримов дар дурбини телевизион замоне афтид, ки дар зиёфати ба хотири олимпиада додаи президенти Русия Владимир Путин ҳузур дошт. Ӯ дар мизе ҳамроҳ бо президентҳои Украина Виктор Янукович ва Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов менишаст ва ғамангез, солманд ва хаста менамуд”,-навиштааст манбаъ.

Узбакистонро дар Олимпиадаи Сочи се варзишгар- Ксения Григорева, Артем Воронов ва Миша Гё намояндагӣ доранд.
Мӯҳр
Президенти мо Шери нар аст!
Дустони азиз биеед кадраш кунем, ки сад солахо мегузаранду ин хел сарвари матину гаюр намеебем!
Хама манфиатхои гурухию сиесию минтакавиро як тараф монда, дастро дар руи сина монда рози шавед родмандони ватан!

Муйсафед пир шудагияй куввати дастафшони надора дигар

Забардаст
Бародар носир инкадар президентатро тавсиф накун мага ягон варзишгари точик набуд ки байракбардор бошадй кадом як урусро дар олимпиада муаррифи кард е аз ин чизхо бехабари е ягон мансабдори е корманди фабрикайи чавоби бугу

Абдуллох
Бародари гироми Забардаст! Биё чизхои майда чуйда накоб. Пешаки маълум буд, ки Точикистонро як нафар намояндаги мекунад. Дигар ин ки аз он ки дар хайати олимпии Точикистон як шахси маъруфи рус баромад чи чои иассуфу бадгуи аст? Ин мо точикон худро баъзан чунон хору залилу паст медонем, ки хатто дар гушаи хаёли ягон миллати дигар нест. Бинед як шахрванди русия бо фахру викор дастаи миллии моро хамрохи мекунад. Умуман мебахшед дар гушаи хаёли он касон нест ки точик ин аст ё вай аст. Умуман боиси фахри мо аст, ки :
1.ЧАНОБИ ОЛИ АЗ ЧОЙ ХЕСТА ВАРЗИШГАРИ ТОЧИКРО ИСТИКБОЛ НАМУД ВА ДАСТАФШОНИ НАМУД, ки инро тамоми чахон дид.
2. ТОЧИК ДАР НАЗДИ МИЛЛАТИ РУС МИЛЛАТИ ХОРУ ЗАЛИЛ НЕСТ ВА УРО РУСИ БОМАЪРИФАТ ЭЪТИРОФ МЕНАМОЯДУ УРО ХАМРОХИ КАРДАН МОЯИ ИФТИХОРАШ МЕДОНАД,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)