Бахшҳо

Қарори Шӯрои уламо: “Сархатиб... ва раис ҳаққи имоматиро доранд” (ВИДЕО)

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар, қарор кардааст, ки фақат имомон, имом-хатибон, сархатибон ва раиси Шӯрои уламо аз нигоҳи мақомашон ҳаққи имоматӣ дар намози ҷанозаро доранд. Ин қарори Шӯрои уламо рӯзи 6 феврал дар пайи баҳси Ҷамолиддин Амонуллозода, сархатиби ноҳияи Рӯдакӣ бо Эшони Нуриддинҷон, рӯҳонии саршиноси тоҷик, дар ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ, ки ахиран расонаӣ шуд, содир гардидааст.

Раёсати фатвои Шӯрои уламо гуфтааст, “ин тасмим танҳо ба хотири ба танзим даровардани намози ҷаноза ва имоматӣ дар он бо такя ба сарчашмаҳои муътамади мазҳабӣ гирифта шудааст”. Дар ин қарор омадааст, “баъзан дар масъалаи баргузории намози ҷаноза ва имоматӣ дар он баҳсу мунозираҳо рух медиҳанд ва чунин ҳолатҳо боиси коста гардидани обрӯи ходимони дини мубини Ислом гаштаву ба сар задани ихтилофҳо миёни шаҳрвандон оварда мерасонанд.”



Дар замимаи ин қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ аз китобҳои фиқҳӣ низ чанд далелу иқтибос оварда шудааст. Дар яке аз ин иқтибосҳо, ки аз китоби “Мухтасар-ул виқоя” (саҳифаи 28) овардаанд, омадааст, “барои гузаронидани намози ҷаноза султон, сипас қозӣ, баъд аз он имоми маҳалла, баъд аз он валии майит сазовортар аст”. Ин дар ҳолест, ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон, бо нашри матлабе дар сомонаи хонаводагияшон иҷрои васияти майитро ҳатмӣ ва интихоби имомро барои гузоридани намози ҷанозааш аз нигоҳи Ислом ҳаққи ворисон хонд. Ӯ гуфт, “соҳибони майит ҳаққи интихоби имомро доранд ва касе ҳуқуқ надорад бе иҷозаи онҳо имоми намоз шавад, хоҳ муфтӣ бошад хоҳ хатиб.”

Тӯраҷонзода аз суханони Имоми Аъзам иқтибос оварда, таъкид кардааст, ки ворисони майит аз султону қозӣ ва муфтӣ дида, ҳаққи бештар ба интихоби имом доранд. “Модоме, ки вориси майит авлотар ба имоматӣ аз дигарон бошад, пас, ӯ метавонад намози ҷанозаро ба ҳар касе хоҳад вогузор кунад ва касе ҳақ надорад ин ҳаққи ворисро нодида бигирад”,-гуфтааст ӯ. Ба қавли Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, нодида гирифтани васияти майит ва ҳаққи соҳибони ӯ як навъи маҳдудкунии озодии онҳо бидуни далели шаръӣ мебошад.

Як моҳ пештар дар Ютуб (YouTube) наворе бо номи “Ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ” роҳ ёфт, ки мавриди баҳси зиёди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт. Асли баҳс сари ин аст, ки наздикони Ҳоҷӣ Қурбоналӣ аз рӯи васияти падарашон барои гузоштани намози ҷаноза Эшони Нуриддинҷон, яке аз рӯҳониёни шинохтаи кишварро, даъват кардаанд. Вале Ҷамолиддин Амонуллозода, писари муфтии собиқи Тоҷикистон, монеи пеш гузаштани ӯ мегардад ва мегӯяд, “Ҳазрати Эшон, ин ноҳия соҳиб дорад. Дар куҷое аз ноҳияи Рӯдакӣ намози ҷаноза аст, касеро намемонам, худам мехонам.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
МУХЛИС
ШУМОБАРИН ШУРОИ УЛАМО БО ХАМИН КОНУНИ БАРОВАРДААТОН.
ШУМО БО ИН КОНУНИ БАРОВАРДААТОН ХАКИ СОХИБОНИ МАЙИТРО ВА ВАСИЯТИ МАЙИТРО ПОЙМОЛ КАРДА ИСТОДАЕД.
АЗ ХУДО ТАРСЕД.

ШУМОБАРИН ШУРОИ УЛАМО БО ХАМИН КОНУНИ БАРОВАРДААТОН.
ШУМО БО ИН КОНУНИ БАРОВАРДААТОН ХАКИ СОХИБОНИ МАЙИТРО ВА ВАСИЯТИ МАЙИТРО ПОЙМОЛ КАРДА ИСТОДАЕД.
АЗ ХУДО ТАРСЕД.

Ба ҳамагон салом мегӯям ва мерасонам, ки ҚУРЪОНИ МАҶИД якка ва ягона аст ва ҳеҷ кас ҳуқуқи тағйирдиҳии онро надорад. Интихоби намозгузори ҷаноза ҳаққи фарзандон ва авлодони шахси фавтида буду ҳаст ва мемонад. Ин қароратонро барои худ иҷро кунед.

Сафар
Гап набояд дар сари васият бошад. Зеро баъзан нафароне пайдо мешаванд, ки аз руи ихлосу эътикоди шахсй хондани чанозаро ба нафароне васият мекунанд, ки на маком доранду на эътибори оммавй ва на дахле ба дин..

Subhon olloh.....In dahshat ast va tahrifi nususi shariat ast....Az Khudo boyad bitarsrf ei shuroi ulamo......in fatvoi shumo na takya ba oyat doradu na ba hadis.....Hoji Akbar haqro gufta ast.....Shumo agar Hoji Akbarro namekhohed in ikhtiyori shumost.......Lekin haqro qabul nakardan haq nadored agarchi ba havou havasaton ham pisand naoyad.....Zero haq az jonibi olloh taolo ast... Shumo va mansabhoyaton ba zudi xavol khohed yoft ...Ammo dini olloh boqi khohad mond

Шамсиддин
Ин раиси шурои Уламои Точикистон саводаш барои додани фатво тамоман нокифоя аст ин кас факат барои банд кардани вазифа таъин гардидааст. Бо ин фатвохои фармоишиашХудо хохад чазои сазовор уро дар пеш аст. Шахсан ман уро хамчун муфтии мустакил хисоб намекунам ва аз у харгиз пуштибони нахохам кард...

малик
дар шурои уломо ягон мусалмон хаст?аз худо наметарсида бошан.коршон факат бар зидди эшон фатво бурори.

Бале бародар дуруст гуфти Шамсиддин.

Асалому алайкум. Чаро ами Муфти Ришашро мувофики сунат намемонад чаро мардум ин шахсро хуш надоран.......

Мо шо АЛЛОХ Шурои уламо.......
бехтарин карор.....

Точик
Рузноманигори мухтарам! Дар асоси чи шумо шурои уламоие ки аз ахли илм нестанд ва таъйин шудаанд аз чониби хукумате ки зидди ислом мубориза ошкоро мубориза мебарад онро "танхо ниходи содиркунандаи фатво дар кишвар" хондаед??? Далели ин шурои чухало аз мухтасарулвикоя нодуруст аст. Зеро дар холати набудани васият аз чониби майит аввал султон, ноиби он, кози,имоми махал ва он хам дар кишваре ки низоми давлатдориаш исломи бошад. Дар мо бошад давлатамон дуняви аст. Ин далели овардаашон санади шаръи шуда наметавонад. Касе мехохад маълумоти зиедтар дар ин мавзуъ пайдо намояд, ба сайти Turajon org ворид шавад.

Карим
ташаккур Домуллои азиз. бехатарии давлату миллат бех аз 1000 он васиятгарон аст

ш-TJ
метарсам, шурои ягон руз фатво мебарорад,ки Точикон бояд дини зардуштиро кабул кунанд.Ин шармандагист барои Точикистон






















ягон руз фатво мебарорад бо шурои

муфти
Ин фатво аз дастгох ба кумитаи дин ва баъд аз ончо ба шурои уламо ва сипас шурои уламо онро аз номи худ фатво гуфта додаанд. ин асосан фатвои боло аст барои дар дасти худ гирифтани набзи мусалмонон тамом. мукарам бозича аст туби футбол. мезанандаш ин тараф аз он тараф ин тараф.

Хуху
Ин Чамолиддини дар фиреби хукумат гутидааст ва хамин коре ки кард махсус буд ва хато саги хавлии ман медонист ки скора ягон карори нав против Эшон меброя

Собир.
Хуб мешуд,ки шурои уламо вакте,ки -Конун дар бораи манъи Чавонони то сини -18 ба Масчид ва манъи - Хичоби духтарон дар Мактаб баромад ,он вакт бояд фатво мебаровард,ки ин хилофи шариат мебошад. Лекин сад афсуз ,ки барои ин "Шурои Уламо" Ислом ва Шариати Ислом хеч кадру кимате надорад.Сабабаш он аст ,ки пул,молу сим ва вазифау мансаб дили онхора рабудааст.Барои он,ки мансаб аз даст наравад инхо тайёранд,ки бигзор "Шариати Ислом" зери по шаваду мансаб аз даст наравад. Вой бар холи чунин "Уламову -Шурои уламо",ки фардо дар пеши Худо чи чавоб медиханд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)