Бахшҳо

Вазир: “Аз Хоҷаи Аъло то Ворух роҳи мустақим талаб мекунем”

Хайрулло Асозода, вазири нави нақлиёт, гуфт, ҷониби Тоҷикистон қасд дорад, то аз Қирғизистон бихоҳад, ки аз Хоҷаи Аъло то Ворух барояшон роҳи мустақим бидиҳад. Ҷамоати Ворухи Исфара бо беш аз 30 ҳазор сокинаш феълан дар ҳолати анклав қарор дорад ва роҳ аз Хоҷаи Аъло то ин ҷамоат тариқи Қирғизистон мегузарад. Дар ҳоле ки ба қавли мақомоти тоҷик бар пояи тақсимоти марзию ҳудудии соли 1924 Ворух ҷазирақаламрав набудааст.

Асозода, ки дар ин бора 13 феврал дар посух ба суоли хабарнигори “Озодагон” сӯҳбат мекард, гуфт, “мо то ҳоло чунин пешниҳод накардем, вале дар нақша дорем, ки аз ҷониби Қирғизистон як чунин талаб кунем.”

Қаблан, як манбаи огоҳ ба “Озодагон” гуфта буд, дар мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзҳои 28 ва 29 январи соли ҷорӣ дар Исфара сурат гирифта буд, ҷониби Душанбе аз Бишкек хостааст, аз маҳалли Хоҷаи Аълои Исфара то Ворухи ин ноҳия роҳи мустақим бидиҳад. Дар сурати ризояити Бишкек, гуфта буд мусоҳиби мо, Ворух аз ҳолати ҷазирақаламравӣ раҳо шуда, вобастагии Исфара аз Қирғизистон коҳиш хоҳад ёфт.

Вазири нави нақлиёти Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи панҷшанбе, инчунин, ба масъалаи баста будани марз аз сӯи Қирғизистон низ дахл кард. Хайрулло Асозода ин иқдоми қирғизҳоро ба зарари худи онҳо арзёбӣ карда, афзуд, “феълан онҳо аз ин корашон пушаймон шудаанд”. Вазири нақлиёти Тоҷикистон далел овард, ки аз ҷониби ширкату шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамагӣ 34,4 дарсади боркашонӣ тариқи роҳҳои бастаи қирғизҳо сурат мегирифт. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, боқимондаи борро тариқи ин роҳ шаҳрвандони Қирғизистону Чин мекашонданд.

Асозода таъкид намуд, ин масъала дар назар аст, 14 феврал дар Бишкек зимни мулоқоти мақомоти тоҷику қирғиз мавриди баррасӣ қарор гирад. Қирғизистон дар пайи тирпарронии 11 январ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз марзро бо Тоҷикистон бастааст, ки боиси таҷаммӯи мошинҳо ва азоби ронандаю тоҷирҳои чанд кишвар гаштааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:

Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ДОНИШЧУ
МУҲТАРАМ ВАЗИР ТУ АВВАЛ МУНОСИБАТАТРО БО КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТ ДУРУСТ БА РОҲ МОН. ЗЕРО БА ГУФТИ ЯК МУСОФИРЕ, КИ ДАР РОҲ БО АВТОБУС МЕРАФТЕМ ДАР ВАЗОРАТ БАЪДИ ИВАЗ ШУДАНИ ВАЗИРИ ПЕШТАРА, ШУМО ТАМОМИ МУТАХАССИСОНИ КОРДОН ВА ТАҶРИБАДОРРО АЗ ВАЗОРАТ ПЕШ КАРДАЕД. ИНЧУНИН ОН МАРД ГИЛАМАНД ҲАМ ШУД, КИ МУНОСИБАТИ ХУБ НАДОРАД. ШУМОРО РОҲБАРИЯТИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ БОВАР КАРДА БА ИН ВАЗИФАИ ПУРШАРАФ ПЕШБАРИ КАРДААНД ВА ШУМО ҲУҚУҚИ МАЪНАВӢ НАДОРЕД, КИ КОРМАНДОНЕ, КИ ДАР ИН ВАЗОРАТ СОЛҲОИ СОЛ КОР КАРДААНД ВА ИН СОҲАРО БА ХУБИ АЗ ХУД НАМУДААНД ПЕШ КУНЕД, БОВАРӢ ДОРАМ ИН СУХАНОНИ МАН БА ВАЗИРИ МӮҲТАРАМИ НАҚЛИЁТ ТАЪСИР МЕКУНАД!!!

Хайрулло Асозода ту зеби вазири надори, зеро тамоми кормандони кордонро аз вазорат пеш карди. Онхо чои кори худро меёбанд вале дар як коре, ки шахс чандин сол кор мекунад ва он системаро аз худ мекунад ба у хеле душвор аст дар дигар макомот ё идора ба кор равад. Аз ин ру ин корат кори хуб не, инчунин аз симоятон маълум, ки шумо мулоимхункед.

собик вазорат
и студенти нотарс ки буд, ки хамаи гапхои хакро руйрост ба Вазир расонд. Рахмат ба падарат. кадоме рози дил кадабдаст хамаи гапош ростан. Агар ман хам ду руи варк рози дил кунам суханонам тамом намешаванд, лекин.......

Асад аз н. Файзобод
Дарвокеъ,нисбати Вазири наклиети навтаъин то хол касе сухани нек нагуфтааст. Оиди корхои ифлосаш дар НБО Рогун низ гапхо зиед аст. Инро ба Чаноби Оли ки муаррифи карда бошад. Бовари дорам як сол кор намекунад. ОЗОДАГОН, озод боши чоп кун, зеро хакикатро мегуям!

вазири нав шахси босаводу кордон аст. агар мутахассисон пешкардааш хуб мешуданд, чавобашон намедод, инчунин сохаи наклиет бо ду пой намелангид.

тахмингар
Аз симоятон маълум, ки шумо он кадар рохбари хуб нестед. Бинед донишчу чи хел аз сухбати як корманди ин вазорат чунин суханонро шунидааст. Як чиз хаст, ки агар хамон шахс худаш рози дилашро бевосита ибоз медошт чи мешуд.

номдор
Чаноби вазир ту аввал хамин роххои даруни ш. Душанберо обод кун баьд гап зан. Масьалаи сархад кори ту нест. Барои халли он комиссияи хукумати кор бурда истодааст ки ту аьзои он нести. Камтар майнаро об кунед матбуотро варак занед баромади Мамытовро хонед ки вай гуфтааст пешниходи точикистонро оид ба баровардани Ворух аз анклав хукумати киргиз шунидан намехохад кучост рохсози ва сохтани рохи худашонро давом медиханд. Ба халк гапи хушку холи лозим нест амал ва натичаи хуб даркор. Кор кунед мардум кур нест мебинад ки , ки- ки аст.

Хотам
озодагон масъалаи шархора руи навор оварданда суст бахо 2, нахот аз як вазорати калон 15-20 нафар бе асос хорич кардаанду хама хомуш бошанд. Ин ғайриимкон аст. бинед да...............

гадо
ин ШОХ боз аз кучо пайдо шуд, косалеси Асозода, язнат мешава чи бало. Ту агар коргари ин Вазорати мо мебуди баъд мефахмиди. Шахсан ман сардори як раёсат будам то рузи омадани Асозода бо 3-Вазири дигар кор карда будам. Ягон маротиба огохи ё танкид нашунидаам. ман аз ифши номам худори мекунам лекин ман 100 дар 100 бовари дорам, ки собк хамкоронам фахмиданд, ки ман киам. Ин Шох шояд аз Вазир чизе хурдааст ё ки медонад, ман ки аз Вазири нав муомилаи хуб аз рузи нахустини кориаш надидам ва якбора бе асос хатто ба вазифаи дигар нагузарониданаш хеле ва хеле малол хастам ва хатто баъди хайрухуш бо кормандон аксаряти онхо аз рафтани ман гиря карданд. Кулобиёра танкид мекунад шахсе у кур мешавад ана аку ман ба кадри мардуми ХАТЛОНИ бостони расидам вале дерр шуд.

малик
А бача и чигапай. И акаи мора икадар дар замин заденш. Акай Хайрло и хдта факат ами ма хурмат мекардаам, дига дар пеши ягон кас кадр надори ку. дар бисёри чойхо кувваи барк нест, агар свет мешид корот полисти чазир мешид аз дастаи и коментарияхои мардума.

Эй Шох, Ту Шохи асил нести як чизро фахм, Вазир як кас 20 нафар корманди як вахорат хама гандаву Вазир одами хуб. дар кучо хонди мактаби миёнара, бесавод логикара медони хондай ё не. Хай

барзу
И расма мебини мегуй чикадар корманди пуртачрибахай неки ай дасаш хок намиёя ва одамгарияш хам дар сатхи пастт карор дора.

Бародар мардак шудан даркор, се вазир кати кор карди дах вазиркати коркарди. телефон кун катиш гап зан, ай кафо мегуй мара сур кардан хафа шудам. ту мардаки ру ба ру гап зан, ай номи мо гап назан.

фарзона
Албатта Фарзона номи ман нест. Вақте, ки ба суханони "Гадо" бовар накарданд ва "Странник" нисбаташ хар хел суханон гуфт ман хам мачбур шудам каме дили худро холи кунам. ман чи баъди чандин соли бе хато кор кардан аз кор пеш карданд. "Странник" менависад кати чанд вазире кор карди накардаи аз номи худат гап зан. Ту худат аз номи ки гап мезани ё тамоми Вазорат чамъ шуда ду чумларо навиштед. ЭЭЭЭЭ бефаросат будай т "Странник" Худо медона т коргари хами Вазорат ҳасти ё не. Айни хол аз хама вазорати рохбараш одами гандатарин ин в.Наклиёт аст.

БАХТИЕР
НИЗОМ ХАКИМ ВАЗИРИ СОБИКИ ВАЗОРАТИ НАКЛИЕТИ ТОЧИК ХАР КАСЕРО ХОСТ ДАР ХАР ВАЗИФА МОНДАН ГИРИФТ, ИН МАРДИ НАЧИБУ КОРДОН ШОЯД НОУХДАБАРОИИ ОНХОРО ДИДА АЗ КОР ПЕШАШОН НАМУДА БОШАД. ШАХСИ КОРДОНУ ПУРТАЧРИБАРО ХЕЧ КАС АЗ КОР ПЕШ НАМЕКУНАД, ДОНИШЧУЙ БОЯД АВВАЛ ДОНИШ ЧУЯДУ БАЬД ВОРИДИ БАХС ШАВАД. ШУНИДАИ ИНСОН ХАМА ВАКТ БАР ЗАРАРИ У МЕШАВАД, БАРОИ ХАМИН ХАР ГАПИ ПУЧУ ХОЛИРО АЗ ХАР ХАРЧО ШУНИДА ОНРО ДУРУСТ ШУМОРИ ОКИБАТИ ХУБ НАМЕОРАД. ИН ВАЗИРИ НАВ КОРРО НАВ САР КАРДААСТ, АЙНИ ХОЛ БА У БАХОИ БАД ДОДАН АЗ РУИ ВИЧДОН НЕСТ.

Мискинобод
И Лошахур ки бошада!!!!!!! ихели гапора гуфт "Бародар мардак шудан даркор, се вазир кати кор карди дах вазиркати коркарди. телефон кун катиш гап зан, ай кафо мегуй мара сур кардан хафа шудам. ту мардаки ру ба ру гап зан, ай номи мо гап назан". аник Вазир ягон хай хдт фам.

Ба Бахтиёр
Бародари Азиз!!! хеле суханхои хуб гуфти, ману ту бетарафем, вале як чизро ба назар гир наход хамаи бесаводхо дар як вазорат чамъ шуда бошанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)