Бахшҳо

Зайд Саидов гуфтааст, аз шароити боздоштгоҳ шикоят надорад

Як гурӯҳ аз намояндагони Созмони Милал ҳангоми боздид аз боздоштгоҳу муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон бо Зайд Саидов -- соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари Ҳизби Тоҷикистони нав, ки ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст, дидор кардаанд. Лилия Захарева, мушовир оид ба ҳуқуқи инсони дафтари Созмони Милал дар Душанбе, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, “ин дидор тасодуфӣ буд”.

Захарева мегӯяд, “дар ҷараёни сафари худ ҳайати Созмони Милал оид ба шиканҷа аз боздоштгоҳҳо ва дигар муассисаҳои пӯшида боздид карданд. Мулоқот бо маҳбусони мушаххас набуд. Вале мо ҳамроҳи намояндаи ҳайати СММ оид ба шиканҷа ва Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон тасодуфан бо Зайд Саидов вохӯрдем. Дар ҷараёни сӯҳбат аз ӯ дар бораи шароити нигоҳдорӣ, имкони ба ҳавои тоза баровардани маҳбусон ва истифодаи шиканҷа савол кардем.”

Ба қавли Лилия Захарева, Зайд Саидов дар ҷавоб ба суоли онҳо гуфтааст, нисбат ба ӯ аз шиканҷа кор нагирифтаанд ва ӯ аз шароити нигоҳдорӣ дар боздоштгоҳ шикояте надорад. Аз ин пеш, 12 феврал, дар посух ба суоли хабарнигори “Озодагон”, Хуан Мендез, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури шиканҷа, ки бо сафари дурӯза дар Тоҷикистон буд, гуфт, бо Зайд Саидов дидор накардааст. Ӯ гуфт, онҳо бо масъалаи афроди алоҳида сарукор надоранд, балки вазъро дар умум назорат мекунанд.

Зайд Саидов, соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари Ҳизби Тоҷикистони нав, моҳи майи соли гузашта, ҳангоми бозгашт аз Фаронса, дар ҳоле ки масунияти вакили шаҳриро дошт, дар фурудгоҳи Душанбе боздошт гардид. Мақомот ӯро ба бисёрзанӣ, қаллобӣ, ришват, сӯистифода аз мақом ва таҷовуз ба номус муттаҳам карда, моҳи декабри 2013 ба 26 соли зиндон маҳкум намуданд. Вакилони мудофеи Зайд Саидов дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ва ҳоло низ ба бегуноҳии нафари таҳти ҳимояти худ пофишорӣ доранд. Онҳо мегӯянд, ҷаноби Саидов дар ҳеч кадом аз иттиҳомоте, ки мақомот ба номи ӯ пайванд медиҳанд, даст надорад. Вале худи ӯ ҳангоми ироаи сухани охиринаш дар додгоҳ гуфтааст, агар маҳкумияти ӯ ба наъфи миллат ва суботи ҷомеаи тоҷик зарур аст, пас, ӯ метавонад зиндонӣ бошад.

Бо гузашти тақрибан ду моҳ аз замони эълони ҳукми Зайд Саидов вакилони мудофеи ӯ то ҳол натавонистаанд матни ин ҳукмро дастрас кунанд. Шавкат Абдулхайров, қозии парванда, ба онҳо шарт гузоштааст, ки танҳо дар сурати ошкор накардани ҷузъиёти ҳукм матни онро барояшон хоҳад дод. Ин аст, ки то ба ҳол вакилон натавонистаанд аз болои ҳукми додгоҳ шикояти кассатсионӣ баранд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Адвокат
шинакчаро аз шиканчашудахо пурсед, тухмати Зайд худаш магар шиканча нест?

Вакил
Адвокат,
бехтарин гапро гуфтед. барои Зайд тухмат аз куштан бадтар буд. уро маънаван азоб доданд. худо тухматгаронро азоби сангинеро хам дар ин дунё ва хам дар он дунё насиб кунад. омин.

zaid durust guftaast ki zindon shudanash ba manfiati tojiku vatan ast.chunki on nafarone ki bo zaid maksad doshtand notinjivu jang tashkil kunand.mumkin zaid namedonist?

In sha Alloh ba nazdiki javob mesha , Alooh Akbar

адолат
хамин заид чи хизмат кардаи ,ки икадар тахрифаш мекунедаш aз расмаш дилгир шудем шахси тоза мешуд дар паси панчара намебуд хар ,ки бадкардааст ба рузи бад расад

озод
Адолатбону кани адолататон, дар бораи як шахси ба тухмат гирифторшуда ин тавр нагуед!

озод,
у адолата, да кадом вокзали Точикистон монда омадагиаааййй - ба Душанбе.

адолат
озодамо шумо як шахси бе масул будаед шумо ягон манфиати шахси доред,ки ин кадар тарафдори ин заидро мегиред манфиати худро аз конун боло нагиред

З. Саидов чихам мегуфт бечора гапи гуфтагиша гап зад фоидаша дид

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)