Бахшҳо

Ҷалолов: “Вазири маориф дар се ҳолат ҳуқуқи инсонро нақз кардааст”

Тоҷиддин Ҷалолов, мудири иҷроияи “Маркази ҳуқуқи кӯдакон” дар шарҳи қарори ахири вазири маорифи кишвар оид ба таҳсили бидуни танаффус то охири моҳи апрел, ба “Озодагон” гуфт, “бо ин қарор ҳадди ақал дар се ҳолат ҳуқуқи инсонро поймол кардаанд”.

Ҷалолов афзуд, “Қонуни асосии Тоҷикистон дар моддаи 37 барои ҳар шаҳрванд ҳуқуқ ба истироҳатро муқаррар кардааст. Инчунин, кишвари мо дар соли 1993 Эъломияи Созмони Милал оид ба ҳуқуқи кӯдаконро ба тасвиб расондааст, ки дар моддаи 31-уми он низ ҳуқуқи кӯдак ба истироҳат таъкид шудааст.” Мусоҳиби мо таҳсили бе танаффусро барои кӯдакону наврасон мушкилзо гуфта, таъкид намуд, ки онҳо мунтазам ба истироҳат ниёз доранд, то нерӯяшонро барои идомаи таҳсил барқарор созанд.

Дар ниҳоят мудири иҷроияи “Маркази ҳуқуқи кӯдакон” илова кард, ки қарори ахири вазири маориф, инчунин, мухолифи моддаи 60-и Кодекси меҳнат мебошад, ки барои муаллимон рӯзҳои истироҳатро муқаррар намудааст. Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, рӯзи 13 феврал қарор кардааст, донишомӯзони тамоми муассисаҳои таълимии кишвар то охири моҳи апрели соли ҷорӣ бидуни истироҳат дарс бихонанд. Маҳмудхон Шоев, сухангӯи Вазорати маориф, дар суҳбат бо “Озодагон” ин хабарро таъйид карда, гуфт, ин тасмимро ба хотири ҷуброни таътили зимистонае, ки то 10 феврал тамдид шуда буд, гирифтаанд. Ӯ гуфт, тамоми раҳбарияти шуъбаҳои маорифи кишвар дастур гирифтаанд, ҷадвали дарсҳои иловагиро тартиб дода, дар рӯзҳои истироҳати ҳафта низ ба донишомӯзон дарс гуфта шавад.

Ба қавли Шоев, "макотиби миёнае, ки имкони гузаштани дарсҳои иловагиро дар рӯзҳои дарсӣ доранд, метавонанд, охири ҳафта ба таври муқаррарӣ истироҳат кунанд." Аммо сухангӯи Вазорати маориф ва илм гуфт, ин қарори вазир ба рӯзҳои таътил дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иртибот надошта, донишомӯзон тибқи муқаррарот дар ин рӯзҳо истироҳат хоҳанд кард. Дар пайи сард омадани боду ҳаво бо дастури Нуриддин Саидов таътили зимистона дар кулли муассисаҳои таълимии кишвар то даҳуми феврал тамдид карда шуда буд. Дар ҳоле ки қарор буд, таътили зимистона рӯзи севуми феврал ба анҷом расида, дарсҳо шурӯъ гарданд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Намешавад ки мактабхо барой зимистон тайёр карда шаванду кудакони бечора саргардон нашаванд товарищ министр дар гарми шиштану харчи ки хохи гуфтан на аз руй одоб асту на аз руй конун

талаба
Охи ино кай парвои хукуки кудак доранд мухим инки пули чудошудаи бучет ба вазорати маорифро гирифта дар кисаи худ зананду муалимхояшон бо бахонаи фонд, ид, рузи тавалуд, обуна, ремонт, 8 уми март, 23 феврал, хаки муалим аз талабахо пули ситонанд

Мухтарам вазир имрузхо дар мактабхои миёна омодаги ба иди Алифбо огоз гардидааст.Якбор тахкик кунед ки муаллим ва муаллимахо барои гузаронидани иди Алифбо чи кадар маблаг аз волидайн талаб карда истодаанд.Маблаги талаб кардаи онхо аз 30 то 80 сомони мебошад.Агар мумкин бошад як фармони дигар бароред ки хама гуна чорабинхо ба гайр аз иди исткиклолият сарконун ва навруз дар мактбхо манъ карда шавад.Хатто имруз барои 23 ум феврал низ толибилмонро барои чамъ кардани пул даъват мекунанд.Якбор хамин масъалро чидди бинед.Мухтарам Вазир

Ташаккур вазир ба нонодхоям хафмонед, ки барои он то мохи апрел дар тахтил мехонанд ки агар рузи 15-ум синфои поёни хонанд рузи 16-ум синфхои болои хонанад боз рузи 22ям синфхои поёни хонанд, рузхои 23ям синфхои болои хонанад хей гаранг дар мохи март боз барои хаштуми март истирохат аст боз барои 21, 22,23 мартхам истирохат ку барои хамин то охири апрел мехонанд нодон

муаллим
Ин чи хел давлат аст ки касе чи конуне хохад мебарорад? Сарконун барои ки аст? Намояндахои халк ( депутатхо) чи хап шиштен? Ин вазир бо ки маслихат карда бошад ки кудаконро чуброн карда истодаанд? Кудакон овоз надоранд аз хамин истифода бурда истодаанд.

Мухочир
Ман боварй дорам,ки Раиси Чумхур ба ин масъала дахолат намуда,Вазири Маорифро аз азмаш мегардонад,вагарна ин гапу кабули конун ба гуши хоричихо расад,бори дигар Чамшуду Равшан будани мо исбот мешавад,ки ин бор хам зери борони хандаву тамасхури бегонагон мемонем!!!!!
Аз тарафи дигар,барои он ки кудакони бечора ба ду мохи тахсили бе истирохат тоб оранд,бояд аз хурокхои сергизою витаминдор бархурдор бошанд!Магар бо хурдани чою чапотй,ки бадбахтона бештари оилахо ин холро доранд,кудакхо ба чое хоханд расид?????

Ай дастакзаниёт малумай ки да даштои Олимтой чупони ва чайра сур кардагии. шкри истиклол ки овардану вазифат додан. Маданияти гапзани надори. Тавариши бериш.

Хайрон
Хайрият,ки ин хунукихои сахт дер давом накард(окибаташро худо медонад).Мумкин буд,ки ин кишри чомеа,ки "тути осонбарояк"мебошад,то охири соли тахсил бе истирохат кор мекарданд.Хайронам,ки институтхои бешумори химояи хукукхои инсон ва шахрвандон барои чи дар ин масъала хомушанд?!

Хами бади малима Иноятова ба чи касам метен ки вазорати маориф вазири каладору драндеш ва да фикри ояндаи насли навраси точикора надид. --худорахматии сафарали рачаб... авдчабор...ва инш. зеби и акамон табелчиги ё бргадирии айлокай на вазире ки такдири насли оянда ай у вобастаги дора...хаАААААААААААААААААА

Саид
Э аз барои худо як бор бияндешед, наход хамин хел хулоса бароред, айб нест магар, наход вазир хамин хел карор кунад, мумкин нест - ба уруси гуем дети, и не только дети даже и взрослые не могут переваривать беспрерывно поступающую информацию. за державу обидно.

И чи гап боша, ааааа хамаш тенчай, хами бригади совхоз ки вазир шава, кору бор-хама клет! Ба мо мешинем, нависта мухтарам вАЗИР , вазир, кудакора моне, а барои савоб, о 70% мактаво барк надоран.Барк кай меша ба халку талабаву муалиму ва хоказо.

Хукуквайронкунии ин мансабдорро дониста, хар як холаташро муайян карда ва гайрахо, пас чаро ба чавобгари кашида намешавад? Чунки у мансабдор аст. Маълум мешавад, ки Конунхои Чумхурии Точикистон танхо барои одамони "гайр", яъне шахсони дуюмдарача навишта шудаанд.

sos
Ай сарту мунде хамара ба и конунтон!

Фируз
Охир ин биснесмен чиро мефахмад. Хаёл кардаст мактаб хам мисли бозор бояд бе танафус кор кунад. Карори беаклона мисли дигар карорхои навбатии Саидов.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)