Бахшҳо

Номгузорӣ аз нигоҳи Ислом ва пешниҳоди Тӯраҷонзодаҳо

Торнамои Turajon.оrg, веб-сайти хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо, усули беҳтарини номгузориро аз нигоҳи Ислом шарҳ додааст. Ин торнамо дар посух ба суоли яке аз корбаронаш навиштааст, “назди ҷумҳури уламои ҷаҳони Ислом беҳтарин ном онҳое мебошанд, ки ба номи Худованд изофа шудааст, аз қабили Абдуллоҳ.”

Ба навиштаи Turajon.оrg, номгузорӣ кардани фарзанд бо номҳои пайғамбарон низ хуб мебошад ва ҳатто аз паёмбари Ислом (с) низ дар ин бора ҳадисе ривоят шудааст, ки гуфтаанд: “Бо номҳои паёмбарон номгузорӣ кунед ва маҳбубтарин номҳо назди Худо “Абдуллоҳ” ва “Абдурраҳмон” аст.” Инчунин, веб-сайти хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо дар идома гуфтааст, “шаҳрвандон метавонанд, бо номҳои фарзандони фарзонаи таърихи Ислом ва номҳои форсӣ, ки маънои хуб доранд, низ номгузорӣ кунанд”.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ дар як суханронии худ аз сокинони кишвар даъват кард, дар интихоби номи фарзанд диққати ҷиддӣ дода, номҳои беҳтаринро гузоранд. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфта буд, ки номи шахс ҳатман то ҷое дар хислати соҳибаш таъсиргузор мебошад: “Паёмбар гуфтанд, ҳар нафаре, ки Шумо ном мегузоред, барои ӯ насибе аз номаш ҳаст. Пас, бояд номҳои нек гузошт.”

Торнамои бародарон Тӯраҷонзодаҳо бо нашри чанд намунаи номҳо ба корбаронаш тасвсия додааст, ки аз онҳо истифода кунанд.

Номҳое, ки ба номҳои Худо изофа шудааст: Абдурраҳмон, Абдурраҳим, Абдурраззоқ, Абдулмуҳаймин, Абдулборӣ, Абдулмусаввир, Абдулмуқтадир, Абдулмалик... ва Абдулҷаббор.

Намунае аз номҳои паёмбарон: Муҳаммад, Иброҳим, Мӯсо, Исо, Нуҳ, Юсуф, Яъқуб, Исҳоқ, Исмоил, Юнус, Закариё, Яҳё, Илёс, Идрис, Сулаймон, Довуд... ва Аюб.

Намунае аз номҳои асҳоби паёмбар ва солиҳин: Абубакр, Умар, Усмон, Алӣ, Суҳайб, Суҳайл, Ҳамза, Аббос, Ҳузайфа, Саъд, Зубайр, Талҳа, Ҳасан, Ҳусейн, Усома, Ҷобир, Анас, Нуъмон, Молик... ва Зуфар.

Намунае аз номҳои занона: Оиша, Хадиҷа, Ҳафса, Сафия, Фотима, Марям, Соро, Савда, Ҷувайрия, Зайнаб... ва Нафиса.

Номҳои форсӣ: Хушбахт, Некрӯз, Рухшона, Садбарг, Лола... ва Бунафша.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эшонтарош
Номхое чун Каюмарсу Паюмарс мачусиянд ахахахахахахаааааааа

Чи Турачон номи Исломи набудааст!!!!! эй боз гуфтам ягон кас ба пешниход кунем!!! а.....

Аъзам Хучаста
зариф
ман зидди номхойи арабиам хохо исломи е гайриисломи бештар бояд номхойи форсиро интихоб кунем на манкуртию араби хамайи пембваронро номбаркардиву чаро паембар ЗАРДУШТ_ро нагуфти охир форсихо ворисони у хастем камтар арабпаоасти кунед хамватанон хуввияти миллии худро гум накунед.

Dev
Эшонтарош,
Avval dahonata se bor ob gardonda bad nomhoi tojiki-forsiro ba zabon or !

Бахром
хай хами турачонзода якбора бгу ки миллатмона хам араб кунем! ин коро арабизация мегуянд.

Рустами Исфандиёр
Эй-войи ин миллати беакл!Хамон номхои Абдуллову-Мухаммаду-Умар хазор сол пеш аз ислом-дар-давраи-чохилони-араб-вучд-доштанд
-бародарон!Номхои-форси-точики-бехтар
ин-номхохои-зебою-чахониянд.Наход-ин-миллат
-исломро-аз-панарабизм-фарк-накунад!

сиевуш
ОН номхое ки шумо пешниход кардед магар аввал аз бутпарастхо набуданд?Ном ба миллат таалук дорад на ба дин.Тамоми ин номхо то ислом будан ва бутро парастиш мекарданду ба арабхои биебони дахл доштану мероси падару бобояшон буд.Ягон арабро дидед номаш ТУРА.БОЛТА.КУл аст.ин ном барои онхо бегон аст араби нест ва манояшро намедонанд.Ман факат ифтихор дорам бо номи РУСТАМУ СУРОБУ КАЮМАРСУ ТАХМИНАЮ МИЖГОНА д.д Агар одам бо ном махбуб мешуд махбасхона бо номи арабхо пур намешуд.Пеш хам рухониени чохил барои худнамоиши пеш хочахои арабашон номи араби мегузоштанд бо ин содик буданашро ба арабхои бемаданият нишон додан.Арабу еврей аз як хунанд ва номхояш як хел аст

Мардуми кам фахм, дунёро аз дини худ боло медонанд. Номи арабист, форсист, англисист, русист фаркаш чи??? Оё аз шумо мепурсанд (фардо) ки ту арабхоро хурмат карди номашонро гузоштиву ту дохили Бихишт шав ё ту форсхоро хурмат карди дохили Чаханнам шав ??? Аввал андеша баъд гуфтор... То хамин руз хама номхо магар Араби буд ?? мисли Абуали ибни Сино , Абуабдуллох, Исмоил (-и Сомони) ва дигарон ... Ба мисли миллатчихо танхо гайбат карда метавонед. Хеч амалн нест . Як кадам ба пег мезанед дуто ба кафо ... !!!

Fофил манишин на вакти бозист,
Вакти фарах асту сарфарозист...
Бо эхтиром форси арабдустдор...)))

хе мунофикон ин шахс на аз арабхо балки аз номхо. ки дар Курьон омадааст гуфт барое ки шумоен мунофикон ки имруз худро таклиди ба кофир мекунед хабар доратон кардаистодааст агар кабул кардед нагз кабул накердед накардед чи як шахсро ки 50% ахоли дастгири мекунад шумо уро нодида. мегиред магар

Эй ту Рустами зардушт Мардуми точик мусалмонанд вай номхое,ки Эшон навиштааст хамаша Аллох бехтарин гуфтааст Мухаммад (с) гуфтаст бехтарин ном. ту намон номи Исломи дигархорам бероха накун савод надори ту ха Зардушт пайгамбар набуд. Озодагон мард боши чоп кун аз бовари набаро



Умар
Пайравони зардушт асаби шуданд. Хахаха. Абдуллох, Абдурахим, Абдурахмон инхо бехтарин номхоянд. Аз номхои Кайковусу ..... худдори кунед, бародарони мусалмон. Зардушт паёмбар набуд ва динаш хам бофтаю сохта аст...

Зи шири шутур хурдану сусмор,
Арабро ба чое расидаст кор.
Ки тахти Каёнро кунад орзу,


Эй муллохои бесавод, мо точикем на араб. Номхои арабии нодаркор барои мо точикон лозим нест. Мо номхои худамонро дорем. Точикро бо араб омехта накунед. Кадом араби худозада номи точики дорад. Э муллохо, миллатро ба холи худашон гузоред. Номхои араби аз Шумову аз фарзандонатон, ришатон аз саратон монад, бесаваодхо...

Одамхудо
Бародарон!аз хама миллати бадмедидаи араб ин форс аст.бовар кунед ман худам шохид будам чи гуна бо форсзабонхо дар фурудгохи дубай муомила карданд. аз яхуд бадтар мебинанд моро. биед худамон мубаллиги панарабизм набошем!

номотона сашаю пашаю александру ивану петроф монетон раси раветон хазяинотонба макул мешавен,мешад дуне гулистон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)