Бахшҳо

Дуои намозгузорон барои Алишер, танҳо варзишгари тоҷик дар Бозиҳои Сочӣ

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, дар намози ҷумъаи 14 феврал дар ҳаққи Алишер Қудратов, лижарони тоҷик, ки дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочӣ иштирок дорад, дуо кард. Ӯ аз ҳамаи намозгузорон хост, то аз Худованд талаб кунанд, ки ин варзишгари тоҷикро дар сабқатҳо муваффақу комёб гардонад.

Алишер Қудратови 28-сола, зодаи ноҳияи Варзоб, танҳо варзишгари тоҷик аст, ки кишварро дар бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ дар Сочӣ намояндагӣ мекунад. Ӯ рӯзи 22 феврал дар бахши лижаронии кӯҳӣ қувваозмоӣ хоҳад кард.

Қаблан, мақомот гуфта буданд, ки Алишер Қудратовро дар Сочӣ Андрей Дригин низ ҳамроҳӣ мекунад. Вале Дригин рӯзи 7 феврал, ҳангоми муаррифии ҳайатҳои варзишии Тоҷикистон дар Сочӣ, иштирок накард ва номи ӯ дар торнамои “Сочӣ2014” низ нест. Мақомот то ҳол нагуфтаанд, ки Андрей Дригин чаро дар ин сабқат қувваозмоӣ намекунад. Дар ҳоле ки иштироки Владимир Владимиров, молики тарабхонае дар Красноярск, дар ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Сочӣ баҳсҳои зиёдеро ба по карду дар пайи он мақомоти тоҷик гуфтанд, ӯ ба ҳайси мураббии Андрей Дригин дар он ҷо ҳузур дошт.

Олимпиадаи зимистонаи Сочӣ, ки 7 феврал ифтитоҳ шуд, то 23 феврал идома хоҳад кард. Дар маросими ифтитоҳи он Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ иштирок карда, ҳангоми гузаштани ҳайати варзишии кишвар дар парад аз ҷои худ хеставу дастафшонӣ намуд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Аз Худованд тарсед Озодагон о Шумо ба намози Чумъа хонда меравед е +оварии хабар. ин аз руи инсофи мусулмони нест аз Худованд тарсед.!!!!! тафрика наандозед байин мардум.

хай- хай
хаминам гап шуду......

Мубориз
Эй---ашхоси-худобехабар-Алишер-миллати-моро-
дар-Олимпиадаи-байни-миллату-давлатх
о намояндаги-мекунад.Чи-барои-у-дуо-накарда-б

Точик
Рузи чумъаи дигар аз боло чи фармо мешуда бошад!? Акнун масчид чои мавъизаву Куръонхони неву чои эълони карору фармонхои хукумат шудааст. Магар ба хонаи Худо барои намозхони мераванд, ё барои чонибдори аз командаи Точикистон дар Олимпиада? Пас набошад хангоми чемпионати чахонии футбол дар байни масчид як телевизор монеду муъминон ура гуфта командаи Точикистонро дастгири кунанд.

Сайидмукаррами азиз, бехтараш ту барои арвохи садхо мардикори кушта дар Россия дуо кун, на барои лижарони точик дар Сочи. Президент дар Сочи аст гуфта, фаромуш кардед, ки шумо дар масчид хастед ва бояд ба Офаридгори президентхо итоат кунед.

варзишгар
Агар Алишер Кудратов чои аввалро гирад пас маьлум мешавад ки муллои зур будай агар не значит фальшивый.

варзишгар,
Алишера Худо хоха, муллои зури худи хамон заминхои Тагоб дуо додагияй, у Мулло бовода гап нест. Мо фахр мекунем ки, як Точик дар олимпиада иштирок дорад. Ахсан, лекин чои баланд гирифтан бисьер мушкил, дар ин намуд. Як иштирок, хам як давлати калон.

муслим
ин мулло сум кор каданиай барои хамин

barodarho du'o kardan baroi pul namesha. Mo khalq du'o mekunem KHUDOVAND natijai duoi moro medihad nainki mullo. Barodarho hangomeki komentariy mekuneton aval andesha kuneton. Na har mullo baroi pul kor mekunad!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)