Бахшҳо

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ ба номи Худо қасам хӯрд, ки...

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз сокинони кишвар даъват кард, дар баробари таблиғгарони аҳзобу мазоҳиби ифротӣ хомӯш наистанд.

Ӯ дар намози ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе гуфт, “мову Шумо бояд даҳани ин таблиғгарони салафию шиащои "Исноашария"-ро бандем”. Дар ҳоле ки ба қавли муфтӣ, “ин таблиғгарони мазоҳиби ифротӣ дар бағал пачкаҳои доллар вориди ҷомеаи мо шуда, мехоҳанд, бархе аз сокинони кишварро аз мазҳаби Ҳанафия берун созанд”.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таъкид кард, ӯ борҳо аз ҷавонони кишвар даъват кардасту боз ҳам мекунад, ки ба ҳеч гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ напайваста, зиндагии хешу атрофиёнашонро табоҳ насозанд. Абдулқодирзода аз афроди таблиғгари равияи шиа ва салафия дар ҷомеаи мазҳабии тоҷик хоинони Ислом ном бурда, гуфт, ҳоло фарҳангу маърифати динии мардуми мо ба ҳадде поин аст, ки бардошти гуногунмазҳабию барангехтани масоили ихтилофии диниро надорад: “Ба Худо қасам ҳар кас масоили ихтилофиро дар ҳамин замон мебардорад, душмани Ислом аст.”

Ин дар ҳолест, ки ахиран Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ гуфта буд, ҳар кӣ дар Осиёи Миёна алайҳи арзишҳои мазҳаби “Ҳанафия” таблиғ ва мубориза мебарад, душмани Ислом бояд хонда шавад. Раиси ҲНИТ дар мулоқот бо донишҷӯёни тоҷики муқими Эрон таъкид карда буд, тӯли садсолаҳо мешавад, мардуми Осиёи Миёнаро дини Ислом ва мазҳаби “Ҳанафия” дар канори ҳам ҷамъ кардааст ва ба миён омадани равияву мазоҳиби дигар дар минтақа боиси низоъ ва нооромӣ хоҳад шуд.

Даъват ва пуштибони аз мазҳаби Ҳанафия дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар муқаддимаи Қонуни нави кишвар оид ба дин ҳам навишта шудааст: “Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, Қонуни мазкур қабул карда мешавад.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Сабури
Мебахшед (муфти) аз Худо натарсида чавонони то чини 16-ро нагузошти, ки масчид равад, масчид чои илм, адаб, иффат, бо хабар будан аз фарханги исломист, нагузоштед имруз чихел даъво мекунед, ки ба дигар равияхо гаравида нашан. чавонон аз кучо медонанд, ки мазхабу равия чист, чи бояд кард айбаст айб.

Агар ин тавр бошад, дари мадрасаро кушоед ва таблиготи дурустро ба рох монед.

Танхо Точикистон аст, ки худро таблиггари мазхаби ханафи эълон карда, дар баробари ин таълимоти мазхаби ханафиро барои чавонони то 18 сола манъ кард.
Оё ин худ шаходат аз он намедихад, Шурои уламо ва Кумитаи дин душмани ислом ва душмани ханфиянд?

hkghl
Худи туро чузви салафихо мегуянд оё дуруст аст?

АВТАНДИЛ
Шумо-козикалони-бефахм-бо-салафихо-сару-кор
-гиред.Ирону-шиъаи-Форсу-бузгони-форс
-Рудаки-Фирдавси-Беруни-Сино-Н.Хусрав-Туси-М
авлавии-Рум-Алии-Хамадони-ва-дигарон
-аз-ману-шумову-кабоили-тркхои-узбакия-садс

Шам
Шумо худ зидди Ханафия мубориза мебаред, хатто зидди Худо!!! Аз рафтани масчид манъ кардан, магар зидди Худо нест??? Боз шарм накарда ислом мегуед!!!

Ханафи
АВТАНДИЛ
,

Набояд шумо шиъахои ифротгароро хакки озодона фаъолият карданро диханд. Чунки шумо хамаро ба кабрпарастиву имомпарасти даъват мекунед. Худатонро бо Н.Хусрав киёс накунад. У ба сахобагони киром дашном намедод ва модари муъминон хазрати Оиша(р) зинокор намегуфт, аммо шиахои ифроти ин корхоро мекунанд. Ва инчунин салафихоеро, ки бо мазхаби ханафи ихтилофи назар доранд, бояд лачомашонро сахт дошт. Умуман ба чомеаи мо гайр аз мазхаби Ханафи дигар равияхо ва мазохиб хатар эчод мекунанд. Бояд ин нуктаро макомот хуб дарк карда, пайравони онхоро зери назорати шаддид бигирад. Ханафи бехтарин мазхаб ва муътадил аст.

озод
марг ба хамин мазхабхойи шумо хамат хочахойи араб хастед арабе ки бо зуриву куштор исломро ба мо чори кард ва то имруз ин куштор бо пули хароми аараб давом дорад садкаий паембар ЗАРУШТ шавед хамаат фурухтайи араб табармусулмонхо бас кунед мазхаббозию арабситоиро инсони пок шавед дили рост дошта бошед рохатон рост бошад ин аст худопарасти.халки афгони бефахмро бо пули хароми араб худашон якдигарашонро мекушанд кай шумо чашматонро боз мекунед сиехро аз сафед чудо мекунед то ба кай кур_курона рафтор мекунед.

чорч буш.
Мебахшед чаноби муфти мо чавоно медонем чи кор кунем шумо хутон ислох шавед чавонхоро аз масчид манъ кардед шарм надошта бо гап мезани..

саид
муфти муҳтарам агар шумо хоҳед ки равияҳои бегона дар Точикстони мо пайдо нашавад агар шумо хизматгори дин бошед бояд шумо якум пешниҳод кунед ки дар тамоми мактабҳо дарсҳои дини аз чумла таърихи ислом дарси қуръон роҳандози шавад

Ооо ича хама салафио чамь омадан ку

Н.Н
Хело бе чост ин суханхои раиси уламо,зеро мо дар давлати дуняви зиндаги мекунем.Хатман пушти ин суханхо ахдофи сиесийе нухуфта аст.Маълум аст ки танхо шиъаро гуяд дур аз маслихат мешавад лизо салафияро хам илова мекунад,яъне хадаф шиа хаст на чизи дигар.Хело бе чост ин суханхои раиси уламо,зеро мо дар давлати дуняви зиндаги мекунем.Хатман пушти ин суханхо ахдофи сиесийе нухуфта аст.Маълум аст ки танхо шиъаро гуяд дур аз маслихат мешавад лизо салафияро хам илова мекунад,яъне хадаф шиа хаст на чизи дигар.

haqju
LIDERI SALAFIHOI TOJIKISTON BARODARZODAI HAMIN MUFTI AST VA ZERI HIMOUAI Y FAOLIIAT MEKUNAD!SADKAi kasam shavi!

гости
ин муфти чи гуфсос худиш намефхмад

ironi
Ajab ensone bi adabi ast in mufti. Ajab mehmonnavozoni hastid shumo tojikho. Ruzi ke mehmoni olirutbe az Iron dorid, boyad chenin harfhoyi dar namoz jum`e bayon shavad? sharmovar ast.

ислом.70mail.ru
Баъде ки Точикистонро салафи зер кард баъд муфти бедор шуд Ба фикрам кидат кардан муфтиро салафихо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)