Бахшҳо
12 авг 2011 06:24Иқтисодӣ

Оғози фурўши барқ ба Афғонистон

Ин зимистон боз мардум бебарқ мемонанд?


Барои фурўши нерўи барқ тавассути хати интиқоли «Сангтўда-Пули Хумрӣ» Тоҷикистон бо Афғонистон ба мувофиқа расидаанд. Тибқи иттилои муовини аввали вазири энергетика ва саноат, Пўлод Муҳиддинов сар аз моҳи август интиқоли барқ ба Афғонистон оғоз мегардад ва то охири моҳи сентябр идома пайдо мекунад. Зеро ба гуфтаи ў дар зимистон барои таъмини аҳолии кишвар нерўи барқ нокифоя аст ва аз ин рў танҳо дар тобистон ба Афғонистон фурўхта мешавад.

Сохтмони хатти интиқоли барқи «Сангтўда 1» тариқи вилояти Бағлону Қундуз, ки бо қарзи имтиёзноки Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ шуда буд, бояд то моҳи майи соли 2010 хотима меёфт. Мақомоти Тоҷикистон мегўянд, ки моҳи майи соли гузашта сохтмони ин хат дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба пуррагӣ анҷом дода шудааст, аммо бо сабабҳои ҷой доштани мушкилӣ дар сиёсати дохилии Афғонистон дар ин кишвар сохтмони хати мазкур кашол ёфтааст ва танҳо моҳи июли соли ҷорӣ ба итмом расидааст. Ба гуфтаи Пўлод Муҳиддинов ширкате, ки ба сохтмони хати интиқоли барқ машғул аст то дар ҳар минтақаи Афғонистон аз қумондонҳо иҷоза нагирад, корро идома дода наметавонист. Роҳбарияти Афғонистон ва намояндагони БОР бо қумондонҳо ва аҳолии минтақа сўҳбат карда, фаҳмонидаанд ва бо розигии онҳо корҳоро ба сомон расонидаанд.

Гуфта мешавад, ки дар нимсолаи соли ҷорӣ нақшаи истеҳсоли нерўи барқ 8, 3 млрд. кВ соат буд ва 8,1 млрд. истеҳсол шуд. Сабаби иҷро нашудани нақшаи пешбинишударо муовини вазири энергетика ва саноат аз ба фурўш нарафтани барқ медонад. Вай дар ин бора дар як сўҳбат чунин гуфт: «Фурўши барқро ба Афғонистон ба нақша гирифта будем, аммо ин кишвар дар моҳи май харидорӣ карда натавонист ва аз ин ҳисоб нерўи барқ кам истеҳсол карда шуд. Соли гузашта тақрибан 5 млн. кВ соат барқро фурўхта натавонистем ва обро партофтем. Ба нақша гирифтаем, ки 5 сол аз моҳи апрел то сентябр ба Афғонистон барқ фурўшем. Дар фасли тирамоҳу зимистон намефурўшем. Зеро барои худамон намерасад.  Солҳои наздик бо ба кор андохтани қисмати аввали нерўгоҳи Роғун имкон дорем, ки талаботи дохилиро пурра таъмин кунем ва тирамоҳу зимистон барқи иловагиро фурўшем. Лекин миқдори онро пас аз ба кор даровардани нерўгоҳ муайян мекунем. Ба Афғонистон хатти ду занҷираи 220 киловат кашида шудааст, ки дар ҳар як соат аз 500 то 600 мегават барқ интиқол дода метавонем. 500 мегават дар як соат маънои дар як шабонарўз қариб 10-11 млн. кВ соат интиқоли нерўи барқро дорад. Мо ҳаракат мекунем ки бо назардошти омодагии Афғонистон то 150 мегават дар як шабонарўз барқ интиқол диҳем. Лекин ман гумон мекунам, ки ҷониби Афғонистон имсол аз 50 ё 70 мегават зиёд харидорӣ карда наметавонад. Барои он ки дар Қундуз ва пули Хумрӣ ду зеристгоҳ сохтан даркор аст, ки ба Бағлон барқ интиқол ёбад. Аммо сохтмони ин зеристгоҳҳо моҳҳои октябр-ноябр ба итмом мерасад. Мо танҳо ба самти Кобул барқ дода метавонем».

Аммо тибқи маълумоти расонаҳо ахиран ширкати «Барқи тоҷик» бо як ширкати афғонӣ ба мувофиқа расидаанд, ки дар моҳи аввал 20 мвт/с нерўи барқи кафолатнок ва 5 мвт/с ғайрикафолатнок фурўхта шавад. Гуфта мешавад, ки нерўи барқ барои Афғонистон имсол 3,5 сент ва аз соли оянда аз рўи шартнома ҳар сол 2 сентӣ фурўхта хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки Афғонистон аз Ўзбакистон барои 1 кв соат нерўи барқ беш аз 7-7,5 сент пул месупоридааст. Барқе, ки Тоҷикистон мефурўшад ду маротиба нисбат ба нархи нерўи барқи Ўзбакистон арзонтар аст. Вале имзои шартнома бо нархи 2 сентӣ барои фурўши ҳар киловат соат нерўи барқ ба Афғонистон дар ҳолест, ки арзиши аслии барқи Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ба 1, 95 сент баробар аст, мегўянд мақомоти Вазорати энергетика ва саноат. Дар Афғонистон бошад арзиши аслии нерўи барқе, ки истеҳсол мешавад ба ҳисоби миёна 11-12 сентро ташкил медодааст. Лекин дар маҳалҳое, ки аз дизел –генератор истифода мешавад як киловатт соати он ба 40-45 сент баробар будааст.

Коршиносони тоҷик мегўянд, ки дар ҳар сурат бо нархи арзон Тоҷикистон метавонад дар бозори энергетикии минтақа рақобат кунад ва ҳатто бештари кишварҳои харидорро ба барқи арзони худ ҷалб намояд. Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунист мегўяд, ки инро мақомоти Ўзбакистон барвақт дарк кардаанд, ки аз оғоз бар зидди истиқлоли энергетикии Тоҷикистон мубориза мебаранд. Зеро дар баробари нерўи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон нерўи барқи гароннархи Ўзбакистон рақобатпазир буда наметавонад.
Ахиран масъулони ширкати «Ўзбекэнерго» изҳор доштаанд, ки бо имзои қарордоди интиқоли нерўи барқ ба Афғонистон тавассути хати нави интиқоли «Сангтўда-Пули Хумрӣ» Тоҷикистон бо Ўзбакистон рақобатро шурўъ намудааст.

Аз ҷониби дигар дар сурати ба кор шурўъ кардани лоиҳаи «CASA 1000» хатҳои баландшиддати барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон интиқол меёбад, ки ба гуфтаи масъулини ширкати «Барқи тоҷик» Тоҷикистон омода аст, ки дар тобистон то 2 ҳазор кВт соат нерўи барқро ба ин кишварҳо содир намояд. Барои ин бозори калонро аз даст надодан мақомоти ўзбак ба Покистон варианти узбакии худро пешниҳод карданд, ки тибқи он Ўзбакистон бояд ба Покистон нерўгоҳ сохта диҳад ва бо ин шарт Покистон аз харидории барқи тоҷикӣ худдорӣ варзад. Вале дар ҳар сурат арзиши барқи ўзбакӣ нисбат ба тоҷикӣ дар рақобат тобовар нест. Танҳо мушкил дар он аст, ки Ўзбакистон зимистону тобистон метавонад барқ фурўшад, вале фурўши барқи Тоҷикистон дар тобистон ба хориҷи кишвар ночиз арзёбӣ мегардад ва дар зимистон худи мардум аз норасоии нерўи барқ азият мекашанд.

Дар ҳамин ҳол ҳам тибқи баъзе маълумотҳо дар зимистон ҳам барқи тоҷикӣ ба хориҷи кишвар ба фурўш бароварда мешавад. Дар ҳоле, ки дар минтақаҳои кишвар мардум тақрибан аз нерўи барқ маҳруманд. Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегўяд, ки тўли 4-5 сол аст мақомоти кишвар ваъда медиҳанд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани ду агрегати Роғун масъалаи норасоии барқ аз байн меравад. Вале бо ин ҳама баҳсу баррасиҳо шояд Роғун ҳам дар ин даҳсолаҳо сохта нашавад. Мақомот мегўянд, ки зимистон барқ намефурўшанд, вале оҷонси омор зимистон иттилоъ дода буд, ки ҳудуди 1 миллион кВ соат барқ фурўхта шудааст. Вай аз ҷумла чунин гуфт: «Ман гумон мекунам, ки агар хати 220 киловата ба Афғонистон кашида шуда бошад, ин зимистон низ бо баҳонаҳои зиёде мардум боз бебарқ мемонанд».

Аммо муовини аввали вазири энергетика ва саноат, Пўлод Муҳиддинов мегўяд, ки дар зимистон фурўши барқ аз ҷониби «Помир энержӣ» сурат мегирад. Ў гуфт, ки «соли гузашта тариқи Бадахшони Афғонистон барқ фурўхта шуд. Қисми асосӣ аз ҳисоби фурўши барқи «Помир энержӣ» мебошад. Қисми ночизро ба ҷануб фурўхтем, ки ин аз сад як ҳисса ҳам нест. Фақат барои сиёсат, барои он ки ин минтақаву бозорро дар оянда аз даст надиҳем. Агар намефурўхтем ҳам ба мо ҳеч фоидае надошт ва ниёзи мардумро бароварда намекард».

Аммо дар мавриди таъмини аҳолӣ бо барқ муовини авали вазир чунин мешуморад, ки нерўгоҳҳои хурду миёна мавриди истифода қарор мегиранд ва инчунин барои анҷом додани ду агрегати аввали Роғун маблағи аз мардум ҷамъоварда ва аз буҷет ҷудошуда кифоя аст. Ягона монеа он аст, ки бояд посухи мусбати ширкатҳои баррасикунанда ироа гардад. Пўлод Муҳиддинов иброз дошт, ки «мо соли 2009 омода будем маҷрои дарёи Вахшро баста, корҳои сохтмониро идома диҳем. Аммо вазъияте, ки бо ҷумҳурии ҳамсоя ба миён омад, садди ин кор гашт. Дар ҳама ҷо, дар Созмони миллали муттаҳид, дар Бонки ҷаҳонӣ ва Комиссияи сарбандҳои бузург овозаҳои беасосро бардошт ва мо бо кўмаки СММ ва дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ қарзи имтиёзнок гирифта, барои баҳодиҳии бехатарии таъсири техникӣ-иҷтимоӣ ва экологии нерўгоҳи Роғун аз рўи талаботҳои байналмиллалӣ тендерҳо гузаронем. Мо маҷбур будем ҳар як корро бо Бонки ҷаҳонӣ мувофиқа кунем. Барои ҳамин ин як вақти муайянро гирифт. То маҷрои дарёро набандем, корҳои зиёдеро анҷом дода наметавонем. Бо назардошти он ки дар миқёси ҷаҳон нишон диҳем, ки Тоҷикистон ҳамаи корҳоро дар асоси меъёрҳои байналмиллалӣ анҷом медиҳад, фақат бо ҳамин сабаб як-ду сол кор қафомон шуд».

Ин дар ҳолест, ки агар ба гуфтаи мақомот эътимод кунем, ба хориҷи кишвар барқи ночизе фурўхта мешавад, ки бо ин усул бозорро нигоҳ доштан ғайриимкон аст. Зеро талаботи ягон харидорро қонеъ карда наметавонанд. Аз сўи дигар барои фурўши барқ ба хориҷ ва бозорро ҳифз кардан Роғунро аввал сохтан зарур меояд, ки бунёди он ҳам норавшан аст. Дигар ин ки бо норасоии шадиди барқ дар дохили Тоҷикистон фурўхтани он ба берун ғайримантиқист ва бо ин рафтор масъулини соҳаи барқ дар назари мардум бад намудор мешаванд. Дар натиҷа на бозори беруна ҳифз мегардад ва на дар дохил имиҷ пойдор мемонад.  
Исфандиёр Халилӣ{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)