Бахшҳо

Бишкек гуфт, пешниҳодҳои Душанберо баррасӣ ва баъд посух медиҳад

Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби сарвазир Муродалӣ Алимардон зимни мулоқот бо ҳайати Қирғизистон таҳти роҳбарии ноиби сарвазири ин кишвар, Тоқон Мамитов дар Бишкек пешниҳодҳои худро дар мавриди баҳсҳои марзӣ ироа кардаст.

Тибқи иттилои ҳайати Тоҷикистон ҷониби қирғизҳо ваъда доданд, ки баъди омӯзиши пешниҳодҳо посухашонро тариқи роҳҳои дипломатӣ пешниҳод хоҳанд кард. Ба иттилои манбаъ ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки мулоқоти навбатии ҳайатҳо моҳи марти соли равон дар Душанбе баргузор мешавад.

Аз пешниҳодҳои асосии Тоҷикистон зимни ин гуфтушунид аз ҷумла талаби роҳи мустақим аз Исфара то Ворух, қатъи сохтмони иншоотҳо дар мавзеҳои баҳсбарангези наздимарзӣ ва ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзӣ арзёбӣ мешаванд. Қирғизистон баъди тирпарронии 11-уми январи соли равон, миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз марзҳояшро бо Тоҷикистон баста, ҳамзамон ба сохтмони роҳи баҳсбарангези Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ, ки боиси тирпаронӣ шуда буд, идома дода истодааст.

Ин дар ҳолест, ки дар пайи тавофуқи рӯзи 31 январи Муродалӣ Алимардон, ноиби нахуствазири Тоҷикистон, бо ҳамтои қирғизаш--Тоқон Мамитов се гуруҳи кории махсус аз Душанбеву Бишкек ташкил шуда буд. Ин гуруҳҳо 5 феврали соли ҷорӣ ҷаласаи нахустини худро дар Исфара баргузор карда, кори худро аз Хоҷаи Аъло, маҳалли тирпаронии 11 январ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз, шурӯъ намуда буданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, “аз ҷониби Душанбе гуруҳи корӣ оид ба масоили низомию марзро Шералӣ Хайруллоев, ёрдамчии раисиҷумҳур оид ба амният, гуруҳи корӣ оид ба мушаххас ва аломатгузории марзро Маҳмадтоҳир Зокиров, раиси Кумитаи заминсозӣ ва гуруҳи корӣ оид ба истифодаи роҳҳои наздимарзиро Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Тоҷикистон роҳбарӣ доранд.”
Мӯҳр
то ба кай мо истиҳола намоем, аз ин қирғизҳо суиистифода карда истодаанд, мо ҳам принсипҳои миллии худамонро ҳифз намоем то зери по нашавем. ҳамаи заминҳое, ки бо гуноҳи раисҳои пешин аз даст рафтааст, бояд гирифта шавад, умедворам ки Ҳукумати Тоҷикистон истодагари мекунад ва сарзаминҳои тоҷиконро пас мегирад

точик
Акнун то мохи март гузаргохо хамин хел махкам мемонанд чи?

холис
Барои хамин гапро расондан 3 кас ба Бишкек рафтед???? Агар шумо онхоро мутакод карда натаовнед, барои чи меравед, танхо барои арз кардани хамин пешниходхо??? Метаовнистед, шумо хам тарики роххои дипломати пешниходу кунеду, давида ба пешашон наравед. Хичи намефахмам. Се шахси сохибнуфуз рафтанду пешниход карданду гашта омаданд. Тамом???? Натичаи кор чи? Оё президент мепурсад, ки чи натича аз ин гуфтушунид ба даст омад?????

ozod
Холо дар Киргизистон такрибан 600 камази мардум боздошт шудаги инро хам ба миен гузошта бошан, агар байни камазхо 4-5 камазаш аз хаму бологихо мешуд зуд хами масалая дида мебаромадан. Ин бологихо чи парвои халк доранд.

ватан
Токон Мамытови киргиз делегацияи моро масхарабози карда истодааст. Ягон одами босаводтар нест бо ин одам гапашро гузаронад. Аз саволу чавоби бо озоди кардааш маьлум шуд ки ин одам патриоти асили ватанаш будааст. Нотарсона бе дудилаги руи рост ба саволхои журналист чавоб додааст. Аз озоди хохиш ва илтимос бо Муродали Алимардон хам саволу чавоб ташкил карда чоп кунед.

Ж.К. ВАН ДАММ.
Шахсан ман дар исфара будам, ахолии чоркух хакикатан дар азоб, агар мо бо зури заминамонро нагирем яьне бо кувваи худамон, хаминхел мемонад дар хозира замон ки зур биёяд хамоно аз худаш мешад.

"Дузди зур сохиби говро задааст" мегуянд, рост будааст. Замин замини мо бошад, пас ин киргизхо номаъкул мекунанд. Дар ин гуфтушунид Сайдамир Зухуровро бояд чалб кард, чунки у "сир"-дон са сири хамаро медонад. Хамчунин сохиби дипломатияи чахонист. Замин барои Алимардон савдо, барои Зоиров заминфуруши ва барои Асозода намедонам чи нест. Сайдамир Зухуровро фиристед. У чону чигари миллат аст

Аз мухтарам Алимардонов хохиш менамоям, ки чи тавре киргизхо истодагари мекунанд мо хам кунем.Онхо роххои сархади моро бастаанд, мо бошем хохиши бо онхо мулокотро мекунем.ман намефахмам. Мухтарам Алимардонов, Шерали Хайруллоев .... Мо рохи 275 метрае, ки аз байни мо мегузарад ва рохи Охсойро аз назди Шашараи хочаи Аъло бандем, бовар кунед киргизхо дар як руз хохиши бо мо мулокот карданро хохиш мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)