Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 апрел 2019, 11:00

Талаби ҷуброни зарари маънавӣ аз Абдуфаттоҳи Ғоиб дар додгоҳ (ВИДЕО)

17 феврал 2014, 13:55

Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав, рӯзи 17 феврал аз болои Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикоят бурданд. Шуҳрат Қудратов, яке аз се вакили дифои Зайд Саидов гуфт, тариқи додгоҳ аз Абдуфаттоҳи Ғоиб талаб мекунанд, ки изҳороти беасосашро дар ҳаққи онҳо рад намояду ҷуброни зарари маънавӣ пардозад.

Абдуфаттоҳи Ғоиб рӯзи 4 феврал дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ташхиси ДНК-и Зайд Саидовро, ки муфаттишон ба додгоҳ пешниҳод кардаанд, 99,9 дарсад дуруст аст. Дар мавриди он ки вакилони мудофеъ навори масъулини “Био Папа”, масъули ташхиси ДНК-и Зайд Саидовро, пешниҳод карда, нишон доданд, ки хулосаи ироакардаи муфаттишон тақаллубӣ аст, Абдуфаттоҳи Ғоиб изҳор дошт: “Ин кори дасти вакилон аст, ки бо ин роҳ мехоҳанд, ба наздикони Зайд нишон диҳанд, ки кор карда истодаанд. Зеро мо медонем, ки 9 моҳ боз адвокатҳо ҳатто субҳонаро дар хонаи Зайд Саидов мехӯранд.”

Аммо Исҳоқ Табаров, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов дар шарҳи ин гуфтаҳои раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ гуфт, “шахсан ба ”Био Папа” муроҷиат кардам ва онҳо он нусхаеро, ки ба муфаттишон додаанд, ба ман низ нишон доданд. Дар он падари фарзанди гӯиё ҷабрдида будани зерҳимояи мо куллан рад шудааст.” Дар ҳамин ҳол Пажӯҳишгоҳи мустақили “Био-Папа” дар Русия низ изҳороти Абдуфаттоҳи Ғоибро, ки хулосаи ташхиси ин лабораторияро зери шубҳа гузоштааст, бе асос хонд.



Лилия Лазарева, намояндаи клиникаи “Био-Папа”, рӯзи 11 феврал дар суҳбат бо Озодагон гуфт, “мо тоза изҳороти раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистонро дастрас кардем. Ӯ моро як лабораторияе донистааст, ки гӯиё қодир аст ба ивази маблағ ба ҳар кор даст занад. Аммо дар асл чунин нест.” Лазарева таъкид намуд, ҳоло намояндагони “Био-Папа” изҳороти Абдуфаттоҳи Ғоибро мавриди омӯзиш қарор додаанд ва баъдан эҳтимол ҳуқуқшиносонашон ба Вазорати умури хориҷии Русия дар ин маврид муроҷиат кунанд. Ба гуфтаи ӯ, аз ин тариқ мехоҳанд, дар минбаъда аз изҳороти беасос дар ҳаққи онҳо ҷилавгирӣ шавад. “Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем шаъни худро ҳифз кунем”,-афзуд Лазерева.

Зайд Саидов баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” боздошт шуд. Додгоҳ моҳи декабри соли гузашта, баъд аз ҳафт моҳи боздошташ, ӯро дар қаллобӣ, сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус муҷрим шинохта, барои 26 сол равонаи зиндон кард. Вакилони мудофеи Зайд Саидов мегӯянд, то ҳол нусхаи ҳукми додгоҳро дарёфт накарда, додрас Шавкат Абдулхайров ба онҳо шарт гузоштааст, ки танҳо дар сурати ифшо накардани ҷузъиёташ ҳукмро ба онҳо хоҳад дод.


Абдуфаттоҳи Ғоиб дар бораи ташхиси ДНК-и Зайд Саидов

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • арбоб

  • 17 феврал 2014 14:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ай дстон хок намия
Посух додан
  • Салим

  • 17 феврал 2014 14:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гушон карданд аку ..
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кай ва кадом намояндаи Ҳукумат аз ҳақиқат дифоъ карда буд, ки инаш кунад!
Сардор боз ягон роҳашро меёбад, ки даъвогарон наметавонанд ба мақсад расанд.
Суд даъвояшонро қабул намекунад.
Лекин ин се нафар аҳмақ нестанд ва косалеси Зайд ҳам набуданд. Бояд то охир бираванд. То суди олӣ ва байналмилалӣ.
Бигузор ақаллан як бор сардори як ниҳоди давлатӣ назди қонун ҷавоб диҳад!
Посух додан
  • беном аз Душанбе

  • 17 феврал 2014 16:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худи хамин Абдуфатохи Гоиб чи кадар шахсони бегунохро гунахгор карда шинонда аст,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МАН БА ИН МАРДАК ХАЙРОН МОНДАМ ЯГОН СУХАНИ АНИК НАДОРАД " ИНРО ВАЙ КАРДЕМ ОНРО ВАЙ КАРДЕМ" ИН БЕСАВОДРО КИ БА САРИ ВАЗИВФА МОНДА БОШАД ? ХАТТО СУХАН КАРДА НАМЕТАВОНАД. МАГАР БО ВАЙ КАРДАН ДАВЛАТ ПЕШ МЕРАВАД ?
МАЪЛУМ АСТ КИ ТУХМАТИ РУИРОСТ КАРДА ИСТОДААСТ.
Посух додан
  • Сафо.

  • 17 феврал 2014 17:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э пистаҳои бе мағз,кай бошад аз шумо халос шавем
Посух додан
  • инсоф

  • 17 феврал 2014 21:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
рахмат ба шумо фато гоибович ,ки сари рохи ин заидро гирифтед агане ягон балоро ба сар меоварданд барои хамин хизматои шабонарузиатон ба хамаи кормандони хифзи хукук рахмат шахсан ба шумо минадори хешро байон мекунем
Посух додан
  • Ахмад

  • 17 феврал 2014 22:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хайф бар хамин Хабарнигорон магар ба Фаттох фахмондан душвор аст ки ДНК мушахас мекунад ки падари кудак Зайд хаст нест ?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вакте 9 мох боз субхонаро дар хонаи зайд хурди мачбур хасти ки содик буданатро нишон тии... ин субхона як тараф истад, хамука сол ай пули зайд мечариден... рост мега саидов. Хизматои саидов вокеанам арзанда, меган хас каму чахон пок. амитари хасора пок кардан даркор....

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!