Бахшҳо
18 фев 2014 18:55Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Боздошти шаш талаба барои занозанӣ ва захмӣ кардани Ҷовидон Одинаев

Миёни як гуруҳ аз хонандагони мактабҳои миёнаи 32 ва 59-и шаҳри Душанбе рӯзи 17 феврал задухӯрде ба миён омадааст. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар суҳбати кӯтоҳ бо “Озодагон” ин хабарро таъйид карда, гуфт, дар пайи ин задухӯрд, яке аз донишомӯзон захм бардоштааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати умури дохилӣ, ин задухӯрд дар кӯчаи Маяковскии пойтахт рух дода, “ду гуруҳи хонандагон аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуданд”. Ҷаноби Садриддинов мегӯяд, “дар натиҷаи ин бетартибиҳо аз ҳарду гурӯҳ чанд нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд, аз он ҷумла, ноболиғ Ҷовидон Одинаев (1996) захми халандаю буранда аз қисми шикамаш бардоштааст.”

Ба қавли манбаъ, ҳоло бо гумони даст доштан дар ин кор Иқболшои Ҳақназар, Убайдулло Мунавваров, Аҳлиддин Сангинов, Алиҷон Муъминов (соли таваллудашон 1997), Амриддин Камолов ва Сайёд Шоназаров (соли таваллудашон 1996), сокинони шаҳри Душанбе, боздошт шудаанд.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуда, тафтиш идома дорад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Муаллим
Ин талабахо хамаашон дар мадрасахои исломи таълим гирифта бошанд ва е масчид мерафтанд, ки чунин радикалу беадаб шудаанд? Магар максад аз монеъи рафтан ба масчиду мадраса пешгирии гароиши талабахо ба зуровариву ифротгарои набуд? Чи шуд? Ин холо хушае аз хирвор аст, баъди чанд соли дигар бачахоро мачбури ба тарафи масчиду мадраса бурдани мешавем, вале дер мешавад. Инро ман хамчун муаллим мегуям.

Джими
Чихеле, ки мадрасахоя бастанд, мактабхоям бандандохир.

Шохиди хол
Ин ду мактаб дар махаллаи 33 вокеъ аст, ки пайваста байни хонандагонаш занозани рух медихад. Хамон руз хам занозани бисёр сахт буд. Дируз бо иштироки прокурори шахр Гадоев, сардори РВКД ва дигар масъулин дар сахни мактаби 59 мачлис доир шуд. Ташкилкунандаи хамаи ин занозанихо писари яке аз мансабдорон аст, ки бо вучуди чандин огохихо аз феъли бадаш даст намекашад. Ба фикрам дар ин чо дахолати худи президент зарур аст.

муҳоҷир
ин аст қонуни то 16 сола ба масчид рафтан маън карданд ҳоло ин кам самарашро баъди чандсоле мебинед

Салом. Агар вокеан писари мансабдоре сабаби ин низоъ шуда бошад пас оё чунин шахсон арзиши кор кардан дар вазифахои мухимро дорад? Аммо дар масъалаи наврасоне ки ба чунин амал даст мезананд гуфтаниам ки надоштани таълими волои Исломи ба чунин ахвол расондааст.. Ва бадтар аз инро метавон интизор шуд.

Масъуд
Бародарон чи хисёти авбоши мечуед инчо!Чанд сол боз на танхо дар мактабхои шахри Душщанбе,балки дар мактабхои дигар шахру нохияхо чунин чанчоли мактаббачагон аз "хиссиёти авбоши" давом дорад,лекин инчо хиссиёти авбоши набуда,макомотхои чосусии кишвархамсояхо ин чангхоро аз руи хусуматхои махалли ва минтакави ,ба хотири-пор-пора кардани миллат андохта истодаанд.Ин масъаларо сабук напиндоред ва чиддиятона аз паи тадбир шавед!

8
Готовтес растет поколения авбошов

Причем ича масчиду мадраса ин як анана шудаст бар мо ба ё биёваред 2 ё 3 сол пеш чунин вокеа шуда буд ки дар натича як нафар ба халокат расида буд вахте дар телевизон падари яке аз ин гунахкорони ходиса чунон гап мезад ки гуё фарзандаш кахрамони нишон додааст ба чои шарм доштан аз чунин тарбияи фарзандаш.дар инчо падару модар гунахкор аст.масчид барои ибодат аст на барои гайра.ман афродеро медонам ки бади адои намоз берун аз масчид ба чи амалхо банд хастанд.хулоса дар хама мисолу масьала масчиду мадрасаро ба миён нагузоред.

овра аз пермы
Рост гуфи бародар холохам дернашудаст Райс кумитаи дин ва раиси маъориф якчойа дар мактабхо чавоноро ба суй масчид даъват кунанд то кй аз хар рохои Бад боз монанд вагар на азинхам батршам 1'2.сол баъд интизор шавенд БА ДИКАТОН ЯК ЧАХОН ТАШАКУР

О бародаро боз мегуям ки тарбия аз оила сар мешавад!як маколи точикихам хаст ки гуфтаанд "химчака аз таракиш,кудака аз майдахакиш" то ба мактаб аз оила бояд кудак тарбияи рафтору гуфтор,хурмату иззатро биомузад мактаб макони илм аст масчид чои ибодат..

Ачаб суханхои содда. Агар ин бачахо ба масчид раваду занозани накунад пас макомот бекорчи мемонад. Барои макомот хам клиент лозимку. Мана хозир шашта клиент парванда ба толибон

донишчу аз душанбе
Бародар ин хамаш фарзандони курсинишинонанд Ки ба пули (ришва)хаминкадар барохи рост меравад кучо фарзанди ДЕХКОН кучо кувати чанг дорад Ки ХУДОЕ нокарда фарзанди дехкон чанг кунад хамон лахза аз директори донишгох то маълим то милиса хозир мешаванд бахамиин ё ришва медихи ё аз ДОНИШГОХ пешат мекунанд

Бародар рост гуфтед тарбия аз оила ва хамчунин аз масчид мешад. То аз худо натарсад тарбия намеёбад!

Darvesh
Муаллим,
Bisyor vohima nakunen I ay pushti 1 dkhtara shiday!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)