Бахшҳо
12 авг 2011 08:01Гузориш

Мушкилӣ дар Масчо ва Оҳучӣ

«Роҳи  нави «Вешаб»  ба  ҷуз хисороти зиёди иқтисодӣ, барои сокинон  чизи дигаре дар пай нахохад дошт. Бозсозии  роҳи «Вешаб»  мушкили содироти  маҳсулоти дастранҷи деқонони картошкапарварро дучанд мекунад».  



Як гурӯҳ аз сокинони деҳаи Кӯҳистони Масчо  ва Оҳучии Ғончӣ аз бозсозии рохи «Вешаб» аз қаламрави марзии рустои Оҳучӣ нигаронӣ карда мегӯянд, ин ҷода  мушкили онҳоро дучанд мекунад. Ба қавли сокинони  Масчо  комиссиюне, ки аз ин вазъ хабар гирифта (аз мавзеи тахрибшудаи роҳ) ва тасмим дорад,  роҳи «Вешаб»-ро тавассути қаламрави Оҳучӣ фаъол кунанд, барои онҳо мушкил эҷод карда, вазъи зиндагии онҳоро сангинтар месозад. Оҳучиён ҳам мегӯянд,  хам    бозсозии  роҳи «Вешаб» аз қаламрави ин деҳа ба тахриби ҷангалзорҳо ва замини картошка ба иҷро мерасидааст.  Онҳо бо изҳори таасуф аз шеваи корбурди комиссиюн ва масъулини  ҳукумати Суғд  мегӯянд, ки чаро роҳи «Оббурдон», ки замоне бар тибки лоиҳаи давлатӣ сохта шудааст  ва ҳудуди 30 сол аст, ки сокинони Масчоро ба ноҳияҳои ҳаммарз мепайвандад, ҳамакнун ба кушодани роҳи дигари зараровар масъулин даст мезананд?   

Муллонеъмат, як сокини ноҳияи Масчо дар сӯҳбат ба хабаргузории  «Озодагон» гуфт,  сарфи назар шудани  роҳи «Оббурдон»  ва кушодани роҳи  нави «Вешаб»  ба  ҷуз хисороти зиёди иқтисодӣ, барои сокинони ин ноҳия  чизи дигаре дар пай нахохад дошт. Бозсозии  роҳи «Вешаб»  мушкили содиротии маҳсулоти дастранҷи деқонони картошкапарварро дучанд мекунад, мегӯяд Муллонеъмат.

«Агар, роҳи «Оббурдон» аз мадди назар дур шуд, тамоми сокинон ноҳия ба бӯҳрони шадиди иқтисодӣ  қарор хоҳанд гирифт. Зеро тавассути «Вешаб» расонидани маҳсулот ба мисли картошка гарон хоҳад буд,  чунин имконро бошад аксари картошкапарварон надоранд. Худи роҳи «Оббурдон» то ба имрӯз барои сокинони ноҳияҳои  атроф хизмат мекунад, ягон мушкилӣ сари равуои сокинони ноҳия ва ҳам мардуми атрофии ноҳия  вуҷуд надорад, чаро масъулин бо хароҷоти зиёд ба кушодани роҳе,  ки  аслан ниёзи мардумро бароварда намекунад  сар мекунанд?»
Дуроҳаи бероҳӣ
Дар ҳамин ҳол  Ҳоҷирачаб Юсупов, як сокини дехаи Оҳучии Ғончӣ мегӯяд, ки дар сурати бозсозии роҳи «Вешаб» аз марзи Оҳучӣ кор бар талафи ҷангалзорҳо ва замини кишти картошкаи сокинон анҷом мегирад. Ин ҳамсӯҳбати мо меафзояд,  чаро роҳе ки то ба  имрӯз  аҳамияти худро гум накардааст, акнун  аз чашми  мақомот дур мемонад?

«Шахсан худи Қоҳир Расулзода дар соли гузашта чанд маротиба тавассути роҳи «Оббурдон» ба ноҳияи Масчо  ва аз он ба навоҳии Айниву Панҷакент сафар дошт ва маълум, ки ба ҳангоми  сафараш бо ин роҳ ягон ҳодисаи нохуш рух надодааст, акнун аз баҳри ин роҳ мебароянду бо харҷҳои зиёд ба сохтани  роҳи «Вешаб» шурӯъ мекунанд. Роҳи «Оббурдон»  солҳои зиёд аст, ки барои мардуми Масчо ва Оҳучиву дигар деҳаҳо хизмат кардааст. Агар роҳи «Вешаб» тавассути деҳаи Оҳучӣ боз карда шавад, мардуми ин деҳа аз ҷангал ва замини кишташон маҳрум мемонанд, ки дигар парвариши тухмӣ ва кишти картошка маҳдуд ва бо кандани дарахтони  ҷангал  тамом мешавад»

Ҳоҷирачаб Юсупов мегӯяд, ки аз рӯи мушоҳидаҳояш низ роҳи «Вешаб» чандон барои  равуои сокинон мусоид набудааст, зеро ба таъкиди вай чангу ғубори ин рох барои нақлиёт ва ҳам барои заминҳои атроф  мушкили иқтисодиву экологӣ дар пай дорад, аммо бо ин вуҷуд мақомоти вилояти Суғд аз хавфи чунин вазъ сарфи назар мекунанд.
Ба тибқи  гуфтаи оқои Ҳоҷираҷаб як гурӯҳ сокинони деҳаи Оҳучӣ ва Масчо ,  барои ҳалли чунин масъала ба муроҷиати раисиҷумҳур шитофтаанд ва аммо маълум нест, ки ин қазия баъд аз ба президнт расиданаш  чӣ  натиҷа хоҳад дод.   

Ёдрас менамоем, бар асари лағжиши кӯҳпора дар  рӯзи 28 июли соли равон роҳи мошингарди миёни ноҳияҳои Масчо  ва Айнӣ тахриб гардида, ҳудуди 700 метри он зери сангу кӯҳпора монд. Бино ба қавли масъулин, дубора фаъол кардани ин роҳ номумкин аст, аз ин рӯ ҷодаи нав кушодан зарур гардид.
Қамари Аҳрор, Хуҷанд{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)