Бахшҳо

Таърифи Зуҳуров аз шумораи масҷидҳои Тоҷикистон дар Эрон

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, дар конфронси Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар Эрон аз фазои озоди динии кишвар тавсиф карда гуфт, ҳоло Тоҷикистон аз ҳисоби масоҷид дар Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал аст. Ӯ илова намудааст, фарҳанги миллии тоҷикон дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои динии худ дар тӯли ҳазору чорсад соли охир ташаккул ёфтааст ва мақомоти тоҷик низ ба ин даврони таърихӣ ҳамчун як ҷузъи таркибии таърихи фарҳанги миллӣ муносибат мекунад.

Раиси Маҷлиси намояндагони кишвар аз таътил эълон шудани рӯзҳои Иди Рамазону Қурбон ва таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам ёдоварӣ карда, онҳоро яке аз далоили арҷгузории давлати Тоҷикистон ба дини Ислом хондааст. Зуҳуров гуфтааст, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои аввалин бор китоби Қуръон бо забони тоҷикӣ тарҷума ва ба беш аз 500 ҳазор нафар тақсим карда шудааст.

Шукурҷон Зуҳуров, инчунин, диққати ҳозиринро ба тарҳҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистону минтақа ҷалб кардааст. Ӯ гуфтааст, “ба шумули чунин лоиҳаҳои сармоягузорие, ки кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ бояд ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир намояд, пеш аз ҳама, лоиҳаи хатти барқе, ки имконияти аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол додани нерӯи барқро дорад ва ҳамчунин бунёди роҳи оҳани пайвасткунандаи Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон, лоиҳаи сармоягузорӣ дар мавриди сохтмони роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Қулма –Қароқурум мебошад.”

Ҷаноби Зуҳуров дар идома аз сохтмони хатти лӯлаи оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба Эрон ва лӯлаи нафту газ аз Эрон ба Тоҷикистон ва роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин ёдовар шуда, онҳоро барои кишварҳои мазкур фоидаовар хондааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
usto
ин шармандахо бо изо накашида мегуянд,ки бо кишвархои исломи барк медихем худи мусалмонхои кишварашон бе барк анд хеч фикре надоранд

Бародар USTO, аклу мантик хам чизи хуб аст: барки Точикистон дар мавсими гармо ба худамон зиёти мекунад, онро хамон вакт ба дигарон медиханд.

Мухтарам Зухуров дар борайи конунхойи исломситези "Танзими..." ва"Масулияти...",ки баройи туйи исломи чаримайи хангуфт карда, то 18 солаги дар мачид намоз гузоштанро манъ мекунад,чизе нагуфта бошад? Ё баройи таълими Куръон равонайи зиндон шуданро чи???

сафи
холи ин дар ягон мацлисе нишинанд,ки сухан дар бораи мубориза бар зидди мусалмонхо бошад мегуянд,ки мо чанд тераристро кушта чандтои дигарашро хабс кардем инхел ошкор намегуянд,ки мо бар зиди мусалмонхо кор мекунем балки ин як намуд макри яхуд аст,ки мусалмонхои мо аз ин макр бе хабар анд ва парвое надоран кош мефахмиданд

Дари мадрасахоро бастанд, гирифтани таълими сломиро барои чавонони то 18-сола дар назди ин ё он нафар манъ карданд ва теша бар решаи ислому мазхаби ханафия зада истодаанд.
Насли нав куллан аз ислому аз мазхаб бехбар тарбия ёфта истодааст. окибати ин мусулмонии моро то кучо мебурда бошад?
Точикистон ягона давлатест, ки аз мазхаби ханафи гуё дифоъ мекунад, вале ягона кишварест ки омузиши ин мазхабро барои чавонон манъ кард. ку мантик?

Бояд ин шарманда дар бораи аз минбар барканоркунии пешвоёни дин ва бастани дархои масчидхо низ сухан мегуфт.

Бояд ин шарманда дар бораи аз минбар барканоркунии пешвоёни дин ва бастани дархои масчидхо низ сухан мегуфт.

kamol
In tarif nest balki hakikat dorad nisbat ba digar kishvarhoi osioi markazi dar kadom kishvari osioi markazi in kadar masjidi kalon sohtaistodaand kadom kishvarash ikdomotero dar masoili dini jashn va dasgiri namudaast ki tojikiston kardaast boyad in yakjoniba baho doda nashavad

Мухочир
туфу бар ту эй чархи гардун туфу...
Хамин "хизмате", ки дар 5 соли ахир хукумати мо кард, мугулу рус дар 600 сол накарда буд...

точик
Агар як милион масчид хам дошта буошеду мардумро намонед намоз хонанд то 18 соларо чи фоида. Хамин бародар рост гуфт барои онки хукуматдорони мо аз грантхои кишвархои исломи махрум нашаванд, вакти мулокот бо намояндахои кишвархои исломи тавре худро таъриф мекунанд ки гуё ягона мдуофеъони дин дар дйнё хаминхо бошанд!???? Вале вакте ба пеши Путину президентхои кигвархои европаву америка мераванд мегянд ки мо то 18 сола масчидрваиро манъ кардем кориёни куръон хамаашон дар махбас, муллохои асоси хаки гап задан надоран, мулохои лагандбардоре дорем ки бе ичозаи мо оби дахони худро фуру намебаранд, хичоб дар кишвари мо билкул манъ. Ин найрангбозиро гайр аз макомоти точик хеч кас дар дунё наметавонад.

Tojik
Vijdonatro hurdaast Janobi (Zuhurov) Mardumro masjid ravi namemoned, to 18 solagi masjid raftan man ast. azonro ba mikrafon dodan namemoned sabak giri namemoned. Inhora charo namegued ?

Бардошт кн я руз туро хам ба зери кувваи барк монанд яктарафагиро баъд мебини

Яъкуб.
Дар давлате,ки зидди мусалмонхост Исроил мачидро хароб намекунанду дар давлате худро 98% мусалмон медонанд масчидхоро вайрону чои таблиги ХХДТ кардаанд.Боз шарм надошта инхо сухан мегуяд.Кани он таърифхое,ки мо масчиди калонтарин дар Осиеи Маркази месозем гуфтед.Аз инчо бояд ин режим фоидаи хангуфт бояд мегирифт,вакте арабхо гуфтанд мо худамон бо маблаги худамон месозем инхо рози нашуданд.Бояд инхо ними ин маблагро хам ба кисахои холиашон мезаданд....

Tojik
Az Akai Shukurjon khelo ham umedu orzuhoi ziyod doshtem mutaasifona yagon konunu karore az tarafi hukumat kabul nashud ki ba foidai mardum boshad, tanho tarifu tasifi davlat va davatdoron ki khuni marduma ba har roh mekhurand, az hisobi Haj, az hisobi nalog, az hisobi gumruk, az hisobi roh, az hisobi havvo .... to hol yagon raisu vazira korrupsiya dastgir nakardaas ,,, tanho maida chaidara ... meyoband , okhir in vohimai vaziru raiso az hisobi chi bosha chand somoni maosh megirand... In duruggui, rusiyohi , vijdonfurushi to ba kai davom mekunad,,,, insof dored davlatdoro

Dev
Сочида,
Hohari hub Sojidahon. Hamin kadar masjidi zijod baroi mardumi kami Tojikiston hele zijodatist. Javonhoi to sinni 18 boyad ba gajr mullo shudanu Jumshudi raftana behtarash kitobhoni kunandu ilmi dunjavi dar sar joj kunand. 98 dar sad musulmoni tojikro metavon 70 dar sadashro umuman musulmon nanomid, chun ruzona dar masjidanu shabona az pasi kajfiyati hud hastand. Agar odam dar hakikat odam boshad pas baroi u hama joj pokistu hama joj joi tilovat, na tanho masjid.Shoyad gufti shumo rost boshad,ki javonakhoi hozira donishi dini nadorand, vale guruh -guruh bo liboshoi pokistonivu arabi dar girdu atrofi masjidho sajru gasht mekunand , in fakt va inchunin dahshat ,ki javonak du -se oyati arabi azjod kardastu ba tojikii hudash na harf mezanadu na nomashro ba durusti menavisad...

Darvesh
Масто,
Barodar Masto ana hamon vakte ki ziyod ast, kuvai barqro jam' kardan mumkin ast tekhnologiya muosir ba in qodir ast!!! Va pas az on dar fasli sarmo istifoda kuned!!!. Masto fikr nakun ki tu az hama dono hasti donoho purand!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)