Бахшҳо

Баҳси тунди фейсбукиҳо дар пайи “таронаи Гугуш барои ҳамҷинсгароён”

Таронаи охири Гугӯш, сарояндаи эронӣ, ки барои ҳамҷинсгароён суруда шудааст, баҳси тундеро миёни корбарони тоҷик дар Фейсбук ба вуҷуд овардааст. Аксари корбарон аз дубора зинда шудани баҳси ҳамҷинсгароӣ дар ҷомеаи тоҷик, ки аслан ин фарҳангро қабул надорад, нигаронӣ карда, ҳатто худи сарояндаро низ зери тозиёнаи танқид қарор додаанд.

Аъзамшоҳи Ширговадӣ, корбари Фейсбук гуфтааст, ҳарчанд Гугуш барои ӯ ва дигарон як сарояндаи хубу муваффақ низ ҳаст, вале ин амалаш мухлисонашро шод накардааст. Аз сӯи дигар Сарафрози Оламафрӯз, корбари дигар, ки худро аз мухлисон ва ҳаводорони Гугӯш ном бурдааст, мегӯяд, баъд аз ин сурудаш дигар сурудҳои ӯро гӯш нахоҳад кард.

Ҷаноби Ширговадӣ бар ин аст, ки ҳамҷинсгароӣ аслан мавзӯе нест, болои он дар ҷомеаи тоҷик баҳсу мунозира кард, зеро ба қавли ӯ, дини мубини Ислом, ки 99%-и ҷомеаи тоҷик пайрави онанд, мавқеи худ алайҳи ин амалро равшан намуда, онро маҳкум кардааст: “Бинобарин таблиғи онҳо дар ҷомеаи исломӣ, бахусус Тоҷикистон ҳеч хубие надорад ва берун аз ахлоқи инсонист.”

Аз сӯи дигар, Шодмон Шодмонов, корбари дигари Фейсбук, ки ҳамҷинсгароиро як беморие беш намедонад, аз зинда шудани ин баҳсҳо ибрози таассуф карда, гуфтааст: “Аҷиб! Ин мариз гиребонгири ҷомеа гардидаасту шахсони наҷибро низ сироят намудааст...”

Вале Исфандиёри Одина, корбари дигар, ки ҳамҷинсгароиро беморӣ намедонад, гуфтааст, ҳарчанд тамоми адён нисбати ливотагароён сахтгирӣ мекунанд, вале илм мегӯяд, ин беморӣ нест, вазъияте одӣ аст, аз ҷумлаи истисноҳои табиат аст.” Ӯ мегӯяд, то чанд вақти пеш созмонҳои беҳдоштӣ дар ҷаҳон ҳамҷинсгароиро расман навъе беморӣ мешинохтанд. Аммо ба қавли ӯ, баъдан ливотагароӣ аз феҳристи бемориҳо хориҷ карда шудааст.

Шодмон Шодмонов далели аз рӯйхати бемориҳо хориҷ кардани ҳамҷинсгароиро дар ҳукми қонунӣ гирифтани он дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ медонад: “Дуруст, чӣ хеле қайд кардед, баъдан вақте ки ин падида аз ҷониби абарқудратон ҳукми қонунӣ гирифт, аз рӯйхати беморӣ хориҷ гардид...” Дар ҳамин ҳол, корбаре бо номи “Имруз Радио” низ аз пуштибонӣ шудани ҳамҷинсгароён, ки аксарият онҳоро бемор медонанд, нигаронӣ карда, гуфтааст, “фардо як педофил ҳам бо ин шева ҳимоят мешавад, як қотил ҳам.”

Аъзамшоҳи Ширговадӣ мегӯяд, пушти зинда кардани баҳсҳое, ки ҷомеаи тоҷик онҳоро қабул надорад, доираҳои манфиатдор қарор доранду барои пиёда кардани ҳадафҳои вижаи худ, зуд-зуд бо ҳар роҳ ин мавзӯъро ба баҳс мекашанд. Баҳси ҳамҷинсгароӣ миёни корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ тақрибан як соли охир баҳс мешавад. Ба ин мавзӯъ сӯҳбати як сокини Душанбе, ки худро ҳамҷинсгаро номида, аз бархӯрди номуносиби атрофиён нигаронӣ кардааст, равған рехт.
Мӯҳр
TJK
Номи суруд чист?

Фирдавс
Озодагон, накунад шумо хам мисли "Радиои Озоди" ба таблиги хамчинсгароён пардозед? Ин бисёр амали бад аст.

Аслан чойи таъкид нест, ки хамчинсгарои берун аз ахлок аст. Зеро он бадтарин гунох аст, нобахшидани. Инро бояд пиру барно донад ва дар Точикистон набояд аз ин харф зад. Хамчунин аз руйи этика ва ахлоки журналистикаи точик нест, ки хангоми пахши чунин мавзуъхо дар ВАО дар матн акс чой дода шавад, ки холати хамчинсгароиро нишон медихад. Чунончи холо Озодагон чой додааст

Касе ки ливотагароиро бемори намедонад, худаш тамоюл ба ин гурух дорад. Охир барои амрад шудан чаро бачаҳои точик фосилаи зиёдеро тай карда ба аврупо мераванд? Мархамат ба хамсоякишвархои хамзабону хамдинамон равед, хам рохкиро арзон хам дар доираи хамзабонон хамаи хавою хавас бароварда мегардад. Охират хам аз даст намеравад, чунки бо хамдинон меомезанд.

Гугушро гушкунед ояндаи гуш кардани мусики хаминаст нигарон набошед наход мусалмон мусики гушкунад ин харом аст хамчинсгарои беморист ки гузаранда эхтиёт бошед.

мансур
Хаминаш намерасид. Ин чи мусибатест, ки дар ин бора бахс кард? аввал ман шахсан
Хамчинсгароро одам намехисобам. Хамчинсгароён 100% бемориаст. Касе каббул надорад он худ ба хамин бемори гирифтораст, ё майли ба ин гунохи нобахшидани дорад. Худованди яздони пок кавми лутро ба ин кори харому ношоиста гирифтор буданд, халокашон кард. Ба сарашон саг боронид, заминро зеру забар кард... ва дигар гуфтани хастам Гугуш хам аклашро хурдаст. Мавзуе ёфт нашуд,ки дар бораи ин мавзуи касиф сароедаст. Аз шумо кормандони ВАО хохиш мекунам аввалан дар бораи ин мавзуь бахс накунед! Вакте мавод менависед тавре нависед,ки нафрати кас биёяд на таблиггар. Ин бемори шармандаги аст. Ба Точикистони мо мувофикат намекунад, чун ки 97 дар сади мардумамон мусулмонаст, аз ин шармандаги нафрат дорад. Аллох таьоло моро ва тамоми миллати точики моро аз ин вабо дур дорад. омин омин.

амина
дахшат. ба ин руз хам расидем ва кавми кавми лутро дубора зинда кардем. Фарзандони кихоянд ин бешарафон.Ку аслияти милливу дини ва инсони. Рафторе ки ки хайвон анчом намедихад инсон даст зада.Окибат дунё ва точикон ба хайр шавад. Чазоро як бор Худованд ба сари кавми Лут оварда буд, имруз умматони пайёбари оххируззамон чунин корро анчом медиханд. Аз афт охири дунё наздик аст.

Чи мусулмонанд чунин нафарон. Чи умматанд ба паёмбар ва чи авлоду ачдоданд ба бобоёну падарони худ. Насли харом ва фохиша. Хайфи номи марди ки Худованд ба онхо насибу рузи гардондааст. Замонаи модаршохиро танхо бо ин амалашон ба миён меоранд.

Як бор чашмонатонро клонтар кушода нигох кунед. Чавонони чуфт чуфт дар кучахо сайр мекардаро . Чанги мактабхо низ бо ин сабаббу асос аст. Дигар сабаб нест. Чавон имрцуз барои духтар не барои чавон мечангад. Вакте писар писарро а духта ва ё девушка фарёд мекунад боз ягон далели дигар даркор аст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)