Бахшҳо

Суолҳо ба Ҷаноби Олӣ: Шукрона мекунед, агар...?

Хусрави Рустам, сокини пойтахт

Гирифтори садҳо мушкил будани Тоҷикистону тоҷикистониён ба касе пӯшида нест. Аммо анъанае ба миён омада, ки чун лаб барои ибрози мушкил кушоӣ ба шукрона накардан муттаҳамат мекунанд. Ин ибораро ба хусус мақомот ва расонаҳои давлатӣ ба мавриду бемаврид ҳамчун яроқ истифода мекунанд.

Ношукрӣ дар асл амали хубе нест ва шокир будан хулқи писандида аст. Аммо барои рафъи мушкилот пеш аз ҳама шинохтану муайян намудани худи мушкил зарур аст ва аз мушкил ҳарф задану навиштан маънои ношукриро надорад. Баръакс оне, ки ҳарф аз мушкилоти кишвар мезанад, мантиқан хостори аз миён бурдани мушкил ва боз ҳам ободтару зеботар гардидани Ватани азиз аст.

Воқеан онҳое, ки ибораи “шукрона кунед”-ро яроқи хеш қарор додаанд номи президентро ба худ сипар мекунанд. Суханҳояшон тақрибан чунин аст: -Ҷаноби олӣ сулҳ кард, ҷангро фаромӯш кардед? Шукрона кунед!

Азбаски ҷонибдорони идеяи «шукрона» дар суханрониву навиштаҳояшон номи президентро истифода менамоянд ва аз номи ӯ сӯиистифода мекунанд, мо тасмим гирифтем дар ҳамин иртибот бевосита ба худи президент бо суолҳои худ муроҷиат намоем.

Ҷаноби президент!
Тасаввур кунед, вақти дар ҳаммом оббозӣ карданатон барқ қатъ мешавад. Оё дар ҳамин вақт шукрона мекунед?
Вақте дар як сол 7 моҳ барқро бо лимит бигиред, он ҳам бидуни вақту соати муайян, шукрона мекунед?
Вақте набераи хурдсолатон дар хонаи бетонӣ аз сардӣ меларзад, шукрона мекунед?
Вақте дар тролейбус нишастаеду то манзил нарасида, барқ хомӯш мешавад ё симаш меканад, шукрона мекунед?
Ё вақте набераи хурдсолатонро ба театр мебаранду бо далели хомӯш шудани барқ намоишномаро тамошо накарда, ба хона бармегардад ва 10 сомониатон ҳам ба боди фано меравад, шукрона мекунед?

Ҷаноби президент!
Вақте барои аз Душанбе ба Хуҷанд рафтан, ба пулчинакҳои ширкати дар кадом як ҷазира сабтиномшудаи соҳибаш номаълум дар навбат истода чандин сомонӣ медиҳед, шукрона мекунед?
Вақте барои дуруст кардани кадом як ҳуҷҷат ё гирифтани як маълумотнома дар дилхоҳ мақомот аз шумо ғайриқонунӣ пул мепурсанд, шукрона мекунед?
Вақте барои ба донишгоҳ дохил кардани фарзандатон пул мепурсанду вақте онро тамом мекунад барои қабул ба кор пул мехоҳанд, шукрона мекунед?
Вақте мебинед, кормандони БДА аз ронандаҳо пул гирифта, ба қоидавайронкуниҳояшон чашм мепӯшанд, шукрона мекунед?
Вақте мебинед, як мансабдор, ки маошаш барои зиндагии якмоҳа намерасаду кушку қаср ва мошинҳои навтарин дорад, шукрона мекунед?

Ҷаноби президент!
Вақте бо далели омадани кадом як меҳмони хориҷӣ соатҳои дароз маҷбуред дар кӯчаҳо пиёда ҳайрону саргардон бошед, шукрона мекунед?
Вақте дар кишваре зиндагӣ мекунед, ки даъвои сарчашмаи обҳои мусаффо буданро дорад, аммо оби ошомиданиро аз чандин километр мекашонед, шукрона мекунед?
Вақте дар хонаи баландошёнаи бетонӣ барқро қатъ мекунанд ва дигар на газ ҳасту на низоми гармидиҳӣ ҳатто оби оддӣ, Шумо шукрона мекунед?

Ҷаноби Олӣ!

Вақте, ки чашм ба роҳи фарзанди муҳоҷиратон солҳо интизорӣ мекашед, шукрона мекунед?
Вақте яке аз пайвандони Шуморо беадолатона ба зиндон мефиристанд, шукрона мекунед?
Вақте фарзандонатон дар Ватани худ кор намеёбанд, шукрона мекунед?
Вақте бар ивази 40 сола меҳнататон 80-90 сомонӣ нафақа медиҳанд, шукрона мекунед?...
Мӯҳр
100 савол гуфтаед, аммо дар ин пурсиш хамаги 17 савол дида мешавад. Шояд Озодагон мехохад, ки 83 саволи дигарро худи хонандагони зираки сомона таритиб диханд? Агар чунин аст пас ман хам чанд суол дорам ва чун шумо 17 соул додед ман давоми суолро аз 18 огоз мекунам.
18.Чанобиоли!
Агар муаллимони сохибихтисоси мактабхои давлати аз маоши паст ба дод омада, бо умеди дарёфти ризку рузи мактабро тарк карда ба мухочират рафта бошанду фарзанди Шумо дар мактаб дониш гирифта натавонад, Шумо шукрона мекунед?
19. Агар хама хокимият авлоди шуда бошаду бе додани пора ба сохибмансабон Шумо тичорататонро пеш бурда натавонед, шукрона мекунед?
20. Агар ширкатхои наздик ба мансабдорони давлати аксаран аз андоз озод бошанду танхо Шумо андоз супоред, шукрона мекунед?
аз 21 идома дихед?

Шокирбой
моен шукрона мкунем ки тубоин хамдиери зур ..бочуръат доштем..укочон хамун милисаву болнисаву мактабашро хам як савол дихед чи..хамин хели мирем аку то мудан..

абдуллох
Чаноб оё хона надореду барой замин гирфтан пеши раиси шахр меравед раиси шахр аз шумо барой 4 сотик замин аз шумо 10 000$ долар талаб кунад шумо розимешавед

Ин проблемахое,ки шумо гуфтед дар хама кишвархо хаст. Аз руи хаминхел даъвохо чангу нооромихо сар мезанад. Шукрона гуйд охиста - охиста хамааш мешавад.

мехмон
Хаёти хуб дар замони Шурави буд,газ барг,оби гарм ,хунук,хама чиз буд,мухочират набуд.

saud
алик ту шикамакат серу хамсояат гурусна чи парво дори мо факат шукри тани сихатамон мекунем чоеки порагири хаст ончо 1000сол обод намешавад инро фахммммм

Падарат
Ба Хусрави Рустам, сокини пойтахт!!!!!!
Ба фикрам ТУ аз сайёраи МАРС фаромадаи. Ин сафсатахои ту гапи 100 солахо хаст. Ту ба фикрам аз испечак берун баромадаги нести. Ин проблемахоро ба СССР ва вайронкунандаи СССР пешниход кардан лозим буд. Чаноби Оли аз ту ва шайкаи шумо игвогарон карздор нест. Ба размери дахонат нигох карда гап зан. Ин кас интихобкардаи халк аст. ХУДО гуй ки минтака ва чахон тинч бошад. Ин проблемахо дар мухлати кутох хал мешавад. Халли ин проблемахо пули телефони мобили нест, ки пардохт куниву смс-и халаш дархол биёяд. Вакт лозим МАХМАДОНОИ МУХТАРАМ.
ЧОП.ЧОП бе тахрир

Вактеки нархи былети самолет екатеринбург -ош 5000р екатеринбург-худжанд 13000р шукр мекунед? Вакти парвози хардуяшхам 2:45 дакика

Охир, ба кадом як кори хайри Чаноби Оли шукр гуем? Чи барои халк кард? Бо барк таьмин кард? Бо газ? Бо гарми? Бо кор? Бо маоши рузгузаро? Роххоро хатто пулаеи кард, ки ба манфиати на давлат, Хама чоро фасод, ришва. Душанбешахр ба кишлоки калон таблил ефт: Хамаи хизматчиенро бе занчир ба хуб баста монд. Лагандбардорон то рафт меафдояд ба хотири мансаб.

овора аз пермы
Хусравчон бародар рост гуфтед як суол аз мани гаиб ба чаноби Оли оё харуз марги ХАВАТАНЕ як биойад ШУКРОНА БИКУНЕ ТОКАЙ МОДАРИ ТОЧИК ГУРЁОН ЧАШМ БАРОХИ ПИСАР ДУЗАДКЙ АЗ ГАРИби КАЙ МИОЙАД ТОКАЙ ПАДАР ЧАШМ БАРОХИ ФАРЗАД ДУЗАД ОЁ ПИСАР САЛОМАТ БАРМЕГАРДАД ОЁ (ТОБУТАША) АЗ ФУРУДГОХ ПЕШВОЗ МЕГИРАД ИНАШАМ ШУКРОНА БИКУНЕМ ИЛТСИМОС ОЗОЛАГОН ЧОПКУН САДОИ ГАРИБ

Tojik
Алик,
Muhtaram ALIK Kani bigued ki dar kadom davlat 80-90 somoni nafaka medihand? Kani bigued ki dar kadom davlat baroi yak mehmoni nochiz omadan rahhoro soatho mahkam mekunand, va mardum hej chiz nameguyad ?

Мухочир аз маскав
Ман шукронаи бисёр кардам, хусусан вакте ки махаллаи моро аз ипподром кучонданду ман ва се писару се келину шаш набераамро дар як хонаи сехучрадор дар ошёнаи нухум, ва белифт чо карданд,

Tojik
Падарат,
Muhtaram PADARAT avalash ki JANOBI OLI karzdor nevu sardori davlat ast, va in mushkilihoro hal kardan vazifai ust, Va duyum oyo tu bovari dori ki u intihobi halk ast ? Halki bechora tars dorad, dahonata kusho suhani hakro gui burda mahkam mekunan. Va boz tui megui ki dar muddati kutoh hal meshavad. Barodari aziz chand ssol shud ki hal meshavad ? boz sad soli digar istand mardum?

Муслим
Ту баринхо (Хусрави Рустам) як барномаи чолиби диккатро пешкаши хонандагон гардонед, ин хама бесаводиатро нишон медихад ё ин ки мехохед мисли дигар давлатхо барин фарзандат ятим гардад модарат бо гам гардад ё мардумро бо хуну хок огушта дидан мехохи. Ин хама оромие ки мо дорем инро шукр намекуни хайфи ту барин журналист то ба кай бо пули хароми хочахоятон ин хел мавзуъхоро пешкаш мекунед. Фикри миллати худамонро кунеду шукронаи нону намаки халол кунед. Бо ду пули пешкаш мекардагиашон миллату Ватани худро нафурушед.

Tojik
JANOBI OLI, Худо нокарда, Vakte наздикатonro kord mezanand va kodzan dar ozodi megardad shukrona mekuned ? Vakte dar digar davlat rafta tahsiloti isli mekuni ammo ba vatan bad megardi joi kori hub nameyobi be pora shukrona mekuni ?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)