Бахшҳо

VIDEO: Нур Табаров дар бораи Тутубалина, тоҷикию форсӣ ва баҳманмоҳи хунин

Ҳумайрои БАХТИЁР

Нур Табаров, вазири собиқи фарҳанги Тоҷикистон, дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо”, ки 21 феврал баргузор шуд, алайҳи матлаби баҳсбарангези Олга Тутубалина, муҳаррири “Азия-Плюс”, ки дар он дар бораи зиёиёни тоҷик ҳам ишора шудааст, баромад кард. Ӯ гуфт, сукути иддае аз зиёиёнро дар мавриди матлаби “Нозиёиёна дар мавриди зиёиён” ҳеч намефаҳмад.

“Ба назарам, пайдо шудани чунин матлаб аз одоби маърифати журналистӣ камтар дур буд. Хусусан, агар хабарнигор намояндаи миллати дигар бошад. Одаме, ки дар ин кишвар мактаби русиро ҳам хонда бошад, медонад, ки инҷо чӣ расм, одоб ва урф дорад. Ҳатман аз эҳтироми мардуми тоҷик ба адибон, ҳунармандон ва зиёиён бохабар аст. Аз ин хотир, касе ҳаққи таҳқир кардани зиёиёнро надошт”,-илова намуд Нур Табаров.

Вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон афзуд, “мутаасифона, мебинам, аз ин таҳқир аксарият хомӯшанд. Дар ҳоле ки бояд мавқеи худро бигӯянд. Фикр мекунам, обрӯву эътибори зиёии тоҷик дар дасти худаш аст. Ҳамон тавре ки обрӯву эътибори сиёсатмадори тоҷик дар дасташ аст.”



ДАР БОРАИ “БАҲМАНМОҲИ ХУНИН”

Дар идомаи маҳфил ширкатдорон атрофи “баҳманмоҳи хунин” низ суҳбат карда, аз Нур Табаров пурсиданд, дар баъзе сарчашмаҳо ин воқеа муқаддимаи ҷанги шаҳрвандӣ гуфта шудааст ва оё ин дуруст аст, ё на. Нур Табаров гуфт, ба чунин саволҳо бояд ҷавоби дақиқро таърихнигорон бидиҳанд.

Бо ин ҳол, ӯ гуфт, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода он вақт дар ором кардани мардум нақши бисёр бориз дошт: “Офарин. Дар ҳамон замон нотарсида, ҷасурона рафта мардумро ором мекард.” Собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон афзуд, аз дидаву мушоҳидаҳои худ аз он ҳаводис дар додситони кулл 6 ҷилд баёноташ мавҷуд аст.

Номбурда дар пайи бозпурсӣ шуданаш аз тарафи додситони кулл гуфт, он замон мақомот тафтишоти худро мунсифона ва ҳирфаӣ (касбӣ) анҷом додаанд.

“ИН ЗАБОН ТОҶИКИСТ, НА ДАРИВУ ФОРСӢ!”

Нур Табаров, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон, дар робита ба баҳсҳо атрофи эҳтимоли бозгашт ба хатти форсӣ гуфт, ҳеч заруратро намебинад. Номбурда мегӯяд, тоҷиконро зарур аст, барои ҳамчун миллат ҳифз кардани ҳувияти худ забонашонро тоҷикӣ ҳифз кунанд.

“Ин забон тоҷикӣ ҳаст. Дариву форсӣ нест. Эрониҳо форсӣ карданд, ҳувияти худро ҳифз кунанд. Дар Афғонистон ҳам забони дарӣ гуфтанд, то худшиносии худро баён кунанд. Пас дар он ки мо ҳам забони худро тоҷикӣ мегӯем, ҳеч бадие нест. Мо ҳам бояд талош кунем, то ҳувияти худро нигоҳ дорем”,-изҳор дошт Нур Табаров.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ГАРИБ
Дар бораи урфу одат гап мезанем, демократия мегуед!? Дар бораи демократия гап мезанем, урфу одат мегуед?! Хулоса хамин чихеле ба манфиати шумо бошад хамонашро истифода мебаред. Яне дуруяги, хуб карда гуем агар

Ориёӣ
Эй Худоооооооооооооооо вақте, ки "ЗИЁӢ" ду мавзуи бо ҳам мутафовит( миллат ва хат)ро фарқ намекунад дигар чи ҷои гап!!!!!!!!!!!!!
Бо хати кирилӣ ҷаноби ТАБАРОВ мо милате хоҳем буд, ки аз соли 1920 Ленин бо ТАБАРтақсимаш ба вуҷудамон овард. Пас дигар ҳеҷ идиъо набояд дар бораи таъриху фарҳанги чандҳазор солаамон ва Рудакиву Сино ва ... дошта бошем, чун онҳо хати навишториашон ПОРСӢ буд на ЛЕНИНӢ(кирилӣ).
Боз ҳам як бори дигар ҳақ будани Олга Тутубалина исбот шуд!!!
ШУМО ЗИЁӢ НЕСТЕД ШУМО ЗИЁДӢ(ЗИЁДАТӢ) ҲАСТЕД!!!!

Мухтарам чанобон ва хонумон! Вакте ки килро аз хамир чудо кардани мешавед андеша кунед. Сарконуни Точикистонро пеши ру биёред. Тахкир накунед ва Олгаро ба иззати нафсаш нарасед. У низ шахрванди Точикистон аст ва хукукхои зиёд дорад, ба мисли шумо барин "зиёиён". Шумо агар аз даричаи Точикистон нигаред, у аз даричаи ЧАХОН менигарад. У аз асари В.И Ленин мисол овардаст. Баъзеи шумо ношукронро хамон асархои Ленинбобо зиёи кард. Бо думи шер бози накунед ва журналистикаи байналхалкиро эхтиром бигзоред. Харчанд дар эхтиром аввал хонумон ва чанобон мегуянд ва ман дониста ба Шумо чунин хитоб кардам, мухтарам чанобони хонуммичози тарсу. Ин казияи Зайд нест, ки аз БОЛО супориш шавад. Ин казияи Олияи урус аст.

Одамхудо
хар кучо пастист об ончо равад-гуфтаанд, бе мухобо <зиеиен>-и мо бо мачро якчо харакат мекунанд.агар самт дигар шуд мисли букаламун ранг бадал мекунанд.Тутубалина хак асту рост!

Нозиёи
Ин мардак дигар тамоман сафсатта мефурушад. Агар бо хамин акидахо ба у мансаби вазириро дода бошанд пас вой бар холи мо. Точик - форси - дари хамун достони "узум - инаб - ангур" аст, ки дигарон барои муттахиди чи корхое намекунанд, мо бошем зур зада худро чудо кардани хастем. Шояд агар хама форс (точик ё дари)забонон муттахид шаванд, аксари зиёиони мо нодаркор мешаванд, чунки "халявщик" хастанду чахонбиниашон аз хамин мухтарам собик вазири маориф зиёд нест...

Mahdi
Ofarin ba hamai onhoe, ki tarafdori az khonum Olga Tutubalin kardand. Tashakuri ziyod millat shumoro farzandoni "farzonai" millat az khotir nakhohad barovard. Ofarin bar shumo neoFitratho, qandakaton zaned, fardo ruzi qiyomat bo olgajonaton yakjo mekhezed, usunasha fahmed akoho va ukkoho dar kujo mekhezed

Точик
“ИН ЗАБОН ТОҶИКИСТ, НА ДАРИВУ ФОРСӢ!”

Боз гапхои хамон набераи Ленин. Агар забони дигар бошад, пас фаркашон дар чист? Масалан, мани душанбеги забони мардуми Техронро аз хучанди хубтар мефахмам. Набошад пас дар Хучанд бо дигар забон гап мезананд?

Сафо.
Э Тутубалина шуморо чизе мегуя рост мегуяд.Он чизе аён аст ҳоҷат ба баён нест.

Шумо "Озодагон" хамин "зиёиён"-и пук ва беаклу калакадухои "точик"-ро масхара мекунед, ё ба кавле чурта бесаводияшонро ба мардум мефахмонед! О балохое. Нур Табар мегуяд; =точиконро зарур аст, барои хамчун миллат хифз кардани хуввияти худ забонашонро точики хифз кунанд=. Чаноби Нур Табаров ва "академик"-и Иброхими Усмон гап сари хат меравад ва сари ин мавзуъ бояд харф зад. Пас, мо гузаштагонамонро (Хоконию Рудаки, Фирдавсию Сино, Хофизу Бедил, Айни...) инкор мекунему пайи хати сирилик мегардем? Шумо дар назди Президент рузи мулокот бо "зиёиён" чи масъалагузори мекунед? Гиря мекунед, ки ба шумо барин "зиёиён" кумак кунад, ки дар фикри забону фархангед. Дили Президент месузад ва бархе аз "зиёиён"-ро барои хизматхои "АРЗАНДААШОН" мукофот медихад. Имрузхо худро ПЯР мекунед. ПЯРЕХЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕ!

Шаби меъроч Мухаммад дид санге,
Даруни санг як сурохи танге.
Аз он сурох як гове баромад,
Ки натвонист дигар он чо даромад.
Зи Чабраил он хазрат бипурсид:
"Чи гов хаст, к-ин ба чои худ нагунчид?"
Гуфт:
"Дахони умматони туст сурох,
Суханхои парешон гови бешох.
Сухан гар аз дахан ногах барояд,
Ки натвонад, дигар он чо дарояд."
Афсус сад афсус, ки бисёри мо бесаводи аблахем, бешарафем, беномусем. Охир кур набоши дар пешат гур аст. Вакте ки хаммилати манро як миллати дигар тахкир кунаду ман тарафдори у бошам марг ба ман. Нафасам харом бод. Афсус, ки ин бешарафони нохонда маънии кадимахое чун "гурур", "номус", "миллат" ва "шараф"-ро намедонанд. Аз хама чизи осон дар дунё андешаи галат гуфтан аст. Аз ин ру, бояд тарзе сухан гуем, ки рост ва хакикат бошад. Вакте инсонро хох зиеи бошад хох омми "начосат" мегуянд, аблахие беш нест. Кур хамеша хакикатро намебинад ва рузе дар ботлоки зулмат мисли маркаб мемирад. Вой бар холи шумо, тарафдори ноадолати хастед. Дар охир мегуям. "Як шарар аз миллати ман офтоби олам аст."

Таварали
Шумо вокеан зиёи мебудед мухтарам Н. Табаров хатти форси ин хатти мо аст боис ба забони илм табдил шуданни забони мо аст.

ман хайронам ба ин табаров нур оо бо ин гапат чи хел ту донишманди мардумон дигар милатхоро ба худ мутахиду наздик мекунанд ин айнакдор аз кучо ефтиян мардума ба еронию дарию форси чудо мекунад боз хати форсиро намехохад дар пешам боши е бесавод туро фахмонам асри 21 аст боз вазирифарханг будаст

Точикбачча
Забон точики буда наметавонад.. ин забона меъёраша ва номаша кабл аз мову Нур Табаровхо аник кардаанд.. забон форсист ва мо кавми точик чунонки яхудихо ки забонашон иврит ва кавми яхуданд.. ин маънои он надорадки бо форси гуфтан ва ё дари точик берун аз ин доира мемонад.. не.. хостгохи ин забон хам сарзаминхои мост ва точикон аввалин кавми ориёи хастанд ки бо ин забон такаллум карданд сахехтараш онро поярези карданд.... албатта точикони Осиёи Миёна ва Афгонистони имруза то Хуросони Эрон.. ин шиорхои болои ки бузургони милат задаанд аз руи эхсос аст.. агар бахс илми бошад бо хамзабонони мо дар кишвархои дигари форсигу бахс кунанд ва ба натича расанд ки бовар дорам намерасанд..

Dev
Olgahon boyad nazdi mardumi tojik javob guyad , injo Tojikiston ast na Rusijoh. Shoyad mo zijoi nadorem , shoyad doremu nozijoijonaand , vale ba Turtubalina ki hak dodaast,ki tijiki moro past mezanad ? U umuman hak nadorad!!! Hususi zabon boshad janobashon Tabarov kame galat raftand. Zaboni tojiki-dari -forsi in yak zabon ast va naboyad inro judo kard. Judo kardani tojiki az forsi in manoi onro dorad,ki mo Rudaki , Firdavsi , Sino ...nadorem.Dar barobari hati arabi, hati sirilikro istifoda kardan, ba zarari yagon tojik nest.

порсо
рафик табаров шумо худатонро худатон сафед накунед хакикатан хамаат зиеии хомуши хамаат косалеси боз чи Тутубалинаро сиех мекуни.Шумо агар хакикатан зиеии мардуми бошед чарохомушед камбудихойи чомеаро фош намекунед баръакс чудойи меандозед байни форсизабонхо магар намедонед форсхо як миллатанд ин чудойи танхо аз тарафи ачнаб иен сурат гирифт мисли арабу зулкайнару чингиз.Бинобар ин худсафеди накарда бехтараш чи хеле ки хомуш хасед хамин тавр хомуш нишинед..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)