Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 25 апрел 2019, 01:22

Ҷавоби Басбӣ Холова ба вакилони Зайд ва тарафдорияш аз Абдулхайров

24 феврал 2014, 12:08

Басбӣ Холова, муовини раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, аз он ки то ҳол матни ҳукми зиндони Зайд Саидов дастраси вакилони мудофеаш нашудааст, ҳимоят карда, онро қонунӣ хондааст. Шавкат Абдулхайров, раисикунандаи мурофиаи Зайд Саидов, шарт гузошта буд, танҳо дар сурати ифшо нашудани ҷузъиёти он матни ҳукмро дастрас хоҳад кард.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили дифои Зайд Саидов, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, муовини раиси Додгоҳи олӣ ин амали Абдулхайровро “дар доираи қонун” донистааст. Ӯ гуфт, “мо аз болои шартгузории Шавкат Абдулхайров ба Додгоҳи олӣ шикоят кардем. Чун ӯ аз мо хоҳиш кард, ки баъд аз гирифтани ҳалнома зери санад имзо гузорем, ки дар сурати ифшо кардани ҷузъиёти он нисбат ба мо парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад шуд. Ин амали ғайриқонунӣ ҳаст. Аммо муовини раиси Додгоҳи олӣ ба мо ҷавоб дод, ки дархости Шавкат Абдулхайров дар доираи қонун аст.”

Зайд Саидов, соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари Ҳизби Тоҷикистони нав, моҳи майи соли гузашта, ҳангоми бозгашт аз Фаронса, дар ҳоле ки масунияти вакили шаҳриро дошт, дар фурудгоҳи Душанбе боздошт гардид. Мақомот ӯро ба бисёрзанӣ, қаллобӣ, ришват, сӯистифода аз мақом ва таҷовуз ба номус муттаҳам карда, моҳи декабри 2013 ба 26 соли зиндон маҳкум намуданд. Вакилони мудофеи Зайд Саидов дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ва ҳоло низ ба бегуноҳии нафари таҳти ҳимояти худ пофишорӣ доранд. Онҳо мегӯянд, ҷаноби Саидов дар ҳеч кадом аз иттиҳомоте, ки мақомот ба номи ӯ пайванд медиҳанд, даст надорад. Вале худи ӯ ҳангоми ироаи сухани охиринаш дар додгоҳ гуфтааст, агар маҳкумияти ӯ ба наъфи миллат ва суботи ҷомеаи тоҷик зарур аст, пас, ӯ метавонад зиндонӣ бошад.

Бо гузашти ду моҳ аз замони эълони ҳукми Зайд Саидов вакилони мудофеи ӯ то ҳол натавонистаанд матни ин ҳукмро дастрас кунанд. Онҳо мегӯянд, танҳо дар сурати дастрас шудани матни ҳукм рӯшан хоҳад шуд, ки нафари таҳти ҳимояти онҳоро ба чӣ далеле барои 26 сол равонаи зиндон кардаанд ва баъдан шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо ками мекардед дар ин казия! Эхтиет шавед ки худованд барои шумохо делахои калон кушодааст! Эхтиёт шуда шохидии бардуруг додана бас кунед!

Зайдулло иншоаллох оянда дорад мебарояд Точикистона мешукуфонад!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хам хукукшиносам, лекин ба яктарафа барраси шудани парвандаи сиёсии З.Саидов хело ошуфтахолам. Аз дастоварди истикЛОЛият шукрона мекнунем лекин як низоми пасти судиро рохандози намудем , ки замони салтанати Мангитияро ба хотир меорад. Чи тавр ин Судяхои мо худашон конуншикани намуда адвокатхоро тахдид менамоянд. Чунин тахдиди судяхо ба ин тартиб дар чахон шояд бесобика бошад. Низоми суди мустакилияти худро надорад...
Посух додан
  • тарафдор

  • 24 феврал 2014 18:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зайд ҳақ ва ҳақҷу буд ва мемонад ин спектаклҳо ҷойгоҳи ин марди бузургро дар дили миллату ватан кам нмекунад
Посух додан
  • Aql

  • 24 феврал 2014 19:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Hadisi payombar s.a.s : az 3 to SUDyA- 2 tash duzakhiay : yake az nishonahoi okhiri dunyo , khudaton khulosatona barored sudyaho shumo nagztar medoned ,farmon az bolo shavad na parvoi kiyomat dored va az Khudo ham sharm namedored... OZODAGON chop ku ki da gunohshon sharik meshay
Посух додан
  • шухрат

  • 24 феврал 2014 23:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чароги зулми золим то дами махшар намесузад,
Агар сузад шабе сузад шаби дигар намесузад!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!