Бахшҳо
26 фев 2014 18:15Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат лағви пурраи "облава"-ро хост

Дар ҷаласаи навбатии ҳукумати Тоҷикистон, ки 26 феврал дар Душанбе баргузор шуд, кумисюни даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ таъсис шуда, дар садри он Марҳабо Ҷабборӣ -- муовини нахуствазир, қарор гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ин ҷаласа як бори дигар дастур додааст, ки усулҳои ғайриқонунии даъват ба Артиш, яъне “облава”, комилан аз байн бурда шавад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар ин ҷаласа таъкид шудааст, “барои бо сифати баланд анҷом додани тадбирҳои даъват аз усули тарғибу ташвиқ ва тарбияи ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносии ҷавонон васеъ истифода карда шавад”.

Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат лағви пурраи "облава"-ро хостТо кунун дар Тоҷикистон барои ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ бештар аз роҳи маҷбурӣ истифода мешуд, ки борҳо мавриди интиқоди ҳомиёни ҳуқуқи башар қарор гирифтааст. Худи мақомоти тоҷик низ вуҷуди "облава"-ро тасдиқ карда, далел пеш меоварданд, ки саркашии ҷавонон боиси даъвати иҷборӣ шудааст.

Дар ҷаласаи 26 феврал тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонунҳо “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ”, “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон”, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятӣ низ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таҷлили Рӯзи модар ва истиқбол аз ҷашни байналмилалии Наврӯз супориш дода, гуфтааст, “ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани маблағҳои буҷет ва моликияти давлатӣ тадбирҳои муассир амалӣ карда шаванд”.

Дар охир ба мақомоти шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон барои тақсим намудан ба аҳолии ниёзманд барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ 60 гектар замин ҷудо карда шудааст.
Мӯҳр
Shozodai Angliya dar artish khizmat kard. Oiyo shohzodaii Tojikiston khizmato modar vatanro kardaast yo na. Ana az kujo boyad sarchashma girad hissi vatandusti.
Yk mardak shuda pisaratro hamchun askari qatori ba Murgob parto va belu kaland girifta khizmat kunad Va in darsro baroi hamai komandaat jori namo. Bad iz in hama ba khizmat jon jon gufta meravand.

Такка
Э хайрияте чаноби Олй баъди 22 соли истиклолият аклаш даромадаст, !!!! Ура пас аз 22 соли дигар барк пурра таъмин мешавад!!! Ман коил мо чунин сарвар дорему боз менолем,ки пешравй нест. Аз кудратот гардам Худои таъоло.....

Дар ёд доред вакти фурухтани сахмияхои рогунг гуфтандки ин мачбури нест вале моро ба имтихон рох надоданд то ин сахмияро нагирифтем Ба хизмат хам чи хеле ки пештар даьват мекарданд хамон хел давом хохад кард Вай бояд авал рустамчонша ба хизмат рохи мекард Чунки вай хизмат накарду началник таможини управлен шуд бе ягон рутбаи харби Худатон тасавур кунед хизмат накарда дар чунин вазифа Хулоса :агар гуфтори Рахмон ба кирдораш мувофикат мекард мо дар ин холат намебудем

Кори давлат бародар шухи надорад,баъде,ки конун кабул шуд бояд амали шавад.

Яки накунен ки либосои зиёима бадар кнму шмо маро облава карда аскари барен.

А
Армия хубай бачахои камбагала мачбур мебаранд

Облава омад
Ин фиреби чавонон аст. Чунин эълонхо мекунанд, ки чавонон дигар пинхон нашаванд ва ба кучахо бароянд, вакте баромаданд, хамаро як-як дошта мебаранд. Эхтиёт бошед ин мисли як макр аст. Зеро аллакай хабархо хаст, ки дар фурудгохи ш.Кулоб чанд чавонро "облава" кардаанд. Билетхои харида месузад.

Навруз
челси,
Чхелм Рустамчон рутба надора Раиси хадамот шидаст, номаъкул карди, вай рутбаи майор дора,

Навруз,
Мебахшед ака ман фаромуш кардам ки дар точикистон астам Дар сини 28 солаги майор шудаст Ачоиб

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)