Бахшҳо

Нигаронии Қудратов аз пурсуҷӯи пулис ва аксбардорӣ шудани кӯдаконаш

Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов -- вазири пешини саноат ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав мегӯяд, рӯзи 27 феврал ду ҷавони мошинсавор фарзандони ӯро ҳангоми бозӣ дар назди манзилашон аксбардорӣ кардаанд.

Қудратов дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, “духтарчаи калониам, ки 9 сол дорад, мегӯяд, вақте бо хоҳарчааш дар назди хона бозӣ мекарданд, ду нафар онҳоро акс бардоштаанд. Духтарчаам гуфт, бачаҳо дар сар кӯлоҳ дошта, сигор мекашиданд.”

Ин вакили мудофеъ бар ин назар аст, ки “аксбардорӣ”-и духтаронаш ҳамчун таҳдид ва огоҳие барои фаъолияти ӯст. Гузашта аз ин, ба гуфтаи Шӯҳрат Қудратов, соати 22:30-и шаби панҷшанбе низ як маъмури пулис бо даъвои он ки режими шиносномавист, хостааст, асноди ӯро тафтиш карда, бидонад, ки дар манзили ӯ чанд нафар зиндагӣ мекунанд. “Ба саволи ман дар бораи он ки бо амри кӣ низоми шиносномавӣ дар шаҳр ҷорӣ шудааст, ҷавоб гуфта натавонист. Баъд аз он ки ман аз гуфтани номи онҳое, ки дар хонаамон зиндагӣ мекунанд, рад кардам, ӯ гуфт, маро хуб мешиносадва медонад, ба чӣ кор машғулам. Вай илова кард, ба зудӣ бо ман мушкиле мешаваду барояш муроҷиат мекунам ва ӯ кумак нахоҳад кард”,-афзуд Қудратов.

Ин вакили мудофеи Зайд Саидов рӯзи 25 феврал изҳор дошта буд, ки ба телефони ҳамроҳаш паёмакҳои таҳдидомез ворид шудаанд. Ба гуфтаи ин ҳуқуқшинос, СМС аз шумораи 915651308 ворид шуда, дар он гуфта шудааст, ки: “гуш к да се рӯз вақт рафта аризата ай суд гир набоша капат дуд кадагияй фикри хдта накни фикри гудакота к ки хамаша нигах дорем неки ай хад гзаронде таёрита би ба кариби пеши хаму зайдт мере”.

Ба гуфтаи Шӯҳрат Қудратов ҳамингуна СМС ба рақами телефони Исҳоқ Табаров ва Фахриддин Зокиров низ омадааст ва айни замон ҳаёт, саломатӣ ва бехатарии онщову оилаашон пурра тащти хатар қарор дорад. "Ҳамаи ин бевосита бо иҷрои вазифаи касбии мо нисбат ба ҳимояи ҳуқуқи конститутсионӣ ва шаҳрвандии маҳкумшуда Зайд Саидов алоқаманд мебошад”,-мегӯяд Шӯҳрат Қудратов.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Хамин калимаи “капа“ чи мано дорад? Илтимос тарчума кунед

Сафар
Озодагон ба Шумо ШКД-ро ки Шухрат дар он минтака зиндагони доранд намепурсед ки чаро шаб кормандашон ба хонаи адвакат рафтаст? Оё вокеан режим хаст ё на? Агар корманди онхо набошанд он самазванец ки аст? А бача кор кунен хаьарнигорон!!!

Й
Бародар аз ин тахдитхо дилсард нашав. Поёни шаби сиёх сафед аст!

л
Номарди накунед. Кудратов аз руи ваколатхояш ва дар доираи конун амал карда истодааст.

шухратхон донишчу
Зик нашав бародар! Худо бо туст! Натарс аз марг охир безаволи ту!

Яьне бародар хонаат дуд мекунад пешаки!

Адвокат
Дигар чизи реклама наёфтед, харчизи бекораро фикр када броен, бародарои адвокат. Бе ин хам пули Зайда хурдену хич химояш када натонисте секаса. Химоячиги осон нест...

Ман сад дар сад боварии яқин дорам, ки шахсонеи мансабдоре, ки дар ин корҳо робита доранд, ҳоло дар ларзаанд. Офарин ба ин вакилон, онҳо дар ҳақикат хеле пурғайратанд, аммо шахсоне, ки ҳоло аз паси бадном кардани вакилон ҳастанд, онҳо тарсуанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)