Бахшҳо

“Аз маҳбас Зайди дигаре берун мешавад, на Зайди раҳмдилу хушбовар”

Раҷаби МИРЗО

Ҳоло бисёре аз коршиносон дар фазои пасошӯравӣ ҳаводиси ахири Украинаро ба баҳс мекашанд ва ҳар кадом ба ин рухдодҳо аз ин дарича баҳогузорӣ мекунанд, ки таъсири ин ҳодисаҳо ба кишвари онҳо чӣ гуна хоҳад буд? Тоҷикистон, таври маълум, аз Украина дар масофаи хеле дур қарор дорад, аммо танҳо ин далели мутмаинкунанда аст, ки худро аз ин шару шӯр ва таъсири он ба фазои мо осуда пиндорем?

Дуруст, ҳавои сиёсии мо ҳам мисли Украина нест, ки ҷомеаи шаҳрвандии фаъол дошта бошем ва гурӯҳу аҳзоби гуногунмайлон. Шахсиятҳои радикал ва шовинист дар Тоҷикистон, агар вуҷуд доранд, ангуштшуморанд ва бо сабабҳои айниву зеҳнӣ наметавонанд парчамбардор бошанд. Вале ноумедие, ки дар зеҳни ҷомеаи мо оҳиста – оҳиста қавӣ мешавад, магар ҷои андеша надорад, ки мабодо як рӯз ба ҳаракатҳои радикалӣ асосгузор гардад?

Бубинед, Тимошенко, ки чанд рӯз пеш аз маҳбаси Харков раҳо гардид, пас аз чанд соли зиндон ба чӣ шахсияте табдил ёфтааст! Бешак, шояд дар гузашта ҳам ин сиёсатмадорбонуи украинӣ мавқеъгириву андешарониҳои эҳсосиро ба худ раво медид, аммо он чи ки ӯ акнун дар Евромайдон мегӯяд, ба гурӯҳҳои радикал наздик будани ӯро нишон медиҳад: «То ғалабаи комил майдонро тарк накунед!», «Януковичро бояд ба Майдон овард ва ҷазо дод», «Мо ҳар касеро, ки Майдонро дастгирӣ накардааст, муҷозот хоҳем кард!» ...

“ФЕЛИКСИ ОҲАНИН”

Ва ин танҳо мавқеи Юлия Тимошенко нест. Ҳамин фикрро аксари онҳое доранд, ки дар Украина умеди ҳақталошиҳои худро аз даст дода, ҳамин тавр хоставу нахоста ба гурӯҳҳои радикал табдил ёфтанд. Ҳабси Тимошенко дар чанд соли пеш ба ин раванд аловмониро мемонд, ки акнун ҳукумати Янукович ниқоргириро оғоз кардааст. Ман намедонам, ки баъдтар назари шахсии президенти феълан собиқи Украина – Янукович, ба ҳабсу озодии Тимошенко чӣ гуна хоҳад буд. Вале ба хотири ман як пора аз сӯҳбати Аскар Акаев – президенти собиқ ва фирории қирғиз меояд. Вақте аз ӯ пурсиданд, ки иштибоҳи худро дар ҳама гирудорҳои кишвараш дар чӣ мебинад, бадоҳатан гуфт: «Ҳабси Феликс Қулов!».
Барои онҳое, ки Қуловро намешиносанд, хотиррасон мешавам, ки «Феликси оҳанин» яке аз сиёсатмадорони шинохта ва пурнуфузи қирғиз аст, ки замони президентии Акаев ӯро бо баҳонаҳои гуногун ба маҳбас андохтанд ва баҳори соли 2005, айни инқилоби аввали Қирғизистон, аз зиндон раҳо гардид. Аммо на мисли Тимошенко бо қарори парлумон, балки танҳо бо баргузории мурофиаи судӣ ва бо ҳукми суд сафед шуд! Пас аз раҳоиаш гурӯҳи мардуми ба шӯр омадаро ором намудаву роҳбарӣ кард. Ҷои баҳс надорад, ки агар он замон номзадиашро ба президентӣ мегузошт, Боқиевро шикаст медод.

ХОДОРКОВСКИЙ ВА ПУТИН

Вале Қулов дар 8 соли зиндон ба як шахси ором табдил ёфта буд ва равандҳои сиёсии кишварашро дуруст дарк менамуд. Он замон, азбаски шимолиҳои Қирғизистон дар симои Акаев дар назари мардум хеле бадном шуда буданд, ӯ ба Қурмонбек Боқиеви ҷанубӣ гузашт кард ва бо ӯ дар интихоботи президентӣ бо созиши таъин шуданаш дар мансаби сарвазирӣ якҷо ширкат намуд. Боқиев баъдан ин созишро шикаст, аммо Қулов якравии зиёд накард. Боқиев ҳам ахиран аз мансаб барканор ва аз ватан фирорӣ шуд, вале «Феликси оҳанин» ҳамоно дар мамлакат сиёсатмадори мавриди назари ҳазорҳост.
Мешавад аз тоҷиру сиёсатмадори шинохтаи рус Михаил Ходорковский мисол овард, ки пас аз ба қудрат расидани Путин 10 соли умри худро дар зиндон пушти сар кардааст ва пешопеши соли нав мавриди бахшиш қарор гирифту зуд роҳии Олмон шуд. Бисёриҳо гумон доштанд, ки ӯ акнун ба як шахсияти сиёсии радикал табдил меёбаду аз Путин қасос мегирад. Аммо ӯ дар аввалин нишасти матбуотиаш гуфт, ки дигар аз сиёсат худро канор мегирад ва ба Путин ҳам хашм надорад. Баъдан, вақте сабабҳои раҳоии ӯро ҷиддитар ба баррасӣ гузоштанду гуфтанд, ки Путин ин корро пешопеши Олимпиадаи Сочӣ кардааст, то Русияро назди кишварҳои ғарбиву демократӣ сарбаландтар намудор кунад, Ходорковский гуфт, ки дар ҳақиқат дар озодии ӯ Путин нақши калидӣ бозид.

“ЛЮБИМЧИКИ ПРЕЗИДЕНТ”

Путин баъдан ҳамкори дигари Ходорковский – Платон Лебедовро низ аз маҳбас раҳо намуд. ӯ дар бораи тасмими худ барои раҳоии Ходорковский баъдан гуфт, ки ин қарорро пас аз номаи раҳбари ЮКОС ба унвонаш содир кардааст, ки мехоҳад дар ҳаққи модари бемораш ғамхорӣ кунад. Ин иқдоми Путин бархе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро умедвор ҳам кард, ки президент Раҳмон ахиран маҳбусони сиёсии кишварро низ афв мекунад. Дуруст аст, ки мақомот мегӯянд дар Тоҷикистон ягон маҳбуси сиёсӣ нест ва чунин меъёр дар қонунгузории кишвар ҳам ҷой надорад. Аммо вақте сухан аз сарнавишти раиси ҲДТ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, вазири собиқи умури дохилӣ Ёқуб Салимов, вазири пешини саноат, соҳибкори муваффақ, муассиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов меравад, ҳатман мавзӯи «маҳбусони сиёсӣ» пеш меояд.

Ҷои баҳс надорад, ки на Искандаров, на Салимов ва на Саидов андешаҳои радикалӣ надоштанд ва мисли Тимошенко даъво пеш нагузоштаанд, ки бояд Раҳмонро ба майдон оварду муҷозот намуд. Баръакс аз забони онҳо доим дар бораи президент ҳарфҳои мусбат садо медод. Танҳо, агар интиқоде мекарданду мекунанд, аз наздикони президент аст, ки ба ҳар роҳу восита намегузоранд дар мамлакат ислоҳот сурат гирад (чизе монанд ба назаргуфтаҳои Ходорковский). Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро бошад як замон «любимчики президент» ҳам мегуфтанд. Воқеан, маҳз ӯ ягона мансабдори тоҷик буд, ки дар курсии ҳукуматӣ нишаста, баъзе аз амалкардҳоро мавриди интиқод қарор медод. Бар илова, дар лаҳзаҳои душвортарини ҳукумат, ҳатто новобаста аз мавқеъгириҳои ҳамақидаҳои худ, ба пешвози ҳукумат мерафт. Аз ин рӯ, тавре дар сухани охири мурофиаи судиаш гуфт, «аз ман террорист сохтан намешавад!»...

НОУМЕДӢ ВА РАДИКАЛИЗМ

Дар бораи Зайд Саидов, ки акнун мақомот дар бораи «ҷиноятҳои гӯшношунидаш» сӯҳбат мекунанд, ҷомеаи фаъол назари дигар дорад. Зеро онҳое, ки Зайдро мешиносанд, ӯро ба сифати як ватандӯсти асил, шахси раҳмдилу накӯкор дидаанду ёд мекунанд. Номаи дастаҷамъонаи як гурӯҳ зиёиёни маъруфи тоҷик ба унвони президент бозгӯкунандаи он аст, ки онҳо ҳам ба ин иттиҳомот бовар надоранд. Ҷараёни мурофиаи судӣ ва ҳукми ниҳоӣ (20 сол барои «ҷиноятҳои гӯшношунид» ва 6 сол барои иқтисодӣ) ҳам масъаларо хеле машкук намудор мекунад. Ахиран Зайд ҳам гуфт, ки агар ин ҳама ба хотири сарвату дороии ӯст, пас онҳоро бигиранду раҳояш созанд. Зеро вазъи сиҳатиаш дигар тобу тоқати утоқҳои намноку торики зиндонро надоранд.
Воқеан, Путин барои раҳоии Ходорковский асос модари бемори ӯро овард, аммо Зайди мо худаш бемор аст. Ба Муҳаммадрӯзиву Ёқуб бошад, ҳатто иҷоза надоданд, ки дар ҷанозаи модарашон ширкат кунанд. Оё ин ҳама гумонеро ба бор намеорад, ки ноумедӣ барои онҳо, ки садҳо ва шояд ҳазорҳо ҷонибдор доранд, радикализмеро ба бор меорад, ки дар Украина мебинем?

“ЗАЙД”-И ДИГАР

Шояд дар назардошт бо ин буд, ки як шахсияти шинохта пас аз судури ҳукм нисбати Зайд Саидов гуфт, ки акнун аз маҳбас Зайди дигаре берун мешавад, на Зайди раҳмдилу хушбовар. Ба назари ин Зайд акнун ба як шахси хашину радикал табдил хоҳад ёфт. Зеро умеду бовариро аз даст дод...
Дар ҳоле ки мо бо вазъи доштаамон ба ин гунаҳо ниёз надорем. Ба мо, баръакс, чеҳраву шахсиятҳои орому таҳаммулпазир заруранд. Шахсиятҳое мисли Қулови қирғиз ва Нелсон Манделаи африқоӣ. Одамони тиллоӣ! Мандела пас аз 27 соли зиндонии худ ба раҳоӣ баромад, назди прокурор ва судяе рафт, ки ӯро ба маҳбас андохта буданд ва гуфт: «Биёед ояндаи ватанамонро якҷоя бисозем!». Ҳамин гуфтаҳоро ӯ назди ҳамаи президентҳо ва сарвазирону мансабдорони дигар ҳам пеш гузошт. Замоне, ки ҳизби пурнуфустарину пурнуфузтарини кишвараш интихоботро таҳрим эълон намуд, Мандела дар як изҳороти телевизионӣ ба мардум муроҷиат кард: “Ман омодаам назди шумо ба зону занам, танҳо агар ба интихобот равед. Зеро тақдири давлати мо ҳал мешавад!”

Инҷониб ҳам ба ин назарам, ки имрӯз мо ба сиёсатмадороне ниёз дорем, ки назди мардуми худ омода бошанд ба хотири ояндаи Ватан ба зону бизананд, на ба радикалҳо!
Мӯҳр
Некмард
Миллати мо кайхо сиёсатмадор надорад.Чахонбини ва забондонияшон тангу тира аст.Мо миллатро бо чахонбинии пастамон ва гузаштхои зиёд ба русхо ба як объекти масхара табдил додем!Хазорон афсуз!Махсусан халк бенихоят бесавод ва саводи сиёси надорад.Бесаводии сиёсии омма бошад бузургтарин хатар барои миллату давлат аст.Он чун рамае хохад буд,ки чизеро намефахмад ва хатто аз номуси ватандори дур хохад буд.Мисли солхои 999,1924 ва 1992.Миллатро бояд мачбури хондан кард на мачбури тамаалук ва итоати гуломона!

ОЛЛИ!!!
ДАР КИШВАРИ МО, РАДИКАЛ ВУЧУД НАДОРАД. ИНХО ХУДАШОН ТАРИКИ ТЕЛЕВИЗОРХО, ХАР КИ БА МАРДУМ ХАКИКАТРО МЕФАХМОНАД, АЗ ОН РАДИКАЛ МЕТАРОШАНД.
МИСОЛ ХАМИН ИНСОНХОИ БЕГУНОХ ( Ё.САЛИМ М,ИСКАНДАРОВ З,САИД ) ИНХО ХИЗМАТЕ БА МАРДУМ КАРДААНД, НА ХУНИ МАРДУМРО МАКИДААНД. ОН РУЗ НАЗДИК АСТ...

Зону зананд, дуруст аст ба зону нишинанд хам мешавад гуфт, вале ба зону бизананд калка (нусха)-и урусии поставить на колени мебошад.

Tojik
Man sad dar sad bovari doram ki javononi tojike hastand ki dar horija tahsil mekunand va tayorand ki baroi halku vatani hud jonro fido kunand. Manham az on kator astam, Ammo baroi mo roh nest dar davlat. Va mebinem kasonero ki dar digar davlatho tasil mekunandu kadrhoi hub meshavand, vakte ba Tojikiston rafta kore nameyobad, ru ba digar davlatho meorand. Az in sabab to zamone davlatdoroni hozira dar sari kudrat astand kadrhoro az dast hohem dod. Afsus Sad afsus

Шикаст хурдани хукумати шуравихам аз худпарастию бепарвогию дилозори буд Ягон давлати яккапарасти пеш нарафтааст ва умед хам аз ин давладори нест ки иктисодиёташ пеш равад Мегуянд бисёр ободи шуд дар истиклолият лек ин хатои бузрг аст Ободи ин хонаю куча сохтан нест ободи ин ободии милат аст ободии фаханг аст зеро 90 фоизи таълиму тарбияи мо аз ислом аст чуноне ки мебинем дар истиклолияти имруз чи кадар мардуми точик сарсону пароканда аст хулоса якфикр Агар ин махбусони сиёсатмадор дар хакикат дар назди конун айбдор бошанд чаро карори судхо бе фаолияти мардум гузашт? чаро пинхони судхо карор бароварданд? БО Мардумфиреби давлат хечгох пеш намеравад! Коре кард ки мардум дар оянда бо номи нек хизби пешбари давлатро ёд кунанд !!!

"Таърих такрор мешавад..." Мо пешравии Ватани азизамон ва якпорчагии онро мехохем, на ин ки аз тарафи базе шахсиятхои воломаком талаву торочи миллат ва таксими заминро. Агар давлатро идора карда наметавонед!!! бигузоред шахсони бо маърифати Ватан кишварамонро идора кунанд. Чанд рузи пеш дар интернет вакте дар бораи Точикистон маълумоте лозим шуд кофтам, ки дар ончо масохати ВАТАНАМРО 142 хазор (км 2) нишон медихад. Кучост 1,1 хазор (км 2) замини миллат МО мансабдорони мухтарам!!! Ин аламовар хаст. (чоп кунед озодагон)

kurboni chol va saidshovu baxtiyori langari ham baroi hukumat xizmatu jonboziho karda budand lekin giriftanshon baroi tinjii vatan xomush nishastaand.boz meguyand darkor boshad mo ba xizmat tayorem.ana mardoni millat.

Эх Зайдуллочо Зайдуллочон, дар тагат хуб об монданд а, пулу дорогиятро кашида гирифтанд а. Хуму Росия хуб набуд барои тура. Янукович аку ба чойи ту хуб кайф мекуна катии додараш Путин.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)