Бахшҳо
05 мар 2014 08:26Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ / Акс

ВИДЕО: Ҷоизаи Мишел, ҳамсари Обама, ба рақиби Эмомалӣ Раҳмон

Мишел Обама, ҳамсари Барак Обама -- раисиҷумҳури Амрико рӯзи чоруми март ба Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони иҷтимоии “Дурнамо+” ва номзади нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар интихоботи президентии соли гузашта, ҷоизаи “Шуҷоати зан”-и Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаро тақдим кард.

Ин ҷоиза соли 2007, замоне ки Кандализа Райс вазири умури хориҷии Амрико буд, таъсис шуда, имсол дар қатори Бобоназарова нӯҳ зани дигари фаъоли ҷаҳон аз Украинаву Ҳиндустон ва... Афғонистон низ чунин ҷоизаро соҳибӣ намуданд.



ВИДЕО: Ҷоизаи Мишел, ҳамсари Обама, ба рақиби Эмомалӣ РаҳмонМаросими тақдими ин 10 ҷоиза барои занони шуҷоъ дар Вашингтон сурат гирифт, ки Ойниҳол Бобоназарова низ дар он ҷо ҳузур дошт. Наздикони ӯ дар сӯҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, Бобоназарова феълан дар Амрикост ва рӯзи шанбе ба Тоҷикистон бармегардад. Онҳо аз тақдими ҷоиза ба раҳбари созмони “Дурнамо+” изҳори хушнудӣ карда, барои қадрдонияш аз Мишел Обама изҳори сипос намуданд. “Бобоназарова бо даъвати мақомоти амрикоӣ ба Вашингтон рафта буд ва баъд аз тақдими ҷоиза боз ба Ватан бармегардад”,-гуфтанд наздиконаш.

Ойниҳол Бобоназарова дар интихоботи соли гузаштаи президентии Тоҷикистон аз тарафи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби сотсиал-демократ ва афроди саршиносу баъзе аз созмонҳои ҷамъиятӣ шомили он буданд, вориди сабқат шуда, рақиби аслии Эмомалӣ Раҳмон дониста мешуд. Вале ба далели гӯиё ҷамъ наовардани 210 ҳазор имзои зарурӣ аз тарафи Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз бозӣ хориҷ шуд.

Дар торнамои Вазорати умури хориҷии Амрико навишта шудааст, ки Ойниҳол Бобоназарова аз соли 1997, баъд аз анҷоми ҷанги дохилӣ, то ҳоло аз ҳуқуқи занон ҳимоят карда, пайваста аз шиканҷа дар зиндонҳо ва вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯяд.

Хонум Бобоназарова дар гузашта раҳбарии Бунёди Сорос дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ соли 1971 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар оғози солҳои навадум ба Ҳизби демократ мепайвандад. Аз соли 1996 то 2004 ба ҳайси мушовири намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) дар Тоҷикистон низ кор кардааст.

ВИДЕО: Ҷоизаи Мишел, ҳамсари Обама, ба рақиби Эмомалӣ РаҳмонНоми даҳ барандаи ҷоизаи "Шуҷоати зан" дар соли 2014:

Насрин Оряхил, мудири таваллудхонаи “Малалай” дар Кобул (Афғонистон);

Рошика Део, ҳомии ҳуқуқи занон ва фаъоли сиёсӣ (Фиҷи);

Русудан Готсиридзе, усқуфи калисои евангилии баптистии Гурҷистон (Гурҷистон);

Ясмин Барриос Агуилар, президенти трибунал - додгоҳи олӣ (Гватемала);

Лакшмӣ, ҳаракатчии “Манъи ҳамла бо кислота” (Ҳиндустон);

Фатимата Туре, фаъоли ҷамъиятӣ ва мудири иҷрокунанда (Малӣ);

Маҳа Ал-Муниф, асосгузор ва мудири иҷрокунандаи барномаи миллии бехатарии оила (Арабистони Саудӣ);

Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони иҷтимоии “Дурнамо+” (Тоҷикистон);

Руслана Лижичко, фидоии Евромайдон ва сарояндаи халқии Украин (Украина);

Биатрис Мтетва, ҳомии ҳуқуқи башар (Зимбабве)


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Изхор
Табрик Апай Ойнихол, якчоя бо иди модарон!

дарвози
Муборак шавад, Ойнихолхон!

Сафар
Устоди азиз табрик мекунем!Вокеъан ин амал боиси ифтихори хар як хонадони точик аст!Шеразани-асосие,ки танхо у зиёда аз 200-хазор имзо чамъ овард!Дигар ягон хизб чамъкарда натавонист.Муаллима-агар-президент мешуданд бовари дорам,ки шартномаи яктарафаи зиддимиллиро бо русхо,ки хатто дикторзани РБК барои чунин шатномабандии аблахона Точикистонро хандида буд лагв мекард ва точикро хатман дар ватани худаш сохибмулк мекард ва давлати точиконаро меофарид!Офарин!

Исо
Офарин.Муборак шавад ин фахри миллат аст!

3
Офарин!!! Ойнихол ба пеш!!!!!

Чоизаи одами ман
фахмида мешавад ин Бобоназарова, М.Кабири, Зоиров Р. одамони кучо будааст. Аз Украина ба фикрам барои ба хадаф расиданаш сохиби чоиза шудааст. Оинихол бошад барои ташвикотбариаш.

Донишчу
Тимошенкои точикро омода доранд. Майдон наздик аст. Балонхоро дур набаред.

Ифтихор
Ойнихол Бобоназарова вокеан ифтихори миллати точик аст ва бо чунин зани кахрамон миллат бояд, ки фахр кунад.

Ин хонум Бобоназарова Ойниҳол ҷосус буд ва мемонад. Маълумотҳои ҷамъшударо расонд ва бозпас мегардад, албатта бо "Меҳрубонӣ". Ганарар гирфта меойӣ хонум?

Яъкуб.
Аз хасуди зиед шахс мурданаш мумкин хаст.Мардуми точикро гулому гадо шумо кардед,на Бобоназарова,боз шарм намедоред....

укта
ОФАРИН!!!!
ЧУРЬАТИ МАРДОНАРО КАДР БОЯД КАРД.
АГАР ДАР ВАТАН МЕКАРДАНД ЧИ МЕШУД.....

Чоизамуборак ба хонум Ойнихол Бобоназарова, ахсан ба заноне, ки мехоханд дар чомеа бехбудие бошад. Шучоати у боиси ифтихор кадрдонистю

Офарин ба х,укуматдорон,к,аблан медонистаанд,ки Шумо аз сояи ки истода Президентшав будаед-а,ихлосам ба Х,укумат майл кард-е!

муаллиматона табрик, вале ин кадар вохима накунед, мукофоти як вазорат будаасту халос, аз расм маълум аст, ки ба чи гуна занхо додаанд, занхои машхур нест дар байнашон, хаммашон сатхи муаллимаи мо, рохбари кадом ташкилотчахои разведкавии амрико... нафаре бо номи муваххид мулохизаашро навиштааст, ки маълумоти охиринро муаллима бурданду гонарарашнро гирифтанд, ман хам ба ин фикр рози. рафикон хангомачиён, муаллимаро ором гузоред, машгули чамъовари ва ирсоли маълумот бошанд, зеро аз он кас лидери сиёси баромаданаш гайриимкон...

Ватандуст
Ч,он,
Бале бародар. Ин чосуси Амрико ва Аврупо мебошад, ки инро хукумати мо нагз медонад. Барои ду чоиза шуда миллатро пароканда месозанд ин одамхо. КГБ сахт кор кунен ай паси инхо. Мо хеч вахт бо Бобоназарова набудем и намешавем. Нимтаи нон рохати чон. Ойнихол! дон ки мо мазаи ин корхоро якбор чашидем аз пушти шумобаринхо азоб кашидем бас аст. Миллатро пора-пора накунед. Инхо барои худашон чон канда истодаанд на ин ки барои миллати Точик. Ранги Украина вазифа таксимкуниро дидед? Инхохам барои курси.

Неки зани Обамада гарени монандай яки...........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)