Пешсафии Саида дар озмуни "Мисс Набережные Челны 2014"
Саида Юлдошева, як навраси тоҷик, ки муддаии озмуни "Мисс Набережные Челны 2014" аст, дар бахши “Ҷоизаи таваҷҷуҳи хонанда”-и рӯзномаи “Челнинские известия” дар қиёс ба дигар ҳарифонаш раъйи бештар дорад ва дар мақоми аввал аст.
Нашрия, ки шарики иттилоотии озмуни "Мисс Набережные Челны 2014" аст, эълон карда, ба ҳар нафаре, ки овози бештари хонандаҳояшро мегирад, ҷоизаи пулӣ хоҳад дод. Раъйдиҳӣ дар сомонаи рӯзнома то соати 18:00 (вақти маҳаллӣ)-и 6 март идома мекунад. Саида то замони нашри хабар 2105 раъй гирифта буд, ки дар қиёс ба дигар иштирокчиён бештар мебошад.
Ба даври финалии озмуни "Мисс Набережные Челны 2014" 17 навраси синни 6-12 роҳ ёфтаанд. Довталабон 7 март рӯи саҳна баромада, дар алоҳидагӣ ва дар гуруҳҳо қобилияти ҳунарии худро ба намоиш мегузоранд.
Саида Юлдошева дар саҳифаи худ дар "Вконтакте" аз ҳамаи онҳое, ки то кунун барояш раъй додаанд, изҳори сипос кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |