Бахшҳо

Боздошти қочоқчиёни қирғиз ва номуайянии боз шудани марз

Ду шаҳрванди Қирғизистон ба иттиҳоми қочоқи коло аз Тоҷикистон ба ватан боздошт шудаанд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ин шаҳрвандони кишвараш қасди итиқоли ғайриқонунии маҳсулоти ширию ширинӣ аз Тоҷикистон ба ватанро доштаанд. Ба иттилои манбаъ, маҳсулоти мазкур мусодира шуда, ҳаҷми умумии он 60 ҳазор соми қирғизиро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан низ ин ниҳод гуфта буд, танҳо дар давоми рӯзи 27 феврали соли ҷорӣ 4 шаҳрванди Қирғизистон, аз ҷумла ду сокини вилояти Бодканд, ҳаммарзи вилояти Суғд боздошт шудаанд, ки қасди интиқоли 10 тона меваи қоқ ва 2 тона қурут аз Тоҷикистон ба ватанро доштанд. Дар пайи тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон мақомоти Бишкек бо вуҷуди дар қаламрави Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара сурат гирифтани ин ҳодиса, сарбозони тоҷикро муттаҳам доранду марзи худро ба таври якҷониба бастаанд.

Дар музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзи 3 март дар Душанбе баргузор шуд, мақомоти Бишкек барои боз кардани гузаргоҳҳои марзии ин кишвар бо Тоҷикистон, розӣ шудаанд. Аммо ҳанӯз санаи дақиқи боз шудани марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон маълум нест. Дар ҳамин ҳол, Тоқон Маметов, муовини сарвазири Қирғизистон, ки дар музокироти ҳайатҳои ду кишвар ҷониби Бишкекро раҳбарӣ мекунад, рӯзи 5 март дар суҳбат бо расонаҳои хабарии кишвараш хабари боз шудани марзро рад карда, гуфтааст, боз шудани марз пешниҳоди Тоҷикистон буда, ҳоло мақомоти Қирғизистон дар ин бора ба хулосае наомадаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)