Бахшҳо

Сӯҳбати рӯбарӯи Зоиров бо мардоне, ки ба манзилаш “ҳамла” карданд (ВИДЕО)

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), бо гуруҳи мардоне, ки рӯзи 1 марти соли ҷорӣ ба манзили ӯ “ҳамла” оварда, нишасташонро дар мавриди 120-солагии Акашариф Ҷӯраев халалдор карда буданд, сӯҳбат намудааст.

Ҷаноби Зоиров ба “Озодагон” гуфт, ин вохӯрӣ дар пайи муроҷиати ӯ ба мақомоти пулис дар утоқи кории муовини сардори Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Синои пойтахт гузаштаст. Ин афрод, ки қаблан худро тоҷирони бозори “Султони Кабир” муаррифӣ карда буданд, таъкид кардаанд, ки тасодуфан ба ҷаласаи Зоиров омадаанд. “Онҳо гуфтанд, ки амали онҳо барқасдона ё тарҳрезишуда набуд”,-афзуд раҳбари ҲСДТ.



Раҳматилло Зоиров мегӯяд, ин гуруҳи мардон дар оғоз ҳамаашон гуфтаанд, хабари баргузории нишаст дар манзили ӯ аз интернет фаҳмидаанд. “Чун мо гуфтем, дар бораи ин нишаст чизе дар интернет навишта нашуда буд, онҳо гуфтанд, одамони ношинос барояшон варақа дода, сипас ба ҷаласа фиристодаанд”,-афзуд ӯ.

Ба нақли Зоиров, “мардон гуфтанд, ба онҳо ду нафари галстукдор варақаҳоро дода таъкид кардаанд, ки дар офиси мо маҷлиси табаддулот дар Тоҷикистон мешавад. Галстукдорон гуфтаанд, Зоиров мехоҳад вазъияти Украинаро дар Тоҷикистон такрор кунад ва бояд ин мардон мавқеи худро нишон медодаанд”.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократ мегӯяд, ҳоло ба мақомот барои ба ҷавобгарӣ кашидани ин афрод муроҷиат карда ва мехоҳад, ин қазия мунсифона баррасӣ ва ба он баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Зеро ба гуфтаи Зоиров, ин гуруҳ бидуни иҷоза ба манзилаш ворид шуда, сипас ӯро таҳқир кардаву туҳмат задаанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Шукргузор
Эх,Зоиров...Шумо чи мехохед? Протиф лома нет приёма мегуянд урусхо. Тан ба такдири хак дихеду хамон адвокатиатонро карда гаштан гиред.Дар ин кишвар ба худ хамфикр ёфтанатон душвор. Дар ин чо аксарият манкуртанд ва муи сарашон чаппа баромада аллакай майнаашонро захролуд кардааст. Агар хамин хел рафтан гиред, ба болои саратон гунохи на танхо чосусии Узбакистон, балки чосуси ба манфиати ягон сайёраи дигарро хам бор мекунанд. Шарт несТ ки то ин сайёра хануз касе нарафтааст. Шумо кабл аз сафари инсон ба он сайёра чосуси онхо будед.Ачаб мардаки содда будаеду дилсоф . Баъд аз хамаи ин боз мехохед, ки дар ягон гуша хакикатро ёбед. Чизи набударо аз кучо меёбед?

Анвар
Шукргузор рост гуфти,ин миллат пурра табиати гуломии то cоли 1924-ашро,баъди катил у аз тарафи гурухои славяни-мугули(Тошкант-Москва)пайдо кардааст!Афсузи миллати бузурги бесохиб!

кулоби
Шикоят кардан ба мокомоти Точикистон фоида надорад барои он ки ташкилкунандои ин спектаклхо худи онхо мебошанд.Ба ягон созмони байналхалки мурочиат кардан лозим аслан ягон нафар ба доди мардуми Точикистон расидани нест

Алишер
Зоиров бародар дар бораи он занони исенгар ки ба офис и шумо хамла карда буданд шикоят кардед ба боло окибаташ чи шуд?хеч пас нисбати ин мардхо хам чунин шикоятро намоед шикояти шумо бечавоб мемонад.Максади асосии гуфтаам он аст ки мо бояд сарчамъ шавем

Сами Бухоро
Зоиров худ таърифкуниро бас кун ! Ту ва тарафдоронат чосусхои хоричи мебошенд. Мо бовари дорем , ки одамоне , ки дар зодрузи шумо хучум карданд, накшахои пешакии худатон аст. Дар ду руз панч маротиба дуруг гуфтенд.

Шогирд
Устод ба пеш !Точикон кадри бузургони худро намедонанд! Афсус!

in spektakli xudi zoiruf ast.hukumat xohad dar 10 minut maxkamash mekunad.harxela gap mezanand in guruhoi jangdoz.

Анвар
Номи Акашарифро дар 120 солагияш касе ба забон наовард.Хайфи ин миллати бесовдшуда ва рохи чупони пешгирифта!Шукргузор,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)