Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 22 май 2019, 04:13

Сироҷиддин Аслов бо даъвати Сергей Лавров ба Маскав меравад

6 март 2014, 16:43

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо даъвати ҳамтои русаш – Сергей Лавров ба Маскав меравад. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Русия, ин сафари Аслов ба Маскав рӯзи 6 март сурат гирифта, қарор аст, ду рӯз идома ёбад.

Манбаъ мегӯяд, дар мулоқоти рӯзи 8 марти Аслов бо Лавров ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла дар самтҳое, ки қадами аввалин гузошта шудааст, ба баҳс кашида хоҳад шуд. Инчунин, вазири умури хориҷии кишвар дар ҷараёни сафараш ба Маскав бо Лавров ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи фарҳангу маориф, аз ҷумла омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд.

Дар торнамои расмии Вазорати умури хориҷии Русия таъкид шудааст, ки сафари Аслов ба Маскав нахустин сафари расмии хориҷии ӯ ба ҳайси вазири умури хориҷии Тоҷикистон мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаро Чаноби Олй нею Аслов? Путин дар двизияи 201-ум сафи худро зиёд кардани маоши калон барои снайперу чосусони харбй ва чумла ашхоси даркории худашон чора меандешанд. Дар ин давраи хассос бояд ЧО равад, на одами некомпитетний. Аз дасти ин русхои чангдоз хамаи кор меояд. "Зиракии сиёсй ва хисси миллй"-и ЧО кор дода истодааст.
Посух додан
  • Асо

  • 6 март 2014 17:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хайронам-чи-лозим-ба-мо-забони-руси-касе-хон
ад-хонаду-ёд-гирад-мо-як-умр-гастраб
айтери-дари-хонаи-русхо-шуда-мондан-гирем-ч
Посух додан
  • daler

  • 6 март 2014 17:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
man afsonai "hamkorii dujonibaro" az yod medonam. 22 sol shud ki dar akhbori omma takror ba takror pakhsh meshavad!
Посух додан
  • Хонанда

  • 6 март 2014 17:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
А бача, чи гапе шуда истодааст. Дар ин давраи чанг бо Украина вазири точикро ба Москва даъват доранд ва Матвиенко ба Душанбе меояд. Балонхоро аз Душанбе берун мебаранд. Таки коса нимкосае хаст. Ба фикрам дар Точикистон ягон ходиса ё таркиш шуданаш мумкин. Худо нигох дорад!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
русо мехохан мо як умр гатербайтер бошем барои хамин русиро ед гирем е ягон план кашидагияй ки русиро ед гирему паспорти русимон тияю як кисми тч ро ранги крим приднестров асетия кашида гира боз ин хол дар сари казокистон меоя сабр кунед бояд мардуми тч зиракиро аз даст надихад

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!