Бахшҳо

Зайд Саидов: “Ҳоҷати иштирок дар мурофиаҳои баъдиро намебинам”

Зайд Саидов -- соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав рӯзи 7 март боздошти яке аз вакилони мудофеъ Фахриддин Зокировро ба талоши мақомот барои ғасби амволи ӯву наздиконаш рабт додааст.

Дар изҳороти Зайд Саидов, ки тариқи вакилони ӯ қироат гардид, таъкид шудааст, ки феълан барои мусодираи амволи ӯву наздиконаш ҳудуди 6 парванда дар Додгоҳи иқтисодӣ қарор дошта, ҳимояти онҳо ба дӯши Фахриддин Зокиров буд. Зайд Саидов гуфтааст, дигар ба ҳалли қонунӣ ва мунсифонаи қазияи худ ва амволаш бовар надорад ва бинобар ин ҳоҷати иштирок дар мурофиаҳои минбаъдаро намебинад.

Ӯ таъкид намудааст, мақомот метавонанд аз рӯи парвандаҳои дар додгоҳбуда нисбат ба амволаш, қарори дилхоҳашонро қабул кунанд: “Мутмаинам, чунин муносибат як қасосгирии рӯирост нисбат ба ману пайвандонам аст. Ба ҳар восита аз ҳимоя дур намудани вакилон, ки барои гуноҳҳои ман ва амволи қонунӣ ба дастовардаам, талош доштанд, маҳз ҳамин хулосаро тасдиқ месозад. Мутаассифона, ба ҳамин натиҷа расидам, ки ҳаллу фасли ҳамаи масоили ба ман тааллуқдошта, чӣ дар парвандаҳои ба ном ҷиноятӣ ва чӣ дар баҳсҳои вобаста ба амвол дар чорчӯбаи қонун ғайриимкон аст. Аз ин хотир, ба мутаасадиёни мақомоти дахлдор муроҷиат мекунам, ки вобаста ба ин амалҳои гӯиё қонуниатон бо вонамудкунии мурофиаи додгоҳӣ обрӯву эътибори қонун ва Сарқонуни кишварро поймол месозед. Аз ин рӯ, ширкати талош дар мурофиа дигар маънӣ надорад.”

Дар баробари ин, Зайд Саидов аз мақомоти тоҷик даъват намудааст, ба корҳои ғайриқонунӣ ва ба ҳамин восита паст задани обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ хотима диҳанд. Ин соҳибкори маъруфи тоҷик баҳори соли гузашта, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, боздошт шуда, ба 26 соли зиндон маҳкум гардид. Ахиран мақомот аз боздошти яке аз вакилони дифои Зайд Саидов, Фахриддин Зокиров хабар дод, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешавад.
Мӯҳр
Беинсофи
Вакте тамоми макомоти кудрати зидди ин бечорахо кор мекунанд дигар фоидае надорад... конунро масхара кардаанд.. барои шумо сабр аз Аллох мехохам

Ин кадар дар Точикистон беконуниро мебинем, ки диламон аз хама чиз хунук мешавад. Магар Точикистон барои як оила аст, ки хар руз дигаронро бо хар бахона дуругу тухмат мезананд. Камтар шарм доред кормандони Агентии коррупсия. Рости, номи хамин макомот дилгирам кардааст. Тезтар хамин идораро бархам медоданд.

xohi naxohi gunohot tasdik shudaast srok girifti.ravi naravi fark nadorad na ba hukumat na ba xalk.advokatho pul kor kardesanu xalos.

Ягон руз гоибов аз ба дунё омадагиаш пушаймон мешавад.

Zinda Boshi Akai Zayd Alloh nigahboni Shumo boshad , In Sha Alloh dar haki shumo Duo mekunem ki har chi zudtar az Mahbas Ozod shaved , Suhanhoi Behtarin Gufted , Alloh nigahboni Shumo Boshad ! Mardi Pok , Mardi Sakhi , Mardi Khudo

бубинед ин фарҳанги марди ҳақро,ки ягон сухани қабеҳ нагуфта аз ноодилони замон хоҳиш кардааст,ки ба ноадолати ва розонидани обуруи кишвар хотима диҳанд.Худованд сабрат диҳаду ба зудтарин муҳлат аз банди ноадолатиҳо озодат кунад.

мухаммад
tojik,
Рут сиех ту барин Точика! Аввал бо харфхои Точикиат нависон баъд номатро Точик гузор! Ту ягон хизмат дар чомеа накардаи чи мардони мардро гап мезани ту хакки гап гуфтан надори ... наход Точик то ин кадр ба беадолати ва зулм рози бошад, хайфат!

Парвона
Акачон аз Оллох сабру токат ба Шумо хохонам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)