Бахшҳо
08 мар 2014 15:02Тоҷикистон / Сиёсат

Аслов вазъияти Украинаро бо воқеаҳои солҳои 90-и Тоҷикистон муқоиса кард

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки дар Маскав қарор дорад, рӯзи 8 март бо ҳамтои русаш – Сергей Лавров ҳамкориҳои дуҷониба ва воқеаҳои ахири Украинаро баррасӣ кардааст.

Ҷаноби Аслов вазъияти кунунии Украинаро ба ҳодисаҳои солҳои 90-и кишвар муқоиса карда, таъкид намудааст, “Тоҷикистон таҷрибаи сӯитафоҳумҳои сиёсиро дорад, ки кишварро ба буҳрони шадиди иқтисодӣ рӯбарӯ карда буд”.

Ин сафари нахустини расмии Сироҷиддин Аслов ба Маскав ва он ҳам бо даъвати Сергей Лавров дар пайи воқеаҳои Украина сурат мегирад. Агарчӣ то кунун мақомоти баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбакистон дар робита ба воқеаҳои Украина мавқеи худро рӯшан карданд, вале Душанбе ҳамоно сукут ихтиёр карда буд. Бархе аз коршиносон мегӯянд, эҳтимол Душанбе ин фурсатро мунтазир буд, ки бо мақомоти Русия чӣ гуфтанашро машварат кунад, то ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфтааст, Маскав аз шарикони худ даъват менамояд, онро яке аз тарафҳои даргир дар нооромиҳои Украина наҳисобанд. “Мо омодаем, сари мизи гуфтушунид биншинем. Вале бояд ин гуфтугӯ воқеӣ ва дур аз ҳар гуна талошҳо барои нишон додани мо ҳамчун як тарафи даргир бошад”,-афзудааст ӯ. Расонаи Вести.ру менависад, вазирони умури хориҷии ду кишвар ба хулосае расидаанд, ки амалкарди гуруҳҳои мухолифи Украина аз доираи қонун берун мебошад. “Мо вазъияти феълии Украинаро ба баҳс кашидем ва бар ин мавқеъ ҳастем, ки набояд миллигароёни ифротии нооромкунандаи вазъият ташвиқ шаванд”,-изҳор доштааст вазири умури хориҷии Русия.

Ҷаноби Лавров дар идома гуфтааст, пойгоҳи низомии 201 манофеи Маскавро дар минтақа ҳимоят карда, ҳамроҳ бо низомиёни тоҷик амнияти Тоҷикистонро таъмин хоҳад кард. Вай афзудааст, рӯзҳои наздик қарордоди байни ҳукумати ду кишвар дар бораи бардоштани боҷи гумрукии сӯзишворӣ ва тамдиди муҳлати будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, Лавров қабл аз шурӯи мулоқот бо Аслов дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, Душанбе шарики стратегии Маскав мебошад ва ибрози умедворӣ кардааст, ки дар оянда низ хоҳад буд. Сироҷиддин Аслов низ дар навбати худ гуфтааст, ин мулоқот нишонаи идома ёфтани гуфтугӯи сиёсӣ ва рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар мебошад.
Мӯҳр
Рахим
Руссия бояд харчи тезтар низомиёнашро аз каламрави Украина барорад. КРИМ каламрави Украина хаст ва мемонад.

нури наср
Чи гуна ба каламрави Украина шомил шудани Кримро набояд фаромуш кард!

рустам
мухтарам вазир аз фурсат бояд истифода бурд зеро имруз русия ниёз ба дасгирии осиёи маркази дорад фурсатро аз даст надихед вазъи мухочирони точикро биараси намуда хукукхои онхоро кавитар намоед ва ман бовари комил дорам ин рафторатон ба шумо шухрати зиёд ва бенихоят савоб дар хаки хамватанонат хохад расид .

Мухтарам Аслов. Илтимос назорат кунед сафирхои моро. Бовар кунед занхошон рохбар баъзехошон. Дар сафоратхо якдигарфахми нест. Сафирхо одамхои худашона ки шахрвандони дигар кишврхо хастанд, меоранд. Кучое ки раванд аввал одамхои худшона мебаранд. Сони сафирхои мо забонро намедонанд. Айб аст.комиссия кунед забондонишонии сафирхоро санчед.тамоми кормандони техники хам аз вкх ва бо тарики комиссия гирифта шавад. Муттаасифона сафирони мо дар дехли,ашкобод,анкара, минск москва эрон япония ва женева аз куча дипломатия нагузаштанд. Зарифи афсус ки хатои зиёд кард дар чобачокунии кадрхо

Salom ba hama, Waziri naw ba fikram ki ishtibohi kalon mekunad ki tahawulloti Ukrainaro ba solhoi 90 Tojikiston barobar mekunand. Shoyad ki haminxelam boshad charo ki mardumro Yak guruhi digar ba nomi guruhi Sewum daxolat mekunad. misli ki Russia dar Ukraina daxolat mekunad wa Uzbakiston dar Tojikiston daxolat kard wa janga doxtan. mo boyad Mardumi Ukrainaro Hakki xudashonro bidihem. charo mo boyad tarafdori Russiyaro kunem ? Russija Notzist nadorad ? har sol kam az kam to 40 yo 100 muhojiri tojik be sar az Russija meoyad charo Russiya inro nodida megirad ? Rahbaroni mo boyad yod bigiran az Padarshon PUTIN chitawr boyad az Millati xud difo kunem. in Waziri naw boyad awal in suolhoi mardumro jawob bigad. to Russiya raftanashon malum nabud ki chi boyad guft. fahmondanshon
Рахим,
Рахим,

Сорбон
Ин Аслов соф русира намедонистаст-ку. Бо аксент сухбат мекунад. Неудачни вазир...

Мухтарам вазир илтимос дар масъалахои кадри хатогии собик вазирро накунед. Аз куча оварда дар мухлати кутох то сардори раёсат,консулхои генерали ва сафир намонед. Баъзе Сафирхо ба гайр аз худ ахли оилаи худ дар сафоратхо дигар хеч проблема надоранд. Рохбари сафоратхо янгахо шудаги муттаасифона. Сафирхо саводи кофи надоранд. Аз кучаи дипломатия дуранд. Забонро намедонанд.Аз дахони дипломатхо шунидам ки Сафирхои ЧТ Туркия, швейцария,эрон,консулгари дар екатеренбург, мазори шариф ба гайр аз кисаи худу зану фарзанд ва рекламаи худ дигар хеч кор намекунанд. Ба гайр аз ин сафирхои мухтарами мо дагал ва хакоратчи мебошанд. Ма студент зимни тачрибаомузиам дар Вазорат шунидам ки сафири точикистон дар анкара, ашкобод,ар-риёз ва шма дашномхои сахт мекунанд. Аз дахони намояндаи президент чунин суханони дагалро шунидан нафрати кас меояд. Нафрат ба хамин сафирхо ва хам ба он касе ки инхоро пешниход кардаст. Илтимос мухтарам вазир хамаи сафирхоро иваз кунед ки дар фикри давлату хукумат ва шахрвандони точик нестанд. Сафир 3 сол кор кард боз ба вазорат баргардад. Бинад ки дар точикистон коргари вкх бо 300 сомон зиндаги мекунад. 2500-3000 доллар мегиранду дар фикри ободии давлат нестанд. Як хел сафир 5-10 сол шуд аз точикистон дур аст. Хатто рафтан хам намехоханд. Баъд аз ин аз кучо дар фикри ободии точикистон хастанд мухтарам сафирон. Озодагон дар фикри ободии давлат бошед чоп кунед.

ОЗОДАГОН ЧАРО КОММЕНТИ МАРО НАШР НАКАРДЕД

Ба донишчу мухочири дипломдор

дипломати ношуд ба фикрам дар вақтуш аз танбаливу ландаҳурира хуб шаттаи сафирора хурдагии ки оҳу воҳат баромадестай.....

Сорбон. Инро чй хел фахмем?! Дар хабари расмй (мутобики моддаи 69) дар бораи хаёту фаъолияти Аслуф гуфта шуда буд, ки у бо забонхои русй, англисй, немисй, форсй???, .... озодона бе шпиргалка сухан мекунад. Сардори дипломатхои мо ки хамин хел бошад вай бар холи сафиракои бизнесмени мо. Бизнес хам дур аз ватан дур аст-дия!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)