Додгоҳе дар шаҳри Тошканд ҳомиёни ҳуқуқ Фахриддин Тиллаев ва Нуриддин Ҷуманиёзовро ба 8 солу се моҳ равонаи зиндон кардааст.
Бино ба хабарҳо ин ду нафар дар "фурӯши одамон" муттаҳам шудаанд, аммо Анҷумани "Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна" (AHRCA) ин иттиҳомро бофта гуфтааст.
Фахриддин Тиллаев ва Нуриддин Ҷуманиёзов аъзои маркази ҳифзи ҳуқуқи «Мазлум»-анд. Прокурор барои ин ду нафар 12 соли маҳрумият аз озодӣ хоста, аммо додгоҳ онҳоро 10 солу 8 моҳӣ равонаи зиндон кардааст. Бо назардошти қонуни афв Фахриддин Тиллаев ва Нуриддин Ҷуманиёзов 8 солу се моҳро дар зиндон мегузаронанд.
Ба иттилои расонаҳо, ҳомиёни ҳуқуқро бо санксияи суд 2 январ боздошт кардаанд, аммо дар парванда он 4 январ навишта шудааст. AHRCA гуфтааст, ҳомиёни ҳуқуқ озору шиканҷа шудаанд.
Мӯҳр