Истиқболи Бишкек аз амалкарди Аврупо алайҳи давлатмардони украинӣ
Қирғизистон аз иқдоми Иттиҳоди Аврупо дар мавриди ҳабси молу мулки мақомоти украинӣ, ки дар истифодаи ғайриқонунии амволи давлатӣ муттаҳам мешаванд, истиқбол кард.
Эрлан Абдилдаев, вазири умури хориҷии Қирғизистон зимни мулоқот бо Чезаре де Монтисом, намояндаи доимии Иттиҳоди Аврупо дар Бишкек, дар ин бора ибрози назар кардааст. Ӯ гуфтааст, кишвараш ҳамоно аз барқароркунии субот дар Украина тариқи гуфтушуниду роҳҳои мусоламатомез ва бар асоси ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳимоят мекунад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан дар пайи изҳороти охири Виктор Янукович, раисиҷумҳури фирории Украина дар мавриди президенти қонунӣ буданаш Вазорати умури хориҷии Қирғизистон бо пахши як изҳорот ин амалро маҳкум карда буд. Мақомоти Бишкек гуфтанд, манбаи ҳукумат дар ҳар кишвар мардум аст ва президенте, ки эътимоди мардумро комилан аз даст дода, аз кишвар фирор кардааст, наметавонад президенти қонунӣ бошад. Дар ин изҳорот гуфта мешавад, Бишкек ҳамагуна амалеро, ки ба ташаннуҷи авзо дар Украина мебарад, маҳкум карда, изҳороти ахири Виктор Януковичро номуносиб ва бемавқеъ мешуморад.
Вале Абдилдаев дар идома ибрози таассуф кардааст, ки Иттиҳоди Аврупо дар мавриди ҳабси молу амвол ва бозпас додани наздикону пайвандони Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури пешини фирории Қирғизистон дархости Бишкекро нодида мегирад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |