Бахшҳо

Нигаронии Маркази миллии тестӣ аз таваҷҷуҳи ками довталабон

Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон, ки имсол масъулияти қабули довталабон ба донишгоҳҳои кишварро ба дӯш дорад, аз тавҷҷуҳи ками довталабон шикоят доранд.

Ситорабону Назарова, сухангӯи ин марказ имрӯз, 17-март дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин мушкил вуҷуд дорад ва ҳоло масъалаи кам омадани довталабон барои бақайдгирӣ мавриди баррасӣ қарор дорад: “Рӯзи 15-уми март дар ҷаласаи кории Вазорати маориф ва илм, ки дар он мудирони шӯъбаҳои маориф иштирок доштанд, ин масъала бардошта шудааст ва мо дар ин масъала бо шӯъбаҳои вазорати маориф кор бурда истодаем, умедворем, ки ин мушкил ҳалли худро меёбад”.

Масъулини ин марказ мегӯянд, интизор доштанд, ки то миёнаи моҳи март 20 ҳазор довталаб худро дар нуқтаҳои марказ барои дохил шудан ба донишгоҳҳо ба қайд мегиранд, вале ин шумора ҳамагӣ 11 ҳазорр ташкил додааст, ки боиси нигаронист: “Агар чунин ҳолат идома ёбад рӯзҳои охири бақайдгирии довталабон имкони дар навбат истодани онҳо шояд зиёд шавад”.

Ин дар ҳолест, ки қарор аст соли равон ҳудуди 100 ҳазор нафар мактабҳои миёнаи Тоҷикистонро хатм кунанд ва то анҷоми муҳлати бақайдгирии довталабон ҳамагӣ 29 рӯзи дигар боқӣ мондааст. Сабтиноми довталабон дар Макази милли тестӣ аз 1-уми март шурӯъ гардида, то 15 –уми апрел идома меёбад.

Тибқи иттилои Маркази Миллли тестӣ, феълан барои сабти номи довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар 11 шаҳру ноҳияи кишвар 20 нуқтаи бақайдгирӣ, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7 нуқта, дар вилояти Суғд 6 нуқта, дар вилояти Хатлон 6 нуқта ва дар Бадахшон 1 нуқта таъсис дода шудааст.
Мӯҳр
Волидайни мардикор
салом Озодагон!!!

Ин масъаларо аз аввал ба назар нагирифтанд шояд аз хамин сабаб ин мушкили ба миён омада бошад. Як анъана байни мардум хаст, ки аввал натичаи хатми имтихонхои давлатиро дар мактабхои хамагони волидайн интизор мешаванд пас аз он хулоса мебароранд оё барои давом додани тахсили фарзандхояшон мусоидат кунанд ё не. Боз дигар тарафи масъала, масъалаи молиявии хонадонхо, хама медонем ки аз аз маблаги мардикори ва дигар фаъолиятхои берунаи мардон вобастагии калон дорад. Аксар вакт падарон аз россия хабар медиханд, ки оё фарзандонашон хучатхояшро супорад ё не барои дохилшави ба мактабхои оли.

150 сомони не, 10 ё максимум 20 сомони барои бакайдгири мукаррар кардан даркор. Камтар шарм доред, охир. Маоши мардуми точик ба маоши президенту вазирону баробар нест, афсус...

Бачои 150 сомони 15 сомони монанд ва инкадар войма накунанд ана ба довталабон афзоиш меёбанд.Тагара ичозат тихан хеле зур мешаваддия.

Донишчу
Бо чунин сатхи донишомузии талабагон танхо худованд медонад чанд % довталабон ба тарзи шафофият ба мактахои оли дохил шуда метавонанд. Чунки фаркият дар байни сатхи донишомузии талабагон (ки бенихоят суст аст) ва талаботи имтихонсупории шаффоф (ки аз руи программахои таълими тартиб дода шудааст) мавчуд хаст.

Банда мукобили ин системаи нав мебошам. Дар аксари мамолики дунё ин системаро кабул надоранд. Баъзе хатмкунандагони мактаби миёна акнун орзуи гирифтани маълумоти олиро намекунанд. Ин шояд рохи пулчамкуни бошад?! Мо аминем,ки оянда ин систамаи нимвахшиёна аз байн меравад.

Салом !!!! Ин системае ки чори шуда ситодааст барои кишвари мо холо вакт аст. Бояд ки баъди 40 соли иктислолият ин системаро татбик мекарданд, чунки холо саводи талабагони синфхои 11 ки мактабро хатм мекунанд ба он дарачае нест ки ба пурраги ин системаро сарфахм раванд. Барои мисол агар Донишчуи соли аввал ва соли дуюми дилхох ДОНИШГОХИ ОЛИИ кишварро баред ТЕСТРО дуруст кор карда наметавонад.
Баъдан он руйхатхое ки ба сардори марказ дода мешавад, ки мо Туро сари вазифа мондаем ва ин нафарон бояд донишчу шавад умуман хеч нафаре аз босаводони БЕПУЛ ба гурухи бучавии ягон донишгох ШОМИЛ шуда наметавонанд. ХУЛОСА, ки сохиби савод шудан боз дар Точикистон мушкилтар шуд................

салом имсол нисбат ба солхои дигар имтихон шояд шафофтар гузарад,соли 2012 ман ба донишгохи Тибби хучатхоямро супоридам аз эгзамен барои нарасидани 2 балам галтидам ки ман 3 сол таери дида будам , ман ки пушт надоштам пул надодам ба ман 2 бал надодан одамоне будан ки савод надоштан пул доштан ба онхо бали зиед додан, чаро муаллимон фикр намекунан ки ин одамон оянда духтурхои хуб намешаван ,дар дасти онхо чони инсон аст ,илтимос донишгохи тиббиро сахтар капед,

Хеч гап не, натарсед соли оянда шумораи довталабон зиёд мешавад.
Аксари довталабон ва водони эшое медонанд ки саводи шоистаи номи донишчу шудан надоранд. Соли якум роху равиши тагабозию акабозиро ёфтан душвор аст))) Имкони ба ки пул доданро наёфта истодаанд. То соли дига хамааш соз мещавад. ин муаммо халли худша меёба. Аслан "кам бошаю хуб боша". Рости дар наклиёту куча ва чойхои чамъияти рафтору кирдор, маданияту одоби донишчуёнро мебинию дилат аз мактаби оли хам мемона. Аз барои Худо 80 фоизашон дониши казои надоранд. Пули отаю, связи тагаашон имтихон супорида донишчу шудаанд

Он чиро дидаам,
Он чиро дидаам,
Бале хело дуруст кайд кардед. Инхо худашонро ба ЕГЭ-Русия баробар кадестиян. Ин тамоман ба дониши мо мувофикат намекунад. Кам дар ками довталабон мегузаранд

Саломи худро мерасонам.
Ман хатмкунандаи (синфи 11) Мактаби Президентии нохияи Бохтар
Ба андешаи ман барои ин Маркази Миллии тестиро дар Точикистон таъсис додан холо каме барвактар аст, зеро ки хамингуна тестиро да Украина таъсис дода будан баъди таъсис додани хамингуна тести чанд донишгохи Украина махкам шуд бинобар холи мондани донишгоххо, яъне ки саводи довталабон ба донишгоххо нарасид ва донишгоххо бе донишчу монд ва махкам шуд. Агар хамин гуна Маркази Миллии тестиро барои хозира синфхои 1-уме ки хонда истодаанд ва синфи 11 мешаванд барои инхо ташкил медоданд хело хубтар мешуд чунки талаба аз синфи 1-умияш медонад ки 10-сол пас вайро чи интизор аст ва тайёриашро хело хуб мебинад.
Ин синфхои 11-и имсол тамом мекунанд саводашон ба ин марказ ками мекунад.

Саломи худро мерасонам.
Ман хатмкунандаи (синфи 11) Мактаби Президентии нохияи Бохтар
Ба андешаи ман барои ин Маркази Миллии тестиро дар Точикистон таъсис додан холо каме барвактар аст, зеро ки хамингуна тестиро да Украина таъсис дода будан баъди таъсис додани хамингуна тести чанд донишгохи Украина махкам шуд бинобар холи мондани донишгоххо, яъне ки саводи довталабон ба донишгоххо нарасид ва донишгоххо бе донишчу монд ва махкам шуд. Агар хамин гуна Маркази Миллии тестиро барои хозира синфхои 1-уме ки хонда истодаанд ва синфи 11 мешаванд барои инхо ташкил медоданд хело хубтар мешуд чунки талаба аз синфи 1-умияш медонад ки 10-сол пас вайро чи интизор аст ва тайёриашро хело хуб мебинад.
Ин синфхои 11-и имсол тамом мекунанд саводашон ба ин марказ ками мекунад.

4IXE BFAMEM 4AN BAL GIRIFTEM

4ixe famem 4an savola hal kadem

Дангара
Саидова фируза

Санчарбек
Сабаби набаромадани чавобхои тести дар чист?

Ба ММТ,

аз итмоми тахсили ман дар соли 1987, 27 сол сипари гашт ва хар замон шукрона мекунам, ки ман дар он давраи босаводтарин чомеа сохиби маълумот гаштам. Бо таъсиси ММТ дар кишвар он нафароне, ки донишхои аъло доштанду нагузаштанд насибашон танхо рухафтодаги шуд. Он тахлилгароне, ки дар орзуи таъсис додани ММТ буданд магар аз вазъи хол бохабар набуданд. Ман фикр мекунам, ки он нафароне, ки аз "тест" нагузашта бошанд рухафтода нашаванд.

Тохиров Акбар
Н Кубадиён В Хатлон Дехаи чапари

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)