Бахшҳо

Шарҳи Оқилзод дар бораи ҷашни Наврӯз ва дигар идҳои миллӣ

Абдуллоҳи Оқилзод, узви Маҷмааи уламои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ҳукми таҷлили идҳои миллиро такя ба сарчашмаҳои фиқҳии шариати Ислом шарҳ додааст.

Оқилзод гуфтааст, ҷашн гирифтани идҳои миллӣ барои пайравони дини Ислом дар сурате раво дониста мешавад, ки дур аз ҳар гуна эътиқоди динию мазҳабии бегона сурат гирад. Ӯ дар мавриди ҷашни иди Наврӯз, мегӯяд, "тибқи мазҳаби Имоми Аъзам агар ин сана ҳамчун ба хотири омадани баҳору расидан ба ин фасли зебои сол таҷлил шавад, раво мебошад."

Вале узви Маҷмааи уламои ҲНИТ дар шарҳи гуфтаҳояш, афзудааст, агар идҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз дар асоси эътиқоди мазҳабӣ таҷлил шавад, пас ҳатто иштирок дар он ҳаром аст: “Дар иди Наврӯз аз болои оташ ба ин тарафу он тараф ҷаҳида шаваду ҷанг андохтани ҳайвонҳо сурат гирад, ин ҷашн комилан ҳаром ва шахсони ширкаткунанда дар он гунаҳкор мешаванд.

Оқилзод бо иқтибос аз оятҳои Қуръони кариму аҳодиси паймбар (с) таъкид кардааст, ки Ислом ҳеч гоҳ хурсандию хушҳолӣ дар ғайри рӯзҳо иди Рамазону Қурбонро манъ накардааст.

Шарҳи узви Маҷмааи улами ҲНИТ дар мавриди таҷлили идҳои миллӣ дар ҳолест, ки ахиран ҷавоби Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон ва яке аз руҳониёни маъруфи тоҷик дар бораи ҷашни Наврӯз баҳсҳои зиёдеро миёни ҷонибдорон ва мухолифони ин ид ба миён гузоштааст. Ин руҳонии саршиноси тоҷик дар суҳбат бо Оҷонси иттилоотиии “Tojnews.org” гуфта буд, агар Наврӯз ҳамчун иди миллӣ ҷашн гирифта шавад, ҷоиз аст: “Бояд ба урфу анъанаҳои миллӣ эҳтиром гузошта шавад ва Ислом ҳам ҳеҷ вақт ба ин мухолифат надорад.”
Мӯҳр
мархабо иди навруз

salom
мебахшеду намози худта хону ба дигарон кордор нашав
ин муллохои салафи коре карданд ки ба хама масъала бояд нигохи инхоро мардум кунанд - хатто дар масъалаи хобу хези зану щавхар!

Зарангез
Навруз ин иди миллй аст, боз чизи бегона доштааст?! Араб ба гайри идхои курбону рамазон дигар ид надошта бошад, точикон чй гунох доранд?

И
Федя
Инхо чи ба намозу идхои араб кор мегирифта бошанд! Худат, ки ба Исломи мукаддас ихлос надори чаро дигаронро ба хамфикри чалб мекуни!

эха. Товба кардам. Инкада харошиносу тозашинос ки бошед чаро то хозир як кишваре сирф бо тамадуни исломи пешрафта надоред. Кучо шумоед он чо хароми,фиреб,дуруг,фитна,ришва буда одам кадр надорад. Тамоми талимоти дуне дар чумлаи Зардушти гуфта шудааст!!Гутори нек, рафтори нек, кирдори нек!! Хама чиз.мумкин аст, агар дар доираи ахлоки инсони бошад.

tj
Навруз иди милии Точикон аст.

Рустам
Хамон шахсе ки хамин мавзуъро навистааст бесавод будааст хатогихоро бинед.....

НАВРУЗ ИН ИДИ БЕХТАРИН МЕБОШАД ДАР КАТОРИ ДИГАР ИДОХЕ КИ БА МАРДУМ МУХАББАТ.МЕХРУБОНИ.ВАДАХТ СУЛХ ВА ДУСТИ МЕОВАРАНДУ ЧАНИДН МИЛЯДРХО ИНСОНХОРО БО ХАМ МЕПАЙВАНДАНД.Чашн гири ин иди бузург фикри ягон олим ё домулоеро интизор нест.Ин иди таьрихи ва миллии мо форсхо буда ва мебошад.Шукрона дар чанд соли охир бо кушиши Хукумати Точикистон Навруз чашни байналмиллали эьлон шуд.Дар тачлили Навруз ягон ботилгари нест! ва ба арзишхои илохи Ислом мухолифате хам надорад.Каломи Худованди пур аз мехрубонист .Ин домулохои мо дар зери чатри фарханги мардуми араб исломомузи мекунанд.арабхо токати пешрафти фарханги форсхоро надоранд.Домулохои мухтарам бояд хувяти миллиро дар мади аввал бигузоранд.

Ай дастаи и салафиёра руз надорем!!!!
Мемоне мусалмонона зиндаги кунем?
Тура ки хукук додай салафи аз Имоми Аъзам гап зани???
Озодагончун чопш кун. Рахмат

Садои миллат
Навруз ин чашни соли нав ва огози фасли бахор аст. Ин рузро ситорашиносони тамоми чахон чун рузи баробаршавии шабу руз ва огози соли нав ид мекунанд. Ин ид ба ягон дин иртибот надорад ва ба ягон дин мухолиф хам нест. Аловпарак ин як расм аст, ба нияти гармиро овардан аст, ягон маънои дини надорад. Ин рузро точикон хазорсолахо чашн мегирифтанд, аз чумла баъди мусулмон шуданашон, хато халифахо дар ин чашн иштирок мекарданд ва касеро кор набуд. Имруз чор салафи бачои маърифати исломиро ривоч додан ба ботлоки хурофот гутида мехоханд моро аз фарханги миллиамон махрум созанд. Имруз онхо зиди наруз, зиди номхои точики, зиди Фирдавсиву, Рудакиву Носири Хусраву ва дигар мутафакиронанд, фардо онхо зиди забони точики мебароянд ва онро ботил эълон мекунанд. Хайрият аксари онхо забони арабиро намедонанд, вагарна моро мачбур мекарданд аз забонамон низ даст кашем. Онхо пайрави як араби ифроти Бен Ладен хастанд ва хостахои шайххои фосики арабро ичро мекунанд ва дар зери пардаи ислом мехоханд аз точикон арабхои дахумдарача созанд ва моро хизматгори арабхо созанд. Хулоса салафихо барои фарханги точик хатари калон доранд. Мо бояд аз фарханги худ собиткадамона дифоъ кунем.

Ба андешаи Шайхурраис инматолибро ягон одами оқил нахондааст.АБДУЛЛО як фарди донишманди улуми ИСЛОМӢ аст.Ӯ ба озодии ақида иҳтиром мегузорад.Баҳсҳое,ки дар боло омада масали шахси карро мемонад,ки ӯро гуфтанд монда набоши гуфт: лаънат бар падари ту.Ислом ҳеҷ рабте ба арабу аҷам ва тоҷику тоҷикият надорад.ШАХСИ МУСАЛМОН эътиқод дорад ки ин дин моли араб нест. Ин роҳе аст ки таввасути он ба саодти дунё ва охират мерави
ин чо баҳси салафи дар миён нест.ишон мефармояд ки бо эътиқоди зардушти
БА
наруз нарув ага мужик муъмини. АГАР бусурмони бемолол факат дини Худо ба
таъна назан ки оқибати бадат оламра хароб накунад.САЛОМ БА ОНҲОЕ КИ ПАЙРАВИ РОҲИ ХУДОИ ОВАРАНДАИ РУЗИ НАВАНД КИ ҲАМОН АЛЛОҲ АСТ

Навруз
бо салом ва табрики иди табиат, наврузи оламафруз.
Харду ин чанобон, окилзода ва турачонзода як суханро гуфтаанд, тарзи нигориши матлабатон инро мерасонад, ки гуё зидди хамдигар сухан карда бошанд, вале натичаи сухани онхо ин аст, ки тачлили ин ид, агар ба дин марбут дониста нашавад, балки хамчун одобу фарханги милли бошад манъе надорад.
Дар хакикат, дин худ ташкилшуда аз ду кисм метавонад бошад, яке инки Худо дар Куръону Паёмбар дар суннаташ ба мардум омухт ва яке инки ончи дар миллатхои гуногун барояшон хамчун фархангу одоби зиндаги матраҳ аст.
Албатта агар байни ин ду (насси куръону суннта бо миллату фарханг) зиддият пеш ояд, катъиян Дин пеши мегирад вале ончо ки зиддияте набошад, балки ба хукми риояти урф, ичозат дода мешавад.

Бар ин асос, холо ки касе пайдо нашудааст, ки гуяд ИДИ НАВРУЗ аз Ислом аст ва онро ба дин рабт дихад, балки онро як фарханги миллии минтакаи порсиён ва ё дар як нигоҳ ҷуғрофиёи ирони бузург медонанд ва бар ин асос, чунон ки дигарон рузи истиклолият, рузи конун, рузи забон, рузи фарханг ва даххо иду оини дигарро чашн мегиранд, мо точикон хам метавонем, ин рузро ки огозин рузи ҳасти ва табиат хам хаст, хушу хурсанд бошем.
метавон ин рузро таквими давлати ва таърихи расми хам карор дихем, ки бе рабт ба ислом хам наметавонад бошд (рузхои ин навъи солшумориро метавон бо хичрати Паёмбар хам рабт дода як таърихи милли мазхаби танзим гардад).
ташаккур аз диккататон

бежан
Бародари Окилзод агар аз руи исломи хурсандию хушхоли мань бошад мо бояд тамоми сол мотам гирем? Пагох эьлон кунед туй нагузаронед.таваллуди кудак бо хушхоли пешвоз нагиред ва г.х.Хамин сафсататонро камтар кунед илтимос муллохо.

Бежан
Вой ба-холи-миллате,ки рухонии-аблахаш-динро-аз-фархангу-таърихи-м
иллат-боло-медонад!Ин-миллат-бо-хамин
-Наврузу-фарханги-миллияш-аз-дасти-ачнабиён
-халос-хурда-чон-ба-саломат-бурд!Ин-ч
и-гап-аст,ин-чи-маймунбозии-чалламулло-ва-са
лафихост,ки-моро-дар-замони-сохиби-д
авлатдории-милли-гардиданамон-ба-шарофати-

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)