Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 25 апрел 2019, 00:50

Манъи донишҷӯён аз намози ҷумъа ва кушодани масоҷид дар муассисаҳо

18 март 2014, 14:08

Донишҷӯёни макотиби олии Туркманистон ҳушдор гирифтаанд, ки агар дар рӯзҳои таҳсил дарсро монда, ба намози ҷумъа раванд, аз донишгоҳ хориҷ карда мешаванд.

Тибқи иттилои “Хроника Туркменистана”, охири ҳафтаи гузашта масъулини донишгоҳҳои ин кишвар бо фармони шифоҳӣ рафтани донишомӯзон ба масоҷиди ҷомеъро ҳангоми соатҳои дарсӣ манъ кардаанд.

Яке аз донишҷӯёни Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Ашқобод, бидуни ифшои номаш ин хабарро дар суҳбат бо “Хроника Туркменистана” таъйид карда, гуфтааст, “декани факултет охири ҳафтаи гузашта ҳамаи донишҷӯёнро ҷамъ карду гуфт, агар аз дарс гурехта ба намози ҷумъа равед, аз донишгоҳ хориҷ мешавед.”

Дар ҳамин ҳол, кормандони бархе аз муассисаву корхонаҳои давлатии Туркманистон низ гуфтаанд, ин гуна ҳушдор ба онҳо низ дода шудааст. Ба гуфтаи эшон, дар аксар корхонаву муассисаҳои давлатии ин кишвар макони ибодат ҷудо карда шудааст, то кормандон аз коргоҳ берун нараванду ибодати худро дар онҷо анҷом диҳанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
“декани факултет охири ҳафтаи гузашта ҳамаи донишҷӯёнро ҷамъ карду гуфт, агар аз дарс гурехта ба намози ҷумъа равед, аз донишгоҳ хориҷ мешавед.”
ДЕКАН дар назди Аллох чи чавоб медихи???

Гуле, ки буй надорад бар у чаман хайф аст,
Саре ки сачда надорад бар у кафан хайф аст!

Умр агар нагузарад дар рохи Аллох,
Умри хар гову хар аз у боло!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
КАНДАШОНА ЗАНАНД МАНСАБДОРОНИ ТУРКМАН, МАНСАБ ХАЛОЛАШОН БОД, ИН БАЪЗЕ МАНСАБДОРОНИ ДУШМАНИ ИСЛОМРО ДАР ТОЧИКИСТОН САДКАИ МАНСАБУ ХАЁТ КУНАД,

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!