Бахшҳо

Ноиби вазир дархости Бег Зуҳуровро номақбул хонд

Саидраҳмон Назриев, ноиби вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон азми Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаро, ки ният дорад, тамоми хидматрасониҳои интернетиро ба идораҳои давлатӣ ба дасти ширкати зертобеаяш, “Тоҷиктелеком”, супорад номақбул хонд.

Назриев, ки 18-уми март зимни конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон баъди вуруд ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо” баромад мекард, дар посух ба суоли масъулини ширкатҳои дастраскунандаи интернет гуфт, “дархости Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зидди уҳдадориҳои давлат аст ва мо дар ин бора хадамотро огоҳ кардем.”

Назриев ҳамчунин афзуд, ки дар доираи вуруди Тоҷикистон ба СУС интизор меравад, ниҳоди нави танзимкунандаи соҳаи алоқа ташкил шавад: “Мо як барномаи махсуси мутобиқшавӣ ба меъёрҳои СУС дорем, ки рӯзҳои наздик ба ҳукумат пешниҳод мешавад. Дар он аз ҷумла ташкили ниҳоди нави танзимкунандаи алоқа пешбинӣ шудааст. Аммо барои лағви як сохтор ва ташкили сохтори нави танзимкунанда вақт лозим аст.”

Асомиддин Атоев, раиси ин Анҷумани дастраскунандагони интернет, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 7 ноябри соли 2013 бо ирсоли нома ба унвони ширкатҳои интернетрасони хусусии кишвар, тақозо кардааст, ҳама гуна хизматарсониҳои интернетиро ба муассисаҳои давлатӣ қатъ намоянд. Дар ин нома, ки зери имзои Бег Зуҳуров равон шудааст, аз ҷумла омада, ки "Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба иттилои Шумо мерасонад, дар асоси Қарори ҳукумати ҷумҳурӣ ҶСК Тоҷиктелеком вазифадор шудааст, ки тамоми хизматрасониҳои Интернет, WiMax, WiFi- ро ба корхонаҳо, муассисаҳо ва идораҳои давлатӣ таъмин намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳиш карда мешавад, дар корхонаҳои давлатие, ки ширкати Шумо хизматрасониҳои интернетиро ба роҳ мондааст, қатъ намоед ва ҳамзамон аз натиҷаи он ба шахси масъули мо ахборот диҳед".

Аммо Анҷумани дастраскунандагони интернет мегӯяд, ин дастури Хадамоти алоқаи кишвар мухолифи аксари қонунҳои амалкунандаи зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ) ва хилофи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.
Мӯҳр
Мубориз
амихели хизматрасони Wifi Wimax дорен ки корхонахои давлатиро таъмин кунед хама бе пеш Бег Зуҳуров ба кафо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)