5000 доллар барои таҳсил дар мактаби нави мусалмонӣ
Дар музофоти Онтариои Канада як мактаби исломии таҳсилоти ибтидоӣ бунёд шуда ва аз моҳи сентябр ба фаъолият оғоз мекунад.
Бино ба иттилои Kitchener CTV News, ин муассисаи таълимӣ дар шаҳри Китченер таъсис ёфта, “мактаби Мэйпл Гроув” ном гирифтааст. “Маблағи таҳсили як тифл дар он солона 5000 долларро ташкил медиҳад”,-хабар медиҳад манбаъ.
Дар баробари фанҳои дигар ин мактаб Қуръони Карим ва асосҳои Исломро меомӯзонад. Барномаи дарсии он аз ҷониби мақомоти Онтарио тасдиқ шудааст.
Рании Левенди, раҳбари ин мактаб гуфтааст, ҷамъияти мусалмонони музофот барои таъмири бино 2,5 миллион доллар ҳарҷ кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |