Бахшҳо

Ноиби ректор: Пошнаи паст ба саломатии духтарҳо зарар дорад

Искандар Аминов, муовини ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон оид ба таълим таъйид намуд, ки субҳи имрӯз, 27-уми март як гуруҳ духтаронро барои пойафзоли пастпошна доштанашон ба дарс роҳ надодаанд.

Аминов дар шарҳи ба дарс роҳ наёфтани донишҷӯдухтарон бо пойафзоли паст (балетка) ба “Озодагон” гуфт, ки ин иқдом танҳо ба хотири ҳифзи саломатии онҳо мебошад: “Пойафзоли пастпошна- “балетка” дар чунин фаслҳо метавонад ба саломатии духтарон таъсир расонад, ба ҳамин хотир мо онро манъ кардем. Духтарон оянда модар ҳастанд, роҳравҳои мо пур аз об аст, бо чунин пойафзол онҳо метавонанд саломатиашонро аз даст диҳанд. Хуб мешуд, ки пойафзоли пошнабаланд пӯшанд. Субҳи имрӯз 6 нафар донишҷӯдухтарро ба дарс иҷозат надоданд, хонаҳояшон, ки наздик буд рафта пойафзоли пастпошнаашонро иваз карда омаданд.”

Искандар Аминов афзуд, ки тибқи низомномаи сару либоси Донишгоҳ ва қарори Шурои олимон, ки ҳар як донишҷӯ пеш аз дохил шудан бо он ошно мешавад, пӯшидани пойафзоли паст манъ шуда, либоси расмӣ ҳатмӣ аст.
Мӯҳр
Бечора
Эх воееее дар донишгохи омузгори бо пошнаи паст намонен, дар ДМТ бо руймолча намонен. ИН чи гап худаш? ДАр ДМТ шуъбаи тарбия рейд гузаронидааст ва духтаронеки бо руймолчаю сатр омадаро хорич карданд ба дарс намонда як тараф истад!

у
Хайфи хамин вазифахо, ки ба шахсони тасодуфии расидаанд. Гадоро шох куни, то хафт пушиаш буйи гадо мекунад.

Духтур
ноиба ,ба ту ки гуфт,ки пошнаи паст зарар дорад.
Баракс пошнаи паст фоидаовар аст.

мирзо
Як бор саводнокияшонро дида таърик кунед, факат камбуди мекобед

ААА
Коил ман ба мисли Шумхо ноибу директорони бефахм, дигар кор надоретон ман шармам меояд аз чунин муаллимону профессор буданатон аз чунин курси дар Донишкадахои оли доштанатон. Имруз ба пойафзоли онхо нигаред фардо хеччояшон намемонад, хама чойхояшонро "ретген" карда мебароед Шумхо бефахмхоо!!!!!

Модоме, ки маъмурияти донишгох, хоса Абдучаббор Р гами донишчуён билхосса гами занони миллатро мехуранд, хазор пар пойпуши пошнабаланд харида монанд ва дар холати бо пойафзоли пошнапаст омадани донишчуён ба духтархо тухфа кунад, дар акси хол чунин амал хурдагирии маъмурият нисбати донишчуён аст, на чизи дигар. Академики мо бе нагма наметавонад кор кунад, илмр барвакт гур кардааст.

Хасан
Наход як Донишгохи бузург дигар проблема надошта бошад, факат гап дар бораи сару либоси донишчуён. Ман аз як чиз хайронам барои чи муаллимони мо ба саводи донишчуён диккати аввалиндарача намедиханд. Чахон дар андешаи кайхон асту, муаллимони мо то хол дар андешаи...
Фикру башар ба авчи фалак бол мезанад,
Дар хокбозиянд муаллимони мо хануз.

Ali
Форма пушонде, пояфзолашонам муаян кардед акнун либосхои тагпушашон мондаст

Кадушоҳ
Агар ҳукумати Тоҷикистон як таҳлили хуб карда оиди бастани чунин ба ном донишгоҳҳои бесамар қарор қабул мекард, беҳтарин иқдоми нек ба миллат мешуд ва ба ҷои ин базаи Донишгоҳи миллиро бақувват кардан лозим. Аз руи гуфтаи донишҷуён дар ин чо дониш ва таълиму тарбия дар сатхи мактаби миёна хам пасттар аст ва муаллимони доннишгоҳ инчоро подаинститут мегуянд. Бо хамин пошнаи пасту баланди фарзандони камбағали тоҷик безор карден, худситоҳо! Ба сифати таълим ахамият диҳед.

Агар муалимхо андаке ба демократия нигаранд бояд барои сару либоси онхо ахмият надиханд дар Амрико аз хонаашон бо воситаи интернет имтихон месупоранд дар донишгохои мо бошад донишчу бо пул дар донишгох имтихонашро мегирад кучо шуд ору номуси точики корупсия кучоро нигох мекуна кадом дар мондае аз бонк карз гирифта коро сар мекунад гушнахои корупсия буйро фахмида бо точикстандарт хамон одамро ду барорбар карздор мекунанд.Ба кормандони корупсия инро расонданиям ки гапи хар пулдоро нагире дар оянда худонкунаду коре шавад аввал шуморо аз байн мебардоранд дар ин кор бисёр эхтиёт шудан даркор.Узр укохо

Ben
Ту духтури ё малим! чикордори ки чи мепуша бечора надошта боша ай кчо биёва !савод дошта боша шид! Рузе мешад ки дар ойла бунед куни кордор мешан и духтара нагирен ё вай бачара нагирен ки ...... ! Э монедееее

донишчуйи илмбезор
ин кадар устодони рахмдил. Аз донишчуй пора нагирифта савод талаб кунед. пули ба шумо медодаашро либовори мехарад.
Сурати зебои зохир хеч нест,
Эй бародар сирати зебо биёр.
шумоён дарс медихед ё поча хисоб мекунед ё ................................................................................

......

Маъруф
Як бор мусадиёни хамин донишгохро санчед, худашон ба талабот чавобгу хастанд ё не. Дар ин донишгох аз махбас озод шуда хам вазифадор аст.

Аз кафи по сармо занад агар аз сари луч намезанад?
Бигзорен румол бандан охи... боз сармо назанашон.

Хохиш мекунам хама дарое хонед ва ба чунин "маълимон" посух диханд. Ин ссылка барои муовини декани камсавод ва шахсони монанди у. Аблахист ки бо забони дароз чунин гуфтааст. гуё танхо онхо акл доранду медонанд бокимонда гулу гаранганд.

https://vred-i-polza.ru/node/polezno-ili-vredno-nosit-obuv-na-kablukah/

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)